Маълумоти умумӣ

Ҳамкориҳои  Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хориҷи кишвар дар самти ташкил ва гузаронидани курсҳои такмили ихтисос ва бозомўзии омўзгорон

Донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил  ва хориҷи кишвар муноситбатҳои худро дар асоси Қокуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи донишгоҳ ва дигар санадҳои меъёрӣ ба роҳ мондааст.

Донишгоҳ бо муассисаҳои зерини илмӣ ва таълимии хориҷи дуру наздик шартномаҳои  ҳамкорӣ ба имзо расонидааст:

 

Донишгоҳҳои Ҷумхурии Тоҷикистон:

Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шотемур, Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе, Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ѓафуров, Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратӣ дар шаҳри Хуҷанд, Донишкадаи технологӣ ва инноватсионии Кулоб, Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти геология, сохтмон ва заминҷубии тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Бо донишгоҳҳои хориҷи кишвар:

Донишгоҳи федералии Қазони Федератсияи Русия, Донишгоҳи байниминтақавии иқтисод ва ҳуқуқи Санкт-Петербург, Донишкадаи физика ба номи П.Н. Лебедеви Академияи илмҳои Русия, Донишгоҳи давлатии педагогии Павлодар, Донишгоҳи давлатии Южно-Уральск, Донишгоҳи давлатии Томск, Донишгоҳи давлатии геологии Русия ба номи С.Орджоникидзе, Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русия, Донишгоҳи миллии педагогӣ ба номи М.П. Драгоманова, Донишгоҳи давлатии педагогии Москва, Меморандум оиди ҳамдигарфаҳмии Донишгоҳи Украина, донишгоҳи Буковинский Украина,  Донишгоҳи давлатии Белорус, Донишгоҳи Адямани Туркия, Донишгоҳи озоди Берлин, Китобхонаи виртуалии миллии Амрико,  Донишгоҳи давлатии техникии ба номи И. Разоқоваи Қирѓизистон, Донишгоҳи давлатии Таласи Қирѓизистон, Донишгоҳи давлатии Нарын ба номи С.Нааматова (Қирѓизистон), Донишгоҳи гуманитарии Қирѓизистон ба номи К.Карасаева, Маркази инноватсионии фитотехнологияи Академияи илмии (Қирѓизистон), Донишгоҳи давлатии Казоқистон ба номи Махамбета Утемисова, Академияи миллии маориф ба номи Алтинсаринаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон, Донишгоҳи КИМЕП (Қазоқистон), Донишгоҳи агротехникии  Қазоқистон ба номи С.Сейфуллина, Донишгоҳи Сучава ба номи Штефан Чел Маре (Румыния), Донишгоҳи техникии Дрезден (Олмон), Донишгоҳи Залсбург (Австрия), Донишгоҳи  Русе ба номи Ангел Канчева (Болгария).

Дар панҷ соли охир 50 адад созишнома ва меморандумҳо барои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд. Дар ин муддат бо 14 лоиҳаи байналмилалӣ ҳамкорӣ карда шуда, зиёда аз 100 семинарҳои байналмилалӣ ва конференсияҳо  гузаронида шудааст ва зиёда аз 120 нафар устодони донишгоҳ дар семинарҳо ва лоиҳаҳои байналмилалӣ дар давлатҳои Олмон, ИМА, Хиндустон, Испания, Иордания, Австрия, Қиргизистон, Узбекистон, Казоқистон, Португалия, Болгария, Руминия, Эстония, Туркия ва дигар давлатҳо иштирок намудаанд.

 

Аз рўи барномаи Эрасмус Мундус лоиҳаи gSmart  - (Spatial ICT Infrastructures for Smart Places) Инфрасохтори фазоии  ICT-ҳаракати байналмилалии кредитӣ” (Международная кредитная мобильность 2017-2019) устодони донишгоҳ 14 нафар дар соҳаи магистратура, PhD, бакалавриат ва бозомўзӣ дар донишгоҳҳои Австрия таҳсил намуданд.

 

Илова бар ин мувофиқи ин барнома ҳар сол аз хориҷи кишвар аз тарафи профессорон ва омўзгорон, ба хусус аз Донишгоҳи Залзбург (Австрия) семинарҳо дар бораи «Баланд бардоштани сифати таълим дар соҳаи иншоотҳои гидротехникӣ» дар донишгоҳи мо дар факултети  илмӣ-табиӣ, гурўҳҳои сохтмони гидротехникӣ ва геология гузаронида шудаанд. 

Аз рўи ин  лоиҳа соли 2016 номзади илми биология Содатқадамова Таҳмина дар PhD (Посдок), 2015-2017  Мазамбеков Ширинбек,  Ахмадбеков  Ифтихор, Сабзалиев Тохир ва соли 2018 устоди донишгоҳ муаллими калони кафедраи Сохтмони гидротехникӣ Хуҷаназаров Маҳбуб дар соҳаи магистратура дар Донишгоҳи Залсбурги Австрия таҳсил намуданд.

Ҷадвали 1.  Рўихати омўзгорон ва донишҷўёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев, ки соли 2016-2019 дар хориҷи кишвар аз рўи барномаи Эрасмус +  лоиҳаи gSmart ва ҳаракати байналмилалии кредитӣ таҳсил намуданд

 

 

Ном ва насаб

донишҷў/муаллим

Факултет

Шакли таҳсил

 

Мўҳлат

1

2

Рахимбекова Х.

Ванҷов Ш.

Иқтисод

Иқтисод

Бакалавриат

 

09/2014 02/2015

09/2014 02/2015

3

Содаткадамова Т.

 

Биология

Бозомузии  илмӣ

 

09/2015-07/2016

4.

5.

6.

7.

8.

9.

Қадамов А.

Хусравбекова З.

Шомамадова З.

Содаткадамова М.

Карамхудоев Х.

Назарбекова Р.

Илмӣ-табии

Биология

Биология

Биология

Биология

Илмӣ-табии

Бозомўзӣ

 

Май 2014

Май 2014

Май 2014

Май 2017

Май 2018

Май 2018

10.

11.

12.

13.

14.

Сабзалиев Т.

Мазамбеков Ш.

Ахмадбеков И.

Хуҷаназаров М.

Авзалшоев Н

Математика

Математика

Математика

Илмӣ-табии

Информатика

Магистратура

09/2015-07/2017

09/2015-07/2017

09/2015-07/2017

09/ 2017-07/2108

09/2018-07/2019

 

ҳар сол аз тарафи профессорони Донишгоҳи Залсбург проф. Сабине Хернинг, Гералд Гриесебнер, Гернот Паулус, Стефан Киенбергер, Барбара Риедлер, Райнер Пруллер дар муддати 1 моҳ  дарсҳои амалӣ оиди баланд бардоштани сифати таълим дар соҳаи иншоотҳои гидротехникӣ барои устодони донишгоҳ гузаронида мешаванд. Устодони донишгоҳ соҳиби сертификати байналмилалӣ гардиданд.

Қайд кардан зарур аст, ки бо сабаби паҳн гардидани бемории  Covid-19 дар ҷаҳон роҳҳо байни кишварҳо баста шуданд. Омўзгорон ва донишҷўён ба семинарҳо ва тренингҳо онлайн  гузашта истодаанд. Аз 26 то 29 августи соли 2020 он-лайн семинар доир ба истифода намудани технологияи инноватсионӣ дар ҷараёни дарс барои 100 нафар омўзгорони донишгоҳ аз тарафи Донишгоҳи  Русе (Болгария) гузаронида шуд. Аз моҳи ноябри соли 2020 то моҳи марти соли 2021 он-лайн тренинг доир ба ­­­­Барномаи MOODLE–захираҳои электронӣ барои 110 нафар омўзгор аз тарафи тренерҳои дохилӣ гузаронида мешавад.

Зиёда аз 110 устодони донишгоҳ лексияҳои электронӣ ва видео-лексияҳоро омода намуданд.(http://khogu.tech

Ба гайр аз ин дар доираи барномаи Рушди таҳсилоти олӣ семинарҳо дар режими он-лайн барои 20 устодони факултети биология бо ҷалби экспертҳои донишгоҳҳои ҳамшарик гузаронида шудаанд. 

Дар доираи барномаҳои Донишгоҳи Осиёи Маркази барои устодони факультети илмӣ-табии семинарҳо доир ба истифода намудани таҷҳизоти инноватсионии лабораторӣ дар рафти дарс аз моҳи сентябри соли 2020 то ҳол ҳар ҳафта гузаронида мешаванд.

 

Search