Вторник, 02 марта 2021 08:56

8 - УМИ МАРТ - ИДИ МОДАРОН

Дар ҳамин мавзӯъ дар факултети илмҳои табии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бахшида ба Рӯзи модар дарси намунавии тарбиявӣ баргузор гашт.

Дар дарс муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Таҳмина Содатқадамова, декани факултет Булбулназар Имомназаров ва омӯзгорону донишҷӯёни факултети илмҳои табиӣ иштирок намуданд.

Моҳияти мавзӯъро ассистенти кафедраи фанҳои табиӣ – илмӣ Маърифат Хусравова ба ҳозирин расонда, дар рафти он муҳассилин перомуни асолату рисолати Зан – Модар ашъору андешаҳои ҷолиб аз рӯи гуфтаҳои бузургон баён намуданд.

Зикр гардид, ки Рӯзи модар ҳар сол дар Тоҷикистони биҳиштосоямон бо шаҳомати хосса таҷлил гардида, дар арафаи он бо иқдому ташаббуси Ҳукумати кишвар чорабиниҳои гуногуни ҷамъиятию сиёсӣ доир мешаванд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар яке аз баромадҳои хеш дар бораи бонувон ва модарони тоҷик бараъло нигоштаанд:

“Миллати соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷик дар тӯли асрҳои зиёд доир ба одоби оиладорӣ, муносибатҳои хонаводагӣ ва таълиму тарбияи фарзанд суннату меъёрҳое эҷод кардааст, ки онҳо маҳз тавассути занону модарони арҷманди мо барои наслҳои имрӯзу фардо низ чун мактаби беҳтарини зиндагӣ хизмат мекунанд. Ба ин маънӣ, занону модарони мо нигоҳдорандаву давомдиҳандаи беҳтарин анъанаҳо ва ойинҳои асилу деринаи халқамон, хусусан, дар тарбия кардану ба камол расонидани фарзандони баодобу соҳибмаърифат ва ватандӯсту далер мебошанд”.

Дар фарҷоми дарси намунавӣ – тарбиявӣ барномаи хотирмони фарҳангӣ аз тарафи донишҷӯёни факултет пешкаш гардид.

“Фурӯғи Маърифат”

Таҳти ҳамин унвони дуюми марти соли равон бо ибтикори Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ - педагогии Донишгоҳи давлатии Хоруғ бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” семинари илмӣ - амалӣ баргузор гардид.

Семинарро мудири шуъба, дотсент Р. Шофақирова ҳусни ифтитоҳ бахшида, магистрантони курси дуввум аз рӯи ихтисоси химия дар ҳузури донишҷӯён ва омӯзгорон тариқи усулҳои химиявӣ - муайян кардани моддаҳои хушк бо усули рефриктометрия, витамини С бо усули иодометрия ва нишон додани нитратомерро таҷрибаҳо гузаронданд.

Сипас байни омӯзгорону донишҷӯён ва магистрантон мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.

Дар асоси супориши бевоситаи роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Хоруғ (ДДХ) ба номи Моёншо Назаршоев сӯҳбату вохӯриҳои судманди навбатии гурӯҳи корӣ – тарғиботии донишгоҳ дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии (МТМУ) № 9, 8 ва 6 – и шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо директорону муаллимон ва хатмкунандагони макотиб ба вуқӯъ пайваст.

Ҳайати гурӯҳи корӣ - мудири кафедраи забонҳои шарқ Баҳор Ҷумъаева ва мудири кафедраи забони тоҷикӣ Муслима Броимшоева нахуст дар МТМУ № 9 ба номи Ақризобек Алиназаров бо директори муассисаи таълимӣ Сурайё Бахдавлатова ва 29 нафар хаткунандагони он мулоқот карданд.

Зимни сӯҳбат зикр шуд, ки интихоби дурусти боргоҳи илму маърифат аз ҳар довталаб ҷиддиятро тақозо намуда, баҳри расидан ба ҳадафҳои минбаъда талошҳои зиёд мехоҳад.

Умуман, таъсис ёфтани ДДХ дар ҳаёти маданӣ, маърифатӣ, илмӣ - фарҳангии ВМКБ рӯйдоди фараҳбахшу дорои аҳамияти бузурги сиёсию фарҳангӣ аст ва он дар китоби таърихи илму маориф ва фарҳанги вилоят як санаи навро боз кард. Дар зарфи 28 соли фаъолияташ донишгоҳ бо дастгирии ҳаматарафаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, шахсан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як маркази тавонои илмию таълимӣ ва тарбияи кадрҳои омӯзгорӣ табдил ёфт.

Яке аз вазифаҳои муҳим ин ба нақша даровардани сохтмони бинои ҳозиразамони таълимӣ буд. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳоди мақомоти ҳокимияти давлатии ВМКБ сохтмон ба нақша гирифта шуда, бунёди он бомаром идома дорад.

Барои ҳарчи бештар ҷалб намудани донишҷӯён ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар назди кафедраҳо маҳфилҳои илмии донишҷӯён аз қабили “Ҳуқуқшиносони ҷавон”, “Кишваршиносони ҷавон”, “Нозирони сабз”, “Математикони ҷавон”, “Омӯзгори наврас”, “Лингвистони ҷавон”, “Хониши бадеӣ”, “Гулафшон” ва “Химикони ҷавон” фаъолият менамоянд. Маҳфилҳо корҳои илмии донишҷўёнро мавриди баррасӣ қарор дода, баҳри баланд бардоштани малакаю маҳорат ва ҷаҳонбинии илмии донишҷўён ба хотири иштирок намудан дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ-байналхалқӣ ва идома додани таҳсил дар риштаи магистратура кӯмак мерасонанд.

Мавриди зикр аст, ки суҳбату мулоқоти судманди гурӯҳи корӣ, инчунин дар муассисаи таълимии № 6 ба номи Носири Хусрав, мактаби № 8 ба номи Сайфулло Абдуллоев бо директорони мактабҳо Адолат Назирова, Гулбахт Ғалчабекова ва 44 нафар хатмкунандагон сурат гирифта, дар охир маводҳои тарғиботӣ оид ба фаъолияту имкониятҳои донишгоҳ дастраси хонандагони синфҳои болоӣ шуд.

Чанде қабл гурӯҳи корӣ – таблиғотии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами № 10 ба номи Қудрати Шуғнонии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо директори муассисаи таълимӣ Абдураҳим Бобов, муовини директор Наврӯзшоҳ Мискиншоев ва муаллимону хатмкунандагони он мулоқот намуданд.

Дар аснои сӯҳбат бо хатмкунандагон ҳайати гурӯҳи корӣ - саромӯзгорони донишгоҳ Равшанбек Сарадбеков ва Зебогул Каримова ба таври муфассал оид ба ихтисосҳои мавҷудаи донишгоҳ, талаботи бозори ҷаҳонии меҳнат нисбати тахассусҳо, шароити таҳсил дар ДДХ, озмоишгоҳҳои таълимӣ ва синфхонаҳои компютерию барномаҳои грантии он маълумот пешниҳод намуданд.

Дар баробари ин, бо хатмкунандагон вобаста ба зинаҳои таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фазои ягонаи таълимӣ тариқи усули аврупоӣ, низоми кредитии таҳсилот ва бартарияти он нисбати усули анъанавӣ сӯҳбати судманд гузаронида шуд.

Якуми марти соли равон таҳти роҳбарии ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Гулзорхон Юсуфзода машварати навбатии ректорат доир гардид.

Дар машварат муовинони ректор, масъулини раёсатҳои таълиму кор бо кадрҳо, деканҳои факултетҳо, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва дигар кормандони донишгоҳ иштирок намуданд.

Тибқи рӯзномаи машварат аз рӯи масъалаи якум, рафти дарсҳо дар факултетҳои донишгоҳ ва ёрии методӣ бо омӯзгорони ҷавон деканҳои факултетҳо ахборот доданд.

Оид ба вазъи иҷроиши чорабиниҳои донишгоҳ бахшида ба ҷашнгирии Наврӯзи Аҷам ва Рӯзи бонувон, рафти татбиқи нақшаҳои инфиродии донишҷӯён дар факултетҳо муовини ректор оид ба тарбия Ниёзалӣ Қамбаров маълумоти муфассал дод.

Зимни таҳлили амиқи масъалаҳо доктори илмҳои физикаю математика Г. Юсуфзода ба масъулин дастур дод, ки ба чорабиниҳои илмию маърифатӣ ва фарҳангии дар пешистода, инчунин аттестатсияи кормандону омӯзгорон омодагии комил дида, ба ҳамаи корҳо бо ҷиддияти тамом муносибат кунанд.

Сипас масъалаи ҷорӣ ва дигар қарорҳои дахлдор қабул гаштанд.

Пятница, 26 февраля 2021 09:37

ДЕНЬ ОТКРЫТЫХ ДВЕРЕЙ В ХОГУ

Сегодня, 27 февраля, в Хорогском государственном Университете имени Моёншо Назаршоева прошел День открытых дверей. Для гостей университета работали интерактивные площадки, где представители факультетов демонстрировали школьникам достижения в науке.

С приветственными словами к собравшимся обратился проректор по учебной работе Мамадризо Алимшоев. Он подробно рассказал об истории университета, о направлениях, по которым производится обучение, о материально - технической базе университета и о многом другом.

Так же перед учащимися школ выступили Одинашо Мардов, начальник Управления образования ГБАО и Шахтут Хоников, руководитель НЦТ в области (Национальный центр тестирования при Президенте Республики Таджикистана в ГБАО). Они призвали абитуриентов внимательно изучить правила приема и внимательно отнестись к деталям поступления в вузах.

Ш. Хоников также подробно осветил вопросы, касающиеся льгот, предоставляемых абитуриентам, в первую очередь, рассказав о привилегиях для победителей олимпиады школьников, комплексных олимпиад и о возможностях получения дополнительных баллов.

Традиционно в конференц-зале гости могли ознакомиться с информационными стендами, получить информацию из первых рук от представителей факультетов. Так же гости увидели фильм, посвященный истории Университета. Затем состоялась концертная программа. Далее участники Дня открытых дверей посетили лаборатории и учебные кафедры университета.

Чанде қабл гурӯҳи корӣ – тарғиботии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бо роҳбарии мудири кафедраи филологияи англис Маҳбуб Раҷаббеков ба ҷамоатҳои Тусиёну Қурбоншоҳ Гадолиеви водии Шоҳдараи ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафари корӣ анҷом доданд.

Зимни сафар гурӯҳи корӣ аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии (МТМУ) ноҳияҳо дидан карда, бо директорону омӯзгорон ва хатмкунандагон сӯҳбату вохӯриҳои судманд намуданд.

Дар доираи сафар мулоқоти аввал дар МТМУ № 13  - и деҳаи Лахшики ҷамоати деҳоти Тусиён бо роҳбари муассиса Урусмамадова Г. ва хатмкунандагони мактаб ба вуқӯъ пайваст.

Зикр шуд, ки рушду пешрафти ҳар кишвар пеш аз ҳама аз сатҳи маърифатнокии аҳолӣ ва сифати омода намудани кадрҳои болаёқат ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат вобаста аст. Бинобар ин, давлатҳои пешрафтаю муосир талош бар он доранд, то фаъолияти соҳаи маорифро сифатан беҳтар гардонида, кадрҳои баландихтисосро омода намоянд. Дӯст доштани касбу ҳунар омили муҳими ташаккулёбӣ ва комёбии шахсият асту аз ин ҷиҳат, интихоби донишгоҳ, касби оянда аз муҳимтарин ва пурмасъултарин иқдом дар ҳаёти инсон мебошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар яке аз суханрониҳои худ таъкид кардаанд, ки «Ҳадафу мароми Ҳукумат иборат аз он аст, ки илму дониш дар кишвари мо ба арзишҳои воло табдил ёфта, аз ҷониби олимон, бахусус олимони ҷавон кашфиёту ихтирооти нав ба вуҷуд оянд. Барои илмҳои бунёдӣ пояҳои мустаҳкам гузоштан зарур аст, то ки дастовардҳои илми ватанӣ на танҳо дар хизмати мардуми тоҷик, балки башарият қарор гиранд”.

Мавриди қайд аст, ки силсиламулоқотҳо инчунин дар муассисаҳои № 11 - и деҳаи Бартавдем, № 10 - и деҳаи Тавдем, № 9 – и деҳаи Хидоҷев, № 8 – и деҳаи Риҷист, № 7 – и деҳаи Бодом, № 2 -  и деҳаи Шоди ҷамоати Қурбоншоҳ Гадолиев бо директорони мактабҳо ва омӯзгорону хонандагони синфҳои болоӣ сурат гирифт.

Среда, 24 февраля 2021 08:58

Модар яктост, Тоҷикистон яктост!

Бо ин унвон дар факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ВМКБ ва ҳамкории раёсати донишгоҳ озмуни иншои беҳтарин доир гашт.

Озмун бо ҳадафи боз ҳам баланд бардоштани мақому манзалати зан – модар, таҳкими фаъолияти ҷавондухтарон дар корҳои маърифатию ҷамъиятӣ, сиёсӣ – давлатӣ ва тарбияи наслҳо дар рӯҳияи худшиносӣ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки дар озмун 22 нафар донишчӯёни факултет ширкат намуда, беҳтаринҳо дар ояндаи наздик аз тарафи роҳбарияти ҲХДТ дар вилоят ва раёсати донишгоҳ бо ифтихорномаю мукофоти гуногун қадрдонӣ мешаванд.

Факултети филология

На кафедре русского языка и литературы во главе с руководителем научного студенческого кружка Мамадризохоновой Сабохат прошёл очередной научный студенческий семинар.

С докладами выступили студенты отделения русского языка и литературы Мамадалибекова Джамила (Главная проблематика основных произведений Л.Н.Толстого), Пахлавонова Беджода (Роль определения в художественном тексте) и Зардаков Шукрихудо (Вопрос о выделении и не выделении односоставных предложений в русском языке).

Таҳти ҳамин мавзӯъ дар дар факултети биологияи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бахшида 28 - солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон соати тарбиявӣ доир шуд.

Чорабиниро декани факултет, номзади илмҳои биологӣ, дотсент Мунира Наврузбекова ифтитоҳ намуда, омӯзгорону донишҷуён ва иштирокдоронро ба ифтихори ҷашн табрику шодбош намуд.

Моҳияти мавзӯъро муаллимаи кафедраи биологияи умумӣ Собира Ниёзмамадова барои донишҷӯёни курси 3 – и гурӯҳи биоэкология фаҳмонда қайд кард, ки артиши миллӣ кафолати суботу амнияти миллат ва давлат буда, хизмат дар сафи қувваҳои он боиси ифтихори ҳар як ҷавонмард аст.

Баъди ироаи маърӯзаҳои ҷолиб донишҷӯён шеъру сурудҳоро дар васфи артиш хонда, инчунин саҳначаҳои ҷолибу диданиро пешкаш намуданд.

Мавриди зикр аст, ки соати тарбиявиро муовини декани факултет оид ба тарбия Асрор Симоилбеков ва дигар омӯзгорони факултет бо ҳадафи таҳкими ҳисси ватандӯстии ҷавонон ташкилу баргузор карданд.

Дидоршоҳ Насриддинов, мудири

Шуъбаи кор бо ҷавонони ДДХ

Страница 9 из 122

Search