Бо ибтикори факултети иқтисоди Донишгоҳи давлатии Хоруғ (ДДХ) ба номи Моёншо Назаршоев мизи гирд дар мавзӯъҳои “Омилҳои рушд ва монеаҳои соҳибкории хурду миёна дар мисоли ВМКБ» ва «Бекорӣ дар байни ҷавонон дар мисоли шаҳри Хоруғ» баргузор гашт.

Дар кори чорабинӣ муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон -Иматшозода Анвар Иматшо, ректори донишгоҳ - профессор Гулзорхон Юсуфзода ва муовинони ректор, директори Институти илмҳои гуманитарии (ИИГ) ба номи Баҳодур Искандаров-доктори илмҳои филология Ҳокими Қаландариён, намояндагони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ширкатҳои сайёҳӣ ва омӯзгорону кормандони ДДХ иштироку баромад намуданд.

Номзади илмҳои иқтисод ва омӯзгори факултет Шоидарвозова Марзия дар маърӯзаи “Омилҳои рушд ва монеаҳо ба рушди соҳибкории хурд ва миёна дар ВМКБ” зикр кард, ки мавзӯъ асосан барои паст кардани сатҳи бекорӣ миёни ҷавонони маркази вилоят дар асоси тавсияву пешниҳодҳои таҳлилгарон омодаи таҳқиқ гардидааст.

Оид ба мавзӯи “Омилҳои рушд ва монеаҳо ба рушди соҳибкории хурд ва миёна дар ВМКБ” муовини ректор оид ба робитаҳои хориҷӣ, н.и.и. Сайфуллоева Олга маърӯза карда гуфт, ки тадқиқоти олимони факултети иқтисод асосан дар сохтори субъектҳои соҳибкорӣ вобаста ба фаъолияти иқтисодӣ, сохтори тиҷорати хурду миёна дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ, чорводорӣ, хизматрасонӣ, савдо ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияҳои алоҳидаи ВМКБ гузаронида шудааст. Инчунин, таҳлили ҳолат, мушаххасот ва тавсифи мушкилоти асосии рушди соҳибкории хурду миёна дар вилоят марҳила ба марҳила амиқтар мавриди омӯзиш қарор мегирад.

Дар мизи гирд баромаду маърӯзаҳои дигари мубрам ҳам мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд.

Факултети иқтисод

Бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар факултети педагогикаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ маҳфили “Наврӯз – ҷашни ниёгон“доир гашт.

Маҳфил таҳти сарпарастии Сайёра Лутфуллоева, омӯзгори факултет гузаронида шуда, дар он донишҷӯёни курси дуюми бахши таҳсилоти томактабӣ барномаи рангини наврӯзиро пешкаш намуданд.

Муҳасилини факултет таронасароӣ карда, сурудаҳои наврӯзиро суруданд ва хотири ширкаткунандагонро шод намуданд.

Дар фарҷом декани факултет Шозиёев Шоҳкарим донишҷӯӣ курси дуюми бахши таҳсилоти ибтидоӣ Асадбекова Дилфизо, ки дар озмуни “Маликаи Наврӯз” зинаи дуюмро соҳиб гашт, бо ифтихорнома мушарраф намуд.

Факултети педагогика

 

Дар ҳамин мавзӯъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ бо ибтикори кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ дар ҳамкорӣ бо шуъбаи сурдопедагогикаи факултети биологияи донишгоҳ дарси кушоди намунавӣ гузаронида шуд.

Дар дарси кушод муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Таҳмина Содатқадамова, ноиби ректор оид ба тарбия Ниёзалӣ Қамбаров, мудири кафедраи болозикр Қурбоназар Тавуров, муовинони декани факултети биология ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.

Моҳияти мавзӯи “Фарҳанг ва анъанаҳои ҷашни Наврӯз” – ро ба ҳозирин Абдулсаид Лутфишоев, муаллими калони кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ расонид. Қайд шуд, ки Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанину зиндашавии табиат, оғози кишту кор ва айёми баробаршавии шабу рӯз мебошад. Аз нигоҳи ҳисоби ситорашиносӣ Наврӯз рӯзест, ки офтоб ба бурҷи барра (ҳамал) ворид мешавад ва дар ҳамон дақиқаву сония Соли нав фаро мерасад. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ Наврӯзро дар аввали моҳи “Фарвардиняшт”, ки аз рӯи солшумории мелодӣ бо моҳи март рост меояд, ҷашн мегиранд.

Сипас аз тарафи муҳассилини барномаи ҷолиби фарҳангӣ иборат аз созу суруд, рақси миллӣ ва саҳначаҳои гуногун пешкаш гардид.

Кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ,

Шуъбаи сурдопедагогикаи факултети биология

Вторник, 16 марта 2021 12:01

Наврўз - эҳёгари фарҳанг

Зери ҳамин унвон бахшида ба ҷашни Наврўзи байналмилалӣ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бо иштироки ректори донишгоҳ - доктори илмҳои физикаю математика, профессор Гулзорхон Юсуфзода ва директори Институти илмҳои гуманитарии (ИИГ) ба номи Баҳодур Искандаров-доктори илмҳои филология Ҳокими Қаландариён конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гашт.

Профессор Г. Юсуфзода дар ифтитоҳи чорабинии илмӣ иброз намуд, ки дар воқеъ иди Наврӯз дар таҳкими равобити халқҳо дар заминаи эҳтироми ҳамдигар, татбиқи ғояҳои сулҳ нақши бузург мебозад.

“Ҷашни Наврӯз барои боз ҳам наздикшавӣ, меҳру муҳаббат, бунёдкорӣ, зебоипарастӣ, ҳамдигарбахшӣ, меҳанпарастӣ, меҳнатдӯстӣ, дӯстдорӣ, якдигарфаҳмӣ, осудагию осоиштагии ҷаҳониён хизмат мекунад. Наврӯз тантанаи нур, табли сурур, рамзи зиндагист ва алайҳи зулмоту ғалабаи адолат бар ҷаҳолат мебошад.

Ифтихор аз он дорем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти мамалакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста баҳри эҳёи суннатҳои ин ҷашни аҷдодӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

Дар меҳвари сиёсати фарҳангии Пешвои муаззам Наврӯз ҳамчун рукни муҳими худшиносии миллӣ, худогоҳӣ, василаи муҳими пайванди наслҳо, робитаи гузаштаю имрӯз, эҳёи анъанаҳои инсонпарварӣ, дур сохтани кинаҳо, ҳамдигарбахшӣ, рамзи дустӣ ва расидан ба қадри зиндагии хушу хуррам маънидод мешавад”, – афзуд ректори Донишгоҳ.

Доктори илмҳои филология Ҳ. Қаландариён дар баромади худ қайд кард, ки Наврӯз таърихи беш аз 7 000 - сола дорад, аммо он дар доираи як лаҳзаи пайванди инсон ва табиат чарх мезанад.

“Наврӯз он нақшеро, ки 7 000 сол пеш дошта буд, ҳанӯз ҳам ҳамон мақомро дорост. Яъне инсонро ҷузъи табиат донистану табиатро дар ихтиёри инсон вогузоштан аст. Аз ин ҷиҳат, Наврӯзро ҷашни миллӣ ё ҷашни як халқияту миллат ҳисобидан он қадар ҷоиз нест, зеро он ҷашни умумибашарист”- тазаккур дод номбурда.

Дар конференсия Беҳронов Ҷ. – н.и.ф., мудири кафедраи адабиёт ва санъат дар мавзӯи “ Насими боди наврўзӣ дар шеъри Носири Хусрав”, Броимшоева М. н.и.ф., мудири кафедраи забони тоҷикӣ оид ба “Рамзу дуоҳои наврўзӣ”, Раҳматуллоева Г.- н.и.ф. вобаста ба “Инъикоси ойину маросимҳои наврўзӣ дар ҳаёти мардуми бумии Бадахшон”, Муҳаммадшерзодшоев У., ходими илмии шуъбаи таърих, мардумшиносӣ ва бостоншиносии ИИГ оид ба “Фалсафаи Наврўз ва корбандии истилоҳоти маросимӣ дар наврўзи Бадахшон” ва Шакармамадов О., ходими илмии шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшони ИИГ перомуни “Доир ба як русуми Наврўзи Бадахшон” маърӯзаҳои ҷолибро ироа карданд. Баъдан байни ҳозирин табодули афкор сурат гирифт.

“Фурӯғи Маърифат

16 марти соли равон дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Хоруғ  бахшида ба Иди Наврўз озмуни «Маликаи Наврўз» доир гардид.

Озмун бо мақсади ҳифзу эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муайян кардани беҳтарин донишҷӯдухтарони донишгоҳ аз рӯи шартҳои саломнома (худмуаррификунӣ), намоиши либоси миллӣ, шарҳ додани як намуд таоми миллӣ ва тарзи тайёр намудани он, хобондани кӯдак дар гаҳвора ва аллаи модар, иҷрои рақси миллӣ ва нишон додани як намуд ҳунари дастӣ ва шарҳ додани он гузаронида шуд.

Дар озмун аз ҳар факултети донишгоҳ як нафарӣ донишҷў иштироку баромад намуда, аз руйи натиҷаҳои охир, Мамадалибекова Ҷамила –  донишҷўи курси 4-уми факултети забонҳои ҳориҷӣ бо гирифтани 90 хол сазовори ҷойи якум гардид.

Инчунин, Асадбекова Дилафзо - донишҷўи курси дуюми факултети педагогӣ, Меҳмоншоева Дилангез – донишҷўи курси 3 – и факултети филологияи тоҷик бо гирифтани 82 хол зинаи дуюм ва Карамхудоева Шаҳноза - донишҷўи курси 2 - и факултети математика бо гирифтани 79 хол мақоми сеюмро ишғол намуданд.

Бояд гуфт, ки ғолибони озмун дар арафаи Ҷашни Наврўз аз тарафи раёсати донишгоҳ бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадр карда мешаванд.

Дидоршоҳ Насриддинов, мудири Шуъбаи кор бо ҷавонон

26 февраля 2021 года рабочая группа в рамках программы Эразмус+ проекта HiEdTec – Хорогского государственного университета имени М.Назаршоева присутствовали на он-лайн заседании учебно-методического объединения – группы управления проектами по направлениям подготовки кадров с высшим и послевузовским образованием, организованный АО Алматинским технологическим университетом (г. Нур-Султан, Казахстан).

С приветственным словом выступили Кулажанов Талгат Куралбекович, доктор технических наук, профессор, академик НАН РК, председатель УМО-ГУП, ректор Алматинского технологического университета, а также Христо Белоев, доктор технических наук, профессор, член-корреспондент Болгарской академии наук, ректор Русенского университета.

На заседании были преставлены очень интересные презентации профессора Ангела Смрикарова, (PhD, Университет Русе, Болгария), руководителя Центра инновационных образовательных технологий, координатора Болгарского виртуального университета – «Создание устойчивой академической сети - основная задача евразийского проекта HiEdTec». Также были представлены презентации: «Стратегия внедрения концепции адаптации системы высшего и послевузовского образования к цифровому поколению», «Сотрудничество Кыргызского государственного технического университета и научно-академической сети KRENA с целью распространения результатов проекта HiEdTec», «Цифровизация образовательного процесса в Российском экономическом университете имени Г. В. Плеханова», «О рекомендации учебников и учебных пособий к присвоению грифа УМО-ГУП по направлениям подготовки кадров с высшим и послевузовским образованием АО «Алматинский технологический университет».

Отдел международных отношений ХоГУ

Дар факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев семинари илмӣ дар мавзӯи “Вожаҳои динӣ-мифологӣ дар «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ” ва дарси кушоди намунавӣ доир гашт.

Дарси кушод дар мавзӯи “Сифат, дараҷа ва хелҳои он” – ро номзади илмҳои филологӣ Ҳабиба Элназарова барои муҳассилини соли якуми факултет гузаронид. Инчунин, дар дарси кушоди намунавӣ мудирони кафедраҳои забони тоҷикӣ, забонҳои шарқ Муслима Броимшоева ва Баҳор Ҷумъаева иштирок намуданд.

Ҳ. Элназарова зимни ироаи мавзӯи “Вожаҳои динӣ-мифологӣ дар «Шоҳнома»”дар семинари илмӣ иброз намуд, ки «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ яке аз бузургтарин шоҳкориҳои адабии на танҳо халқи тоҷику форс, балки он кайҳо боз шўҳрати умумиҷаҳонӣ пайдо кардааст. «Шоҳнома» дорои хусусиятҳои барҷастаи забонӣ буда, забони асар бою ғанист. Абулқосими Фирдавсӣ бо эҷоди ин асари сатҳи ҷаҳонӣ шўҳрати оламшумул пайдо намуда, чун устоди бузурги назм будани худро собит намуд ва дар инкишофи минбаъдаи забони адабӣ ҳиссаи арзанда гузошт.

Факултети филологияи тоҷик

Понедельник, 15 марта 2021 09:43

Наврўз - ҷашни бостонӣ

15 марти соли равон дар кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Хоруғ бо роҳбарии муаллими калони кафедра Сабзина Шосафоева маҳфили «Забоншиносӣ» бо унвони «Наврўз - ҷашни бостонӣ» гузаронида шуд.

Маҳфил бахшида ба Ҷашни Наврўзи байналмилалӣ гузашта, онро донишҷўи курси якуми факултети филологияи тоҷик Рангина Юнусзода ҳусни ифтитоҳ бахшид. Дар он аъзоёни маҳфил Собирова С. дар мавзўи «Аз таърихи Наврўз», Мамадов Мамад оид ба «Наврўз ҷаҳонӣ шуд», Ҷангибекова Нигора перомуни «Таҳлили лексикии вожаҳо марбут ба ҷашни Наврўз дар забони вахонӣ» маърўзаҳои ҷолибро ироа намуданд.

Инчунин аъзоёни маҳфил Саидтабарзода Шаҳло, Шокимова Соҳиба, Аловатова Рамзигул, Иқболшоева Азиза аз осори шоирони муосири тоҷик бахшида ба ҷашни Наврўз шеърҳоро қироат намуданд. Инчунин, аъзои дигари маҳфил, Назарова Амина шеъри эҷоднамудаи хешро бо унвони «Накҳати Наврўз» қироат кард. Дар охир байни иштирокчиён мубодилаи афкор тариқи саволу ҷавоб сурат гирифт.

Сипас, мудири кафедраи забони тоҷикӣ, дотсент Броимшоева Муслима қайд намуд, ки аъзоёни маҳфили забоншиносӣ фаъолияти хубро нишон доданд, вале бо вуҷуди муваффақиятҳо бояд ба ҷиҳатҳои илмии маърўзаҳо диққати бештар равона намоянд.

Кафедраи забони тоҷикӣ

15 марти соли равон таҳти раёсати ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, профессор Гулзорхон Юсуфзода ҷаласаи навбатии ректорат гузаронида шуд.

Дар кори ҷаласа муовинони ректор, деканҳои факултетҳо, сардори раёсати кор бо кадрҳо, масъулини раёсати таълиму шуъбаи кор бо ҷавонон, муҳосибот ва дигар кормандони сохторҳои донишгоҳ иштирок намуданд.

Аз рӯи масъалаи якум, дида баромадани нақшаи инфиродии омӯзгорон ва иҷрои корҳои илмӣ – тадқиқотӣ дар факултетҳои забони хориҷӣ ва иқтисод муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Таҳмина Содатқадамова ахборот дод.

Зикр гардид, ки ҳайати омӯзгорони факултетҳои болозикр дар самти татбиқи нақшаи инфиродии омӯзгорон ва иҷрои корҳои илмӣ – тадқиқотӣ як қатор корҳоро пиёда намуда, баҳри босифат иҷро кардани онҳо тадбирҳои иловагиро мавриди корбурд қарор медиҳанд.

Дар ин асно ректори донишгоҳ ба муовинону деканҳо дастур дод, ки ҷиҳати омода кардани мақолаҳои илмӣ ва таҳкими корҳо дар ин самт ҳамаи омӯзгорони факултетҳо бояд вазифадор карда шаванд.

Оид ба масъалаи дуюм, вазъи таълим дар зинаи магистратура ва докторантура дар донишгох мудири Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ – педагогӣ, дотсент Рушонгул Шофақирова маълумот пешниҳод намуд.

Дар ин росто профессор Г. Юсуфзода таъкид намуд, ки деканҳои факултетҳоро лозим аст, ки ба масъалаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ – педагогӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин самт дар ҳамкорӣ бо масъулини шуъба кору фаъолиятҳои илмиро боз ҳам тақвият бахшанд.

Сипас, Т. Содатқадамова, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия оид ба рафти омодагӣ ба озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ дар донишгоҳ ахборот пешниҳод кард.

Ректори донишгоҳ ба масъулин супориш дод, ки омодагӣ ба озмуну олимпиадаҳои дарпешистодаро зери назорати қатъӣ гирифта, баҳри таҳкими донишандӯзии муҳассилин ҳамаи талошҳоро ба кор баранд.

Дар охир масъалаи ҷорӣ ва як қатор қарорҳои дахлдор қабул гаштанд.

«Фурӯғи Маърифат»

Воскресенье, 14 марта 2021 09:53

Наврӯз - эҳёгари ҳаёт

Таҳти ҳамин унвон дар факултети педагогии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бахшида ба Ҷашни Наврӯз конференсияи илмӣ - амалӣ доир гардид.

Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Таҳмина Содатқадамова ҳини ифтитоҳи чорабинӣ қайд кард, ки маҳз бо иқдому ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷашни пурфайзи аҷдодии Наврӯз ҷаҳонӣ шуд ва он на фақат оғози зиндашавии табиату кори кишоварзон, балки шурӯъ гаштани ҳамаи корҳои созандагию ободонӣ дар саросари Тоҷикистони азиз мебошад.

Дар конференсия Шоҳзиёев Ш., номзади илмҳои физикаю математика - декани факултет оид ба «Нақши Наврӯз дар илми муосир», Абдулофизова У. перомуни «Наврӯз – ҷашни қадимтарини халқи тоҷик», Алихонова С. - н.и.ф. дар бораи «Наврӯз – рамзи покию ҳамбастагии мардум», Оҷимамадова Р. - омӯзгор вобаста ба «Шарҳи истилоҳоти марбут ба Наврӯз», Курбонамадов Н.- омўзгори кафедраи тарбияи ҷисмонӣ оид ба «Бозиҳои миллии Наврӯзӣ» маърӯзаҳои илмиро ироа намуданд.

Сипас донишҷӯёни факултет Амонбекова Ҳ. ва Раҳмонбекова Ш. дар васфи баҳору Наврӯз шеърҳои баландмазмунро қироат карданд.

Факултети педагогика

Страница 7 из 122

Search