11 марта 2021 года Представительство Россотрудничества в Таджикистане передало учебники, научные и художественные книги для Русского центра Хорогского государственного университета имени М.Назаршоева.

Ректор Хорогского государственного университета имени М.Назаршоева, профессор Юсуфзода Гулзорхон Амиршох выразил огромную признательность Российскому центру  науки и культуры руководителю Россотрудничества И.С. Иванову и отметил: «Данная литература безусловно окажет неоценимую помощь нашим преподавателям кафедры русского языка, и несомненно, будет интересна и полезна в научной работе студентам, аспирантам, молодым ученым и всем преподавателям нашего университета». Ректор поблагодарил за содействие в формировании библиотечного фонда учебниками, художественными и научными изданиями, и выразил надежду на продолжение сотрудничества.

13 марта 2021 года Университет Центральной Азии в городе Хороге передал книги экономическому факультету Хорогского государственного университета имени Моёншо Назаршоева.

Ректор Хорогского государственного университета имени М.Назаршоева, профессор Юсуфзода Гулзорхон Амиршох выразил огромную признательность Координатору программы «Партнёрство горных университетов» УЦА Мародасейнову А. и отметил: «Эти издания имеют для нас особое значение, поскольку экономическое направление является приоритетным в развитии нашего вуза» и также выразил свою благодарность «за внимание к нашему университету, за тот искренний и глубокий интерес к проблемам вузовской науки».

Дувоздаҳуми марти соли равон дар толори хониши Донишгоҳи давлатии Хоруғ бо ташаббуси факултети таърих ва ҳуқуқи донишгоҳ зери унвони “Паём ва манфиатҳои миллӣ” мизи гирд доир гардид.

Чорабинии сиёсӣ дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» гузашта, дар он муовинони ректор, роҳбарияти факултет ва устодону омӯзгорон иштироку баромад намуданд.

Масъули чорабинӣ ва омӯзгори факултет Мақсуд Ақризоев дар ифтитоҳи он иброз намуд, ки Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат аз бахшу самтҳои  асосӣ иборат буда, ҳар яке аз онҳо ба рушди устувори Тоҷикистон ва таъмини зиндагии шоистаи мардум равона шуданд:

“Соли гузашта, барои тамоми башарият соли вазнин буд. Бӯҳрони ҷаҳоние, ки дар натиҷаи паҳн гардидани бемории сироятии коронавирус ба вуҷуд омад ба ҳолати рушди тамоми соҳаҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсири манфӣ гузошт.

Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз буҳрони ҷаҳонии КОВИД – 19 зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат тавонист, ҳолати рушди иқтисодии давлатро таъмин ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро дар сатҳи зарурӣ нигаҳ дорад”.

Абдулсаид Лутфишоев, ассистенти кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ дар идомаи мизи мудаввар бо мавзӯи “Тадбирҳои Ҳукумати кишвар дар самти пешгирӣ ва мубориза бо КОВИД – 19 дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ” баромад карда, аз ҷумла зикр кард:

“Дар давраи пандемияи умумиҷаҳонӣ дар кишвар барои табобати пурра ва саривақтии шахсони гирифтори бемории сироятии КОВИД – 19 беш аз 30 беморхона бо 7000 кат ва 5400 нафар табибону кормандони тиббӣ сафарбар гардид. Дар 92 муассисаи тиббӣ 16 ҳазор кат омода карда шуд.

 Дар натиҷаи тадбирҳои андешида, новобаста аз вазъи бўҳронӣ Ҳукумати ҷумҳурӣ рушди устувори иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намуда, маҳсулоти озуқа, саноатӣ ва кишоварзӣ афзоиш ёфт.

 Ҳамзамон, бо ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди миллӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ҳам рушди иқтисодиёт таъмин шуда, шаҳрвандон дар дохили кишвар соҳиби ҷойҳои кории доимӣ ва мавсимӣ гардиданд”.

Муаллимаи калони кафедраи таърихи умумӣ Гулчеҳра Карамшоева дар мавзўи “Паёми Пешвои миллат оид ба пешравии соҳаи тандурустӣ” баромад карда гуфт:

Ҳоло дар соҳаи тандурустии кишвар қариб 110 ҳазор нафар кормандон фаъолият мекунанд, ки аз онҳо 75 ҳазор нафарашон табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ буда, беш аз 68 фоизро занон ташкил медиҳанд. Дар соли 2020 аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ барои муассисаҳои тиббӣ дар ҳаҷми қариб 1 миллиард сомонӣ таҷҳизоти зарурӣ, доруворӣ ва маводи муҳофизатӣ харидорӣ гардид.

Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат таваҷҷуҳ ба раванди расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар ва силсилаи ташаббусҳо дар ин самтҳо барои давлат ҳаётан муҳим буда, ҳамаи онҳо мавриди таҳлили ҳамҷониба қарор гирифтанд. Сарвари давлат  зимни ироаи Паёми имсолаи худ низ ба рушди соҳаи саноат ва тақвияти саноатикунонии босуръат кишвар таваҷуҳи хосса зоҳир намуданд”.

Пайрав Мирзоашрафов, номзади илмҳои таърих ва мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик дар мавзӯи худ “Силсилаи ташаббусҳои Пешвои миллат дар самти расидан ба ҳадафҳои стратегӣ” афзуд:

“Пешвои миллат махсус таъкид намуданд, ки имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 600 кон ва 800 зуҳурот кашф ва омӯхта шудааст, ки дорои зиёда аз 60 навъи ашёи хоми маъданиву ғайримаъданӣ мебошад. Соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шуда буд. Танҳо соли 2020–ум 300 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо зиёда аз 6500 ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Ҳамчунин барои рушд ва тақвият додани саноаткунонии кишвар зикр гардид, ки Бо ин мақсад, ҳамасола шумораи донишҷӯён ва мутахассисоне, ки ба муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар барои таҳсил ва такмили ихтисос фиристода мешаванд, ду баробар зиёд карда шавад.

Пешвои миллат дар паёми худ оид ба ин масъала иброз доштанд, ки Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар ҷиҳати ҳалли мушкилоти соҳаи энергетика ва рушди он 34 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 57,2 миллиард сомонӣ амалӣ карда шудааст. Ҳоло дар ин самт боз 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 16,4 миллиард сомонӣ татбиқ гардида истодааст. Ҳоло ба маблағи умумии 11,3 миллиард сомонӣ корҳо оид ба таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд», «Қайроққум» ва дар доираи лоиҳаи «КАСА – 1000» сохтмони хатҳои интиқоли барқи 500 – киловолта ва зеристгоҳҳо идома дошта, бунёди нерӯгоҳи барқи обии «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз гардидааст.

Ҷиҳати сохтмону таҷдиди инфрасохтори нақлиётиву коммуникатсионӣ ва бунёди долонҳои транзитии нақлиётӣ соли равон татбиқи боз 10 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 8 миллиард сомонӣ оғоз мегардад.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешбарандаи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаву созанда эътироф гардида, эътибор пайдо кардааст. Бояд эътироф кард, ки сиёсати хориҷии Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустин дурандешона ва пайгирона ҷараён гирифта, ӯ сарфи назар аз аҳволи мураккаби ҷумҳурӣ бо истифода аз имкониятҳои хориҷӣ роҳи ҳалли мушкилтарин масъалаҳоро пайдо намуд”.

Муаллимаи калони кафедраи таърихи халқи тоҷик Гулноз Занҷирбекова бошад дар мавзўи “Сиёсати хориҷӣ – инъикоскунандаи сиёсати дӯстона ва созандаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ” баромад кард:

“Идомаи муаррифии шоистаи нақшаҳои бунёдкорона, иқдомҳои сулҳҷӯёна ва азму ниятҳои неку созандаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, ҳамчунин, ҳузури фаъоли кишвари мо дар раванди ҳаллу фасли мушкилоти олами муосир аз ҷумлаи ҳадафҳое мебошанд, ки барои расидан ба онҳо минбаъд низ кӯшиш ба харҷ хоҳем дод. Дар ин робита, мо ҳамкориро бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои тахассусии он, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Созмони ҳамкории исломӣ, ҳамчунин, бо шарикони рушд ва ниҳодҳои молиявии байналмилаливу минтақавӣ идома ва густариш медиҳем. Ба шарофати сиёсати «дарҳои кушода», ки ҷавҳари равобити байналмилалии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, мо тавонистем бо аксари давлатҳои дунё муносибатҳои нек ва ҳамкориҳои судманди гуногунҷанбаро дар соҳаҳои мухталиф ба роҳ монда, тақвият бахшем.

Инкишоф ва рушду тақвият додани илму маориф яке аз сиёсатгузориҳои хирадмандона ва арзишманди Сарвари давлат ба шумор меравад. Сол аз сол баҳри пешрафти соҳаи маориф ва илм як қатор тадбирҳо аз ҷониби Ҳукумати кишвар андешида шуданд”.

Насим Мамадсалимов, номзади илмҳои таърих ва муовини декани факутет оид ба таълим оид ба “Рушди илму маориф дар маркази сиёсати Пешвои миллат” чунин ибрози ақида намуд:

“Роҳбарии олии давлат дар самти беҳтар намудани сифати таълим, соҳибмаърифат гардонии саросарии аҳолӣ, рушди илм махсусан илмҳои табииӣ дар кишвар як қатор тадбиру чорабиниҳое роҳандозӣ намудаанд, ки имрӯз шукӯҳи азими натиҷаҳои тадбирҳои судманд мушоҳида мегардад. Соли гузашта дар кишвар 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 63000 ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода супорида шуданд. Умуман, аз соли 1991 то ба имрӯз дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода супорида шудааст.

Бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим дар Паёми соли гузаштаи Президент ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2020 – 2040 «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардиданд. Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад. Ҳоло дар хориҷи кишвар зиёда аз 40 000 нафар донишҷӯ, магистр ва аспирантҳои мо ба таълим фаро гирифта шудаанд. Тавассути стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон», барномаҳои байналмилалӣ ва дигар имконоти мавҷуда таҳсили ҷавонони боистеъдодро дар хориҷи мамлакат вусъат мебахшанд”.

Сипас, Сафармамадова Нуқра, омӯзгори факултет перомуни “Мавқеи баланди занон дар сиёсатгузориҳои Пешвои миллат”, ассистени кафедраи таърихи халқи тоҷик Алихонов Қаландарбек оид ба “Волояти қонун ва амнияти миллӣ дар Паёми Пешвои миллат”, ассистенти кафедраи таърихи халқи тоҷик Абдураҳмонова Нурия вобаста ба “Рушди сайёҳӣ ҳамчун соҳаи афзалиятноки рушди кишвар” ва дигар омӯзгорон дар мавзӯъҳои ”Саҳмгузории ҷавонон дар рушди тамоми соҳаҳо, аз ҷумла варзиш боиси ифтихори ҳама аст”, “Табақаҳои осебпазири ҷомеа аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дастгирӣ меёбанд”,“Тоҷикистон муборизаро бо экстремизму терроризм ҷонноктар менамояд”, “Гувоҳии таърих: тоҷикон фарҳанги қадима доранд” баромад намуданд.

Дар охир декани факултет Лола Назархудоева ба устодону омӯзгорон баҳри иораи мавзӯъҳои пурмӯҳтавои муҳими илмӣ - таҳлилӣ изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуда, дар фаъолиятҳои минбаъда ба ҳозирин барору комёбиҳои навро орзу кард.

Факултети таърих ва ҳуқуқ

Субҳи имрӯз, 13 март, бо иштироки васеи омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ шанбегӣ гузаронида шуд.

Аҳли донишгоҳ гирду атрофи ДДХ ва роҳи марказии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро аз ахлоту партовҳо тоза намуданд.

Мавриди зикр аст, ки шанбегӣ бо иқдоми бевоситаи ректори донишгоҳ, профессор Гулзорхон Юсуфзода ҷиҳати вусъат додани корҳои ободонию тозагӣ ва омодагӣ ба Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ сурат гирифта, дар он 100 нафар иштирок намуданд.

Бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бо иштироки ректори донишгоҳ, профессор Гулзорхон Юсуфзода дарси кушоди намунавӣ – лабораторӣ аз рӯи фанни “Анатомия ва физиологияи одам” дар курси якуми шуъбаи кори тиббӣ – биологӣ баргузор гашт.

Дарси таҷрибавӣ - лабораторӣ дар мавзӯи “Мушоҳида кардани ҳуҷайраҳои хун дар зери заррабин (микроскоп) ва хусусиятҳои биологӣ” бо истифода аз заррабинҳои оптикӣ ва электронӣ гузашта, онро ассистенти кафедраи биологияи умумӣ Ошурмо Абдураҳимова гузаронд.

Дар дарс донишҷӯён оид ба истифодаи васоити оптикию электронӣ маълумоти иловагӣ гирифта, мӯҳтавои мавзӯъро амалан аз худ намуданд.

Ба иттилои Зартогул Хусравбекова, мудири Шуъбаи илм ва инноватсияи донишгоҳ дарси кушоди намунавиро кафедраи биологияи умумӣ ташкилу доир карда, он аз рӯи нақшаи кории кафедра моҳе як маротиба аз тарафи омӯзгорон гузаронида мешавад.

Ҳадаф аз баргузории дарс истифодаи технолияи муосир ва ҷорӣ намудани инноватсия дар раванди таълимии донишгоҳ ва тақвияти дарсҳои таҷрибавию лабораторӣ мебошад.

Дар фарҷоми дарс ректори донишгоҳ Г. Юсуфзода иброз намуд, ки истифода аз усулҳои технологӣ ва воситаҳои муосир дар озмоишгоҳҳои нави донишгоҳ хуб ба роҳ монда шуда, боиси ифтихор аст, ки омӯзгорону донишҷӯён онро дар сатҳи зарурӣ меомӯзанду фаъолиятро пеш мебаранд.

Шуъбаи илм ва инноватсия

Пятница, 05 марта 2021 10:01

Модар – фариштаи рӯи замин

Зери ҳамин мавзӯъ бо ташаббуси факултети биологияи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев дарси тарбиявӣ – намунавӣ доир шуд.

Дар дарс садорату омӯзгорон, донишҷӯёни факултет ва муҳассилини дигар факултетҳои донишгоҳ ҳам иштирок намуданд.

Фирӯза Қаландарбекова, омӯзгори факултети биология мазмуну мӯҳтавои мавзӯъро ба ҳозирин расонда, инчунин муҳассилин оид ба Зан – Модар мавзӯъҳои маърифатӣ -тарбиявӣ, ашъор, созу суруд ва саҳначаҳои ҷолибу диданиро пешкаш намуданд.

Мавриди зикр аст, ки дарси тарбиявӣ - намунавиро муовини декани факултет Асрор Смоилбеков ташкилу баргузор карда, ҳамзамон он аз қисматҳои панду ахлоқӣ низ иборат буд.

Факултети биология

Within WP2.5 Online training on human capacity building in the framework of the UNICAC project from 23-24-25 February 2021 (3 half-day seminars) and 26 February 2021 (1 half-day seminar) under the coordination of Italian partners from UNITO University was conducted the “4th Training Module: EU-Central Asia-China cooperation with special focus on HE”.

The main topics of the training were about: Cross-regional cooperation (framework, programmes, priorities, initiatives, future perspectives). Focus on the partner countries; Role of HEIs in cross-regional cooperation; Links with the New Silk Road, potential and opportunities, research and innovation; Links with the socio-economic challenges in the regions involved;

During four days, KHOGU, represented by specialists from the International Relation Office, actively participated in trainings and workshop. Also Tojigul Mardonova Head of International projects department made a presentation on a topic “The impact of international projects on HEI in case of KHOGU using EU experience”.

Пятница, 05 марта 2021 07:45

Зан - Модар - тарбиятгар

Таҳти ҳамин унвон имрӯз, 6 март, дар толори хониши Донишгоҳи  давлатии Хоруғ бо ибтикори факултети педагогии донишгоҳ ба ифтихори Рўзи Модар конференсияи илмӣ - амалӣ баргузор гашт.

Дар чорабинӣ муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Таҳмина Содатқадамова, декани факултет Шоҳкарим Шоҳзиёев, мудири Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ – педагогӣ Рушонгул Шофақирова, масъули чорабинӣ - номзади илмҳои филологӣ Сайёра Алихонова ва дигар устодону донишҷӯёни факултет иштироку баромад намуданд.

Аз ҷумла, Шофақирова Р. - н.и.ф. оид ба “Нақши таърихии Зан - Модар дар суботи ҷомеа, Алихонова С. - н.и.ф. перомуни “Бузургон андар ситоиши Зан –Модар”, Курбоналиев Н. - омўзгори кафедраи тарбияи ҷисмонӣ оид ба “Саҳми бонувони варзишгар дар тарғиби ҳаёти солим”, Алиназарова М.- саромӯзгори кафедраи биология дар бораи “Мақоми зан дар ҷомеа”, Ғарибмамадова Н.- саромӯзгори кафедраи педагогика ва равоншиносӣ вобаста ба “Нақши бонувон дар пешрафти соҳаи маориф ва илм” маърӯзаҳои пурмӯҳтаворо ироа намуданд.

Инчунин, донишҷӯён Ақдодова Ш., Қосимшоева С. ва Санҷарова К. ашъори гуногунро дар васфи Зан – модар қироат карданд.

“Фурӯғи Маърифат”

Панҷуми марти соли равон бахшида ба Рӯзи Модар дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бо иштироки муовини Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Назира Амирбекзода, намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ВМКБ, раёсату устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Баъди садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниро ректори донишгоҳ – доктори илмҳои физикаю математика, профессор Гулзорхон Юсуфзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, иброз намуд, ки Зан - Модар офаринандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши рўҳу ҷон мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар, ба ин шахсияти беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ўро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд.

“Зан-Модар ҳазорҳо нафар фарзандони бонангу номус, ҷасуру ватандўст, абармардони хирадманду фарзона, сиёсатмадорони номдору фидокор ва номбардори миллатро ба дунё оварда, дар оғўши пурмеҳри худ ба камол расонидааст ва онҳоро дар роҳи хизмат ба халқу Ватан раҳнамоӣ кардааст. Аз ин хотир, дўст доштан, эҳтиром кардан, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати модар расидан қарзи инсонии ҳар як фарзанди бедордил ва бонангу номус мебошад. Таҷрибаи ҳаёт ва таърихи башарият собит месозад, ки дар ҳар кишваре, ки ба модарону бонувон арҷи бештар мегузоранд, аҳолии он осудаву пешрафта мебошад”- гуфт ректори донишгоҳ.

Профессор Г. А. Юсуфзода дар идомаи суханрониаш махсус қайд кард, ки дар сатҳи давлатӣ ва ботантанаву шукўҳи хоса ҷашн гирифтани Рўзи модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди Ҳукумати кишвар, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати модарону занон мебошад.

Назира Амирбекзода, муовини Раиси ВМКБ аз номи муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилоят Ёдгор Файзов ҳозиринро ба муносибати ид табрику шодбош намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки

“Саодату сарфарозии мардум аз тинати поку ҳидояти неки модарон ва заҳмати шоистаи занони сарбаланду нозанини мост. Танҳо зани покгавҳар, нексиришт, ватанпарвар, хушахлоқ ва бомаърифат қодир аст бунёдгари ҷомеаи босаодат бошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саодати рӯзгору ободии диёрро дар Модар мебинанд: «Зан офарандаи нотакрори табиат, асоси саодатмандиву шукуфоӣ ва хулоса, нерӯи пешбарандаи ҷомеа аст. Саодату сарфарозии мардум аз тинати поку ҳидояти неки модарон ва заҳмати шоистаи занони сарбаланду нозанини мост. Танҳо зани покгавҳар, нексиришт, ватанпарвар, хушахлоқ ва бомаърифат қодир аст бунёдгари ҷомеаи босаодат бошад.Бонувони мо собит намудаанд, ки ин рисолати пуршарафро бо сари баланд ба иҷро расонида метавонанд. Офарандаи бахти аҳли башар, файзбахши меҳру вафо – Зан-Модар аст. Ин ҳама бузургиву беназирии Модар аст, ки маҳз дар айёми дӯстиву муҳаббат, фасли нозанини баҳор ва лаҳзаи беҳтарини он Рӯзи Модар таҷлил карда мешавад».

Фарде, ки тарбияи модарро дидаасту аз меҳрубонии ӯ бархӯрдор будааст, умре хушбахтии худро аз меҳри модар меҳисобад", - илова кард Н. Амирбекзода.

 Сипас, ректори донишгоҳ профессор Г. Юсуфзода, намояндаи ҲХДТ дар вилоят ба як қатор бонувони фаъолу барӯманд, арзанда ва кормандону донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ табрикномаи ректори ДДХ, мукофотпулӣ ва дигар тӯҳфаҳои хотиравиро тақдим намуда, барномаи рангини фарҳангӣ анҷомбахши мантиқии чорабинии идона гардид.

“Фурӯғи Маърифат”

Бонувон, модарон ва хоҳарони гиромӣ!

 Модар офаринандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши рўҳу ҷон мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар, ба ин шахсияти беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ўро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд.

Меҳри модари мушфиқу ғамхор барои ҳар як фарзанд аз оғўши гаҳвора оғоз ёфта, ўро то лаҳзаҳои вопасини умр раҳнамоӣ мекунад ва мадору қувват медиҳад. Яъне, бўйи биҳиштии модар ва лаззати шири поку сафедаш аз машоми фарзанд ҳаргиз зудуда намегардад.

Барои ҳамин ҳам Рӯзи модар муборактарин рўз аст ва хизмати фарзанд дар қиёси ранҷу заҳматҳои модар фақат қатрае аз баҳр мемонад.

Зан-Модар ҳазорҳо нафар фарзандони бонангу номус, ҷасуру ватандўст, абармардони хирадманду фарзона, сиёсатмадорони номдору фидокор ва номбардори миллатро ба дунё оварда, дар оғўши пурмеҳри худ ба камол расонидааст ва онҳоро дар роҳи хизмат ба халқу Ватан раҳнамоӣ кардааст.

Аз ин хотир, дўст доштан, эҳтиром кардан, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати модар расидан қарзи инсонии ҳар як фарзанди бедордил ва бонангу номус мебошад. Таҷрибаи ҳаёт ва таърихи башарият собит месозад, ки дар ҳар кишваре, ки ба модарону бонувон арҷи бештар мегузоранд, аҳолии он осудаву пешрафта мебошад.

Дар сатҳи давлатӣ ва ботантанаву шукўҳи хоса чашн гирифтани Рўзи модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди Ҳукумати кишвар, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба модарону занон мебошад. Пешвои муаззами миллат дар яке аз суханрониҳояш баръало гуфтаанд: «Модар ягона мавҷдотест, ки инсон меофарад, ба ў ҳаёт мебахшад, ўро дар оғўши пургарму меҳри худ мепарварад, аввалин суханҳо ва гузоштани нахустин қадамҳоро ба тифлаш ёд медиҳад, фарзанди хешро бо ҳазор нияту орзуҳои нек ба воя мерасонад. Маҳз модар ҳамеша дар талош аст, ки фарзанд солиму бардам ба камол расаду соҳиби донишу илм ва касбу ҳунар гардад ва дар оянда ба ҷомеа хизмати шоиста намояд».

Хушбахтона, дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев зиёда аз 60 фисади омўзгорон ва кормандон занон мебошанд, ки ин эҳтироми хосса ва арҷгузории роҳбарияти донишгоҳ нисбати онҳо мебошад. Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ барои пеш бурдани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ теъдоди зиёди бонувон саҳмгузор буда, аз онҳо 20 нафарашон номзади илм ва як нафар доктори илм мебошанд. Умед дорам, ки Шумо ҳамчун офарандаи зиндагиву зебоӣ, бақои меҳру муҳаббат ва чароғи хонадон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон фаъолона ширкат варзида, ба хотири пешрафти давлатамон рисолати созандагии худро бо садоқату устуворӣ идома медиҳед.

Бо ҳамин умеду орзуҳои нек, Шумо, модарону бонувони азизро бори дигар ба муносибати ҷашни фархунда Рўзи модар табрик гуфта, ба ҳар кадоми Шумо тандурустиву саодатмандӣ ва дар ҳаёти оилавиатон меҳру муҳаббат, бахту иқболи нек ва рўзгори ободу осуда орзу менамоям.

Идатон муборак, бонувону модарони азиз!

Страница 8 из 122

Search