Дар ҳамин мавзӯъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ бо ибтикори кафедраи биоэкология ва туризми факултети биологияи донишгоҳ семинари илмӣ – амалӣ доир гардид.

Мазмуну мӯҳтавои мавзӯъро ба иштирокдорони семинар Гулоро Мамадамонова, саромӯзгори кафедраи биоэкология ва туризм фаҳмонда, дар ҷараёни он миёни омӯзгорони кафедра табодули афкор ба вуқӯъ пайваст.

Зикр гардид, ки истифода аз техникаву технологияи муосир ва ба кор андохтани илму инноватсия дар раванди таълим тақозои замон буда, устодонро лозим аст, то ҳарчи васеътар аз он истифода намоянд.

Ба хотири боз ҳам бештар ҷалб гаштан ба омӯзиши илмҳои замонавӣ, риёзиву дақиқ, табиӣ, ҷалби наврасону чавонон, олимону муҳаққиқон, устодону омӯзгорон бо иқдоми бевоситаи Роҳбарияти Олии кишвар ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронида мешавад. Бинобар ин, аҳли илму маърифат ва наслиҳои ояндасозро лозим аст, ки аз чунин имкониятҳо босамар истифода кунанд.

Кафедраи биоэкология ва туризми ДДХ

30 марти соли равон ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, профессор Гулзорхон Юсуфзода директори ташкилоти ҷамъиятии “Ҷуръат” Cаъдӣ Хушвахтовро ба ҳузур пазируфт.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба густариши равобити ҳамкорӣ дар самти рушди соҳаи маориф ва илм, таҳкиму баргузории чорабиниҳои таълимӣ - маърифатӣ, конференсияҳои илмӣ – амалӣ, викторинаҳо, мусоидат ба таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар курсҳои омӯзишии ташкилот, баррасию фароҳам овардани шароиту имкониятҳо барои бо кор таъмин намудани хатмкунандагони донишгоҳ ва дигар масоилро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки дар партави ҳидояту роҳнамоии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон давра ба давра беҳбуд ёфта, бо мақсади боз ҳам тақвият ёфтани сифати таълим дар солҳои 2020 – 2040, «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардиданду ҷиҳати татбиқи ин ташаббус аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тадбирҳои зарурӣ амалӣ гашта истодаанд.

Сипас “Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ва ташкилоти ҷамъиятии «Ҷуръат»” ба имзо расонида шуд.

Тарафҳо тибқи Ёддошти баимзорасида минбаъд вазифадор мешаванд, ки дар раванди амалисозии Ёддошти болозикр танҳо аз рӯи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ташкилу баргузории чорабиниҳои таълимию маърифатӣ, конференсияҳои илмӣ – амалӣ, мусоидат ба таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар курсҳои омӯзишии ташкилот ва дигар талаботу вазифаҳои он кору фаъолият намоянд.

“Фурӯғи Маърифат”

 

Пятница, 26 марта 2021 08:26

ҚАҲРАМОН

№ 1(115), марти 2021, “Фурӯғи Маърифат

БАҲОРИСТОН

Мақсад ҲУСЕЙНЗОДА

 (Ҳусейнов Муҳаммадалӣ) соли 1974 дар деҳаи Ғуҷовасти ноҳияи Ванҷи ВМКБ таваллуд шудааст. Соли 1994 ба Донишгоҳи давлатии Хоруғ дохил шуда, сипас Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хатм намуд. Ба эъҷоди шеър аз давраи донишҷӯиаш шуғл дорад.

(Ба ёди шодравон Шириншоҳ Шоҳтемур – Қаҳрамони Тоҷикистон)

Ки аз қаҳрамон аст ин достон,

Зи ман бошадаш ҳадяю армуғон.

Ҳаме қаҳрамонони ин марзу бум,

Ба роҳи Ватан гаштаанд ғарқи хун.

Ки то Тоҷикистон бисозанд ҳаме,

Раҳонанд варо ҳам зи ҳар найраме.

Ҷаҳоне бисозанд чу бо фарру ҳӣ,

Хабар доштанд аз Ватан, огаҳӣ.

Дили хастаеро мунаввар кунанд,

Ватанро чу он моҳу ахтар кунанд.

Ба он суннати неки Сомониён,

Диле доштандӣ ҳаме бегумон.

Ватан он ҳамон ганҷу ҳам хостаст,

Чу ганҷ аст ҳаме, ганҷи ноёфтаст.

Ватан ҳамон он Тоҷикистони мост,

Ки ӯ дар ҷаҳон дину имони мост.

Ки бе қаҳрамон кай биёбӣ зафар?

Чу ӯ марди созанда аст, эй писар!

Ба олам ҳаме бахти хандони мост,

Ки он қаҳрамон дар раги ҷони мост.

Ба сӯи зафар рав, чу ӯ роҳ гир!

Чунин аст он дарси равшанзамир.

Пятница, 26 марта 2021 08:20

МАРҲАБО, БАҲОР!

№ 1(115), марти 2021, “Фурӯғи Маърифат

БАҲОРИСТОН

Биё, ки мо интизори омадани туем. Биё, дўсти ҷонии ман! Биё, ки мо беқарору бозинтизори омаданат ҳастем. Бо тамоми ҳастият туро дўст медорам. Аз омаданат чашмҳо пурнур, дилҳо кушод ва дар лабҳо ханда ҳувайдо мешавад. Баҳор фасли шодиҳо, хуррамиҳо ва сарсабзиҳост. Фаслест, ки тамоми мавҷудоти зинда аз нав ҷон мегиранд. Тамоми он хунукиҳову он сардиҳое, ки дар зимистон буд, ин фасли зебои сол онҳоро бо гармиву хубиаш мағлуб мекунад, яъне пирўзии нур бар зулмот, гармӣ бар хунукӣ ва некӣ бар бадист. Баҳори оғозбахши кор, нерӯбахши одамон ва сафобахши дидагонӣ. Аҷаб фасли дилороӣ баҳор. Фасли шукуфтанҳову рўйданҳо, фасли гулгулшукуфиву сарсабзиҳо, фасли орзуҳову ормонҳо.

Биё, ман ошиқи туям, нозанини ман ҳастӣ. Биё, ки аз омаданат ҳар инсу ҷинс аз нав ҷон мегирад. Фасле ҳастӣ, ки қаҳриҳоро ошно, дуриҳоро наздик ва дар хоб рафтагиҳоро бедор менамоӣ. Ҳеҷ ёдат меояд? Вақте ки кӯдак будам, парвои оламро надоштам. Рўйи сабзаҳои махмалинат ғел мезадам, медавидам, метохтам, меболидам, менозидам. Бунафшаҳои муаттаратро бўй мекардам, аз бўяшон сер намешудам.

Баҳор, бо садои булбулонат, бо навои обшоронат, бо баландии куҳсоронат, бо ҳавову бўйи гулу чаманистон дили касро ба худат тасхир менамоӣ. Фикр мекунам, баҳорро кулли инсонҳо бо як дилгармӣ, бо як фараҳмандӣ, бо як меҳру муҳаббат, бо як самимият ва бо як беқарории бепоён пазмон мешаванд.

Биё, бо чодари сабзат тамоми рўйи оламро оро деҳ. Аз ҳузурат чаманистони дилам дар худ гулҳои хушбўву муаттарро дар вуҷудаш парвариш менамояд. Хуллас, туро кулли башарият бо буду набудат дўст медораду бароят сари таъзим фуруд меоварад.

Пас, марҳамат, баҳористон! Биё, марҳабо!

Фариза Қодирова, донишҷӯи соли 3 - и бахши

рӯзноманигории факултети филологияи тоҷик

Пятница, 26 марта 2021 08:11

ДАР ОРЗУИ ПАДАР

№ 1(115), марти 2021, “Фурӯғи Маърифат

ВОДИИ ДИЛҲО

Эй падарҷон хоки поят мешавам,

Вақти пирӣ ман асоят мешавам.

Падар! Вақте ки калимаи падарро ба забон мегирам, дар нигоҳам чароғе равшан мешавад, ки гӯё вуҷудамро рушноӣ фаро мегирад. Мудоме ки номи падарро мегиранд, пеши назарам тамоми хушиҳову меҳрубониҳои падарам ҷилвагар мешавад. Фарзанд бидуни падар хеҷ аст. Агар дунё ба тамоми бадиву некиҳояш менозад, зиндагӣ бошад ба пастиву баландиаш ва фарзанд ба қиблагоҳи худаш, яъне падар.

Падар ин шаҳсутуни хона буда, соябони сари фарзанд аст. Дуои неки падар барои фарзандаш мисли як тӯшаест, ки дар тамоми сахтиҳо ва мушкилиҳои ҳаёт ӯро мададрасон мешавад. Қуввати ҷони ҳар як фарзанд падар аст. Падар шахсест, ки тавассути амалҳои некаш барои фарзанди хеш дарси ҳаётро ёд медиҳад. Зеби осмон моҳу ситора, зеби замин сабза асту зеби дарё об, аммо зеби хонадон падар мебошад.

Он кас, ки маро руҳу равон буд, падарам буд,

Он кас, ки маро фахри замон буд, падарам буд.

Афсӯс, ки рафт аз сарам он сояи раҳмат,

Он кас, ки бароям нигарон буд, падарам буд.

Рафт қиблагоҳе, ки ҳеҷ интизор надоштем, ӯро аз даст медиҳем, рафт падаре, ки ҳамеша дар хона интизораш будем, чӣ қадар дарднок асту ҳатто тасаввур ҳам кардан наметавонам, ки ин шаҳчароғи зиндагиро аз даст медиҳам...Рафт падаре, ки хамеша дар хона интизораш будем. Падар, оё боре ҳам фикр мекардӣ, ки вақте моро тарк менамоӣ, чӣ қадар шохаҳои ниҳоли хонадони мо кам мешаванд.

Медонӣ Падарҷон, вақте дар назди дӯстонам мегуфтам, падарам маро дар хона интизор аст, чӣ қадар хушбахтӣ буд. Оё медонӣ, ки вақте маро духтарҷонам мегуфтӣ, чӣ қадар хурсанд будам, ки қиблагоҳ дорам.Ту беҳтарин падар будӣ, дар зиндагиамон. Падарҷон, медонӣ вақте дӯстонам падар гуфта, садо мекунанд, чӣ қадар месӯзаму ёдат мекунам. Пазмонат шудам, падарҷон! Он рӯзе, ки мегуфтӣ духтарам хон, падар аллакай ба воя расидаму донишҷӯ шудам, вале афсӯс, вақте дари хонаро мекушоям мебинам, ки қиблагоҳи хонадонам нест. Оё медонӣ чӣ қадар дӯст медорам, вақте аз дар дарояму Падарҷонам маро садо кунад, биё духтарам!

Зиндагӣ зебост, аммо бидуни ту падарҷон бароям ҳеҷ маъние надорад. Падар, оё медонӣ, чӣ қадар Модарам бароят месӯзад, вале худашро намоён намекунад, ки чӣ қадар пазмони дидорат аст.

Вале афсӯс, ки ту дигар бар намегардӣ.Чун хурд будам, ҳамеша бо ту бозӣ мекардам, чаро падар бар мо раҳм накардӣ, ҳатто боре фикр кардӣ, ки вакте ман мемира, фарзандонамро, ки нигохубин мекунад. Ту шамъи хонадон будӣ, вақте хона торик буд, аз дари хонае, ки медаромадӣ хонаро равшанӣ фаро мегирифт. Ту сутуни хонадон будӣ! Падар, вақте ту рафтӣ, дунё бароям торик гашт, зиндагии пурпечутоб дигар бароям маънӣ надорад. Қоматам хам гашт, вале шукрона ба даргоҳи Худо мекунам, ки Модарро дорам, вақте хоҳарам падарам дар куҷост гуфта, садо мекард, гӯё дунёро торикӣ фаро мегирад. Бихоб, дар ҷаннате, ки рафтӣ он ҷо. Рӯҳат шод бод падарҷон, хонаи охиратат равшан!

Оре, падару модар шаҳсутуни хонадон мебошанд. Ҳар шахсе, ки падару модараш дар канораш ҳастанд, бояд кадрашонро донист, чунки дар ин дунё ҳама чизро меёбӣ, ба ҷуз падару модар. Фарзандоне ҳастанд, ки падару модарашон дар канорашон, вале ба қадрашон намерасанд. Замоне фаро мерасад, ки падару модарашон ин дунёро падрӯд гуфта, ҳамон лаҳза ба қадрашон мерасанд. Чуноне ки бузургон гуфтаанд, “Пушаймонӣ надорад оқибат суд”. Духтарон он лаҳза худро хушбахт ҳис мекунанд, ки падарашон дар канорашон ҳаст. Падар барои духтар як такягоҳе аст ва замоне ки падар аз дунё мегузарад, он замон  худро мисли шишае, ки мешканаду пайванд кардани он ғайри имкон аст, тасаввур менамоӣ. Фарзандае ки падару модар дорад, хушбахтарин кас дар ҷахон ҳаст .

Ҳама кас бо молу сарвату пулашон зиндаанд, вале ман бо хотираҳои дилангези падарам зиндаам. Хуллас, падар ганҷест, ки дар рӯи ҷахон як бор ҳасту халос. Падар сутуни ҳар як хонадон аст, бе падар зиндагӣ мушкилгузар аст. Ҳар шахс мехоҳад, ки зиндагиаш ба мисли мавҷҳои дарё орому мавҷнок гузарад, вале афсӯс  зиндагӣ гузаргоҳи дигар дорад. Сад афсӯс, ки Падарам дар барам нест...

Саодат РАҲМОНОВА, донишҷӯи соли 3 - и бахши

рӯзноманигории факултети филологияи тоҷик

Пятница, 26 марта 2021 07:56

ТАҲСИЛ ДАР БОМИ ҶАҲОН

№ 1(115), марти 2021, “Фурӯғи Маърифат

АЗ ҲАЁТИ ДОНИШҶӮЁН

Вақте ки соли 2017 тибқи квотаи Президентӣ аз рӯи ихтисоси Забони англисӣ ба Донишгоҳи давлатии Хоруғ (ДДХ) ба номи академик Моёншо Назаршоев дохил шудам, рости дар аввал намехостам ба ин донишгоҳ биёям ва таҳсил намоям. Сабабҳо зиёд буданд, дурии роҳ, Помири хунуку кӯҳҳои баланд, забону тамаддуни дигар ва даҳҳо сабабҳои дигар, ки ба назарам садди роҳ мешуданд.

 Хушбахтона, ба насиҳатҳои омӯзгорону волидон гӯш кардам ва ҳуҷҷатҳоямро супурдаму фаҳмидам, ки аз интихоби ДДХ хато накардам ва айни ҳол дар курси чоруми факултети забонҳои хориҷии донишгоҳ таҳсил мекунам.

Замоне ки курси якум будам дарк кардам, ки дар донишгоҳ толибилмону таълимдиҳандагон дорои дараҷаи баланди донишу маърифат ҳастанд. Ҳар мушкилие, ки дар рӯзҳои аввали таҳсил доштам, ҳамкурсону омӯзгоронам пайхас мекарданду ёрӣ мерасонданд. Бачаҳое ки аз дигар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ё берун аз он ба донишгоҳ дохил мешаванд, аз ҷониби роҳбарияти ДДХ бо хобгоҳҳои замонавӣ ва дигар шароитҳои зарурӣ таъмин мегарданд.

Банда дар хобгоҳ бо ҳамсолони худ аз тамоми манотиқи кишвар, аз ҷумла Суғду Хатлон то Ғарму Мурғоб ва ҳатто аз ҳамсоякишвари Ҷумҳурии исломии Афғонистон дӯстони зиёд пайдо кардам. Ҳамкурсоне ки хонаҳояшон дар наздикии шаҳр аст, охири ҳафта даъват мекарданд, то ҳамроҳии онҳо ба хонаҳояшон равем. Корҳои илмие, ки аз ҷониби профессорону докторони илму номзади илмҳо ба мо дода мешуд, бо кӯмаку фаҳмондадиҳии ҳамкурсони лаёқатмандам ҳар чӣ зудтар месупоридам. Ин робитаи зич бо ҳамкурсон буд, ки донандаи хуби забони шуғнӣ ҳам шудам.

Дар факултет омӯзгоронро он шахсоне ташкил медиҳанд, ки ҳадди ақал донандаи хуби ду забони хориҷӣ ва ё таҳсили дуввумро дар давлати хориҷа гирифтаанд. Дар бораи саводи илмии доштаашон, ҳаминро гуфта метавонам, ки дастпарварону омӯзгорони ДДХ дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмиллалӣ иштирок карда, соҳиби ҷойҳои намоён мегарданд. Қариб тамоми дарсҳоро бо истифода аз методҳои нави таълим, соддаву осонфаҳм ва технологияи муосири таълимӣ мегузаронанд, ки барои илмомӯзии донишҷӯён хело ҳам мувофиқ аст.

Чун донишгоҳ дар маркази маъмурии ВМКБ, шаҳри Хоруғ ҷойгир шудааст, дар муқоиса бо шаҳрҳои Хуҷанду Бохтару Душанбе шаҳрест хело ҳам хурду кучак. Шаҳри хурд дар навбати худ аҳолии кам дораду кариб ҳама якдигарро мешиносанд. Ин аст, ки меҳру муҳаббат дар ин ҷо дигар хел аст. Онро бо тамоми гармиаш метавон эҳсос кард. Ҳар боре, ки бозор барои харидории маҳсулот меравему фурӯшандаҳо пай мебаранд, ки донишҷӯ ҳастем, ягон намуд маҳсулоти хӯрокаро ҳатман ҳадя мекунанд.

Ногуфта намонад, ки таҳсил дар “Боми Ҷаҳон” аз ҷиҳати буҷавӣ низ нисбати дигар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ арзонтар аст. Яъне ба буҷаи оилавӣ низ то андозае таъсири мусбии худро мерасонад. Чунки шаҳр ҷойҳои дилхушиву барои беҳуда вақтгузаронӣ қариб, ки надорад. Ҳамагӣ як боғи фарҳангиву фароғатӣ – Чорбоғ дорад, ки он ҳам начандон калон, вале хело ҳам тозаву озода ва макони хуб барои истироҳат бо дӯстон, тайёр кардани вазифаи хонагӣ дар ҳавои кушод мебошад. Илова бар ин, тӯли чаҳор соли таҳсил дар Бадахшон, дар ҳамин донишгоҳ ба ягон омӯзгор барои имтиҳонҳои аз як семестр ба семестри дигар ва ё аз як курс ба курси дигар гузаштан маблағ ҷамъ накардаем. Ин ҳама поквиҷдониву боинсофиву ростқавлии ин мардуми дар оғӯши кӯҳҳои сарбаафлоккашидаро нишон медиҳад.

Билохира, омӯхтани илм дар Боми Ҷаҳон ба муҳассилин имконият медиҳад, ки дӯстони зиёд пайдо карда, аз фарҳанги намояндагони гуногун ҷумҳурӣ бохабар шаванд, шеваю лаҳҷаҳои ҳархеларо азхуд карда, забонҳои помириро ёд гиранду то андозае ба буҷаи оила ҳам  ёрӣ расонанд ва аз ҳама муҳимаш мутахассисони соҳибмаълумоти соҳаву касби худ гарданд.

Даврон БОБОМУРАТОВ, донишҷӯи

соли 4-и факултети забонҳои хориҷӣ,

 раиси созмони ҷавонони факултет

№ 1(115), марти 2021, "Фурӯғи Маърифат"

АЗ ҲАЁТИ ДОНИШҶӮЁН

Воқеан чӣ қадар душвору дардовар аст, вақте ки чизеро танҳо аз даҳони мардум мешунавию ҳақиқати ҳолро тамоман намедонӣ. Банда баъди хатми мактаби миёна тибқи квотаи президентӣ ба Донишгоҳи давлатии Хоруғ роҳ ёфта, нахуст чунин ҳиссиёте маро фаро гирифт, ки гӯё худамро бо дастонам сӯзондаам.

Зеро суханҳои атрофиён маро ором намегузоштанд. Баъзеҳо ҳатто таъкид ҳам карданд, ки “Бародар, Помир марав! Ҷойи хатарнок асту зинда нахоҳӣ баргашт”. Гарчанде дар аввал ин ҳарфҳо бароям даҳшатнок буданду тарсу ҳарос маро фаро гирифт, вале умеди рафтан ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ҳамеша дар дил парварида, ниҳоят ба мақсад расидам.

Албатта, кабл аз сафар ба вилоят бо наздикону пайвандон, рафиқони дуру наздик самимона хайрухуш карда рафтам ва фикре дар сар доштам, ки наход ин дидори вопасини бо онҳо бошад...

Ҳамин тавр, ба сафар баромадам. Дар роҳ ҳамсафаронам, ки зодагони Бадахшон буданд, байни худ бо забони маҳаллӣ сӯҳбат мекарданду гуфтугӯии онҳо бароям аҷиб менамуд. Аз байн соатҳо гузашт, билохира ба маркази вилоят, шаҳри Хоруғ расидем ва худам шабро дар меҳмонхона сипарӣ намудам.

Вақте ки субҳ бедор шудаму берун назар кардам, нигоҳам ба кӯҳҳои сарбафалаккашида афтод ва инчунин ҳавои фораме ба машомам расид. Сипас аз меҳмонхона баромада, аз ронандае хоҳиш намудам, то маро ба Донишгоҳи давлатии Хоруғ расонад. Ҳуҷҷатҳои худро ба донишгоҳ супорида, баъди чанд рӯз дарс оғоз шуд.

Рӯзи аввал бо муаллимон, роҳбари гурӯҳу ҳамкурсони худ шинос шудам. Вале ҳарфҳое, ки қаблан дар зодгоҳам аз атрофиён шунида будам, то ин ид дам ҳам маро ором намегузоштанд, фикр мекардам дар иҳотаи сангдилон қарор дорам.

Аз миён рӯз, ҳафта, моҳу солҳо гузашт. Рафта – рафта миёну муҳассилини донишгоҳ ва ҷавонони вилоят дӯстони зиёде пайдо кардам.

Модарам бошад ҳар лаҳза ба ман занг зада, аз ҳолам бохабар мешуд. Зеро шабу рӯз дар ташвиши банда буд. Агарчи ҳар бор ба ӯ фаҳмондаму мегуфтам, ки ҳолам хуб ҳаст, вале модар ҳанӯз ҳам хавотир буд.

Баъд аз як сол ба хона баргашта, наздикону пайвандон ба дидани ман омаданд. Алабатта, қаблан ҳамаи онҳо чӣ гуна будани мардуми Бадахшонро пурсон шуданд. Саргузаштро ба хешовандон нақл карда, суратҳои хотиравии дар вилоят аккосикарда бо ҳамкурсону дӯстонам ба онҳо нишон додам. Баъдан назари наздиконам оид ба муносибати сокинони вилоят ба атрофиён дигар шуд ва қариб ҳамаи онҳо орзуи тамошои Бадахшонро мекарданд.

Модарамро тасаллӣ дода гуфтам, ки дигар дар ташвиши банда набошад. Зеро дар Хоруғ омӯзгорону донишҷӯёни ғамхор дорему дар ҳолатҳои зарурӣ ёрирасони камина ҳастанд. Баъди чанд вақт бо дуои хайри фариштаи заминиам - Модар боз ба Хоруғ баргаштам.

Инак, чаҳор сол мешавад, ки дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ таҳсил дораму дилбастаи он шудам. Инчунин, зиндагӣ кардан дар фазои тозаю ороми кӯҳистон бароям хуш аст.

Бояд гуфт, ки сокинони ВМКБ бемуболиға инсонпарвару меҳмондӯстанд. Шояд дар ҷойе беинтизому авбош ё ҷинояткоре бошаду банда дарак надорад, лекин аз рӯи як нафар ҳамаро баҳо додан иштибоҳи бузург аст. Зимнан, масали машҳури «Шунидан кай бувад монанди дидан» бар тақвияти маънои боло далолат мекунад. Лозим аст, ки дигарон ҳам ба Бадахшон ташриф оварда, ҳамаро аз наздик бо дидаи ҳақиқатбин санҷанду баъдан хулоса кунанд.

Шукрихудо Қурбонов, донишҷўи соли 4 - и

факултети забонҳои хориҷӣ, ноҳияи Нуробод

19 марти соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ (ДДХ) ба номи Моёншо Назаршоев ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ доктори илмҳои физикаю математика, профессор Юсуфзода Гулзорхон Амиршоҳ, намояндагони дастгоҳи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшону Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ, муовинони ректори ДДХ, деканҳои факултетҳо, омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.

Баъди боздид аз намоиши наврӯзӣ, дастовардҳои факултету таомҳои миллӣ ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ Г. Юсуфзода дар ифтитоҳи чорабинии идона қайд кард, ки бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврўз ҷаҳонӣ гардиду ҳоло ин ҷашни бузург дар кишварҳои олам бо як шукўҳи шаҳомати хосса таҷлил мешавад.

Ин бахту саодат ва иқболи миллати куҳанбунёди мост, ки Наврўз ба мақоми баланди ҷаҳонӣ расид. Донишгоҳи давлатии Хоруғ давраи аз Наврўз то Наврўз ба дастовардҳои навин ноил шуда, минбаъд ҳам итминон аст, ки аҳли донишгоҳ дар таълиму тарбияи насли ҷавон, баҳри расидан ба қуллаҳои баланди илмӣ ва рушду нумўи кишвари азизамон саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

Мо имрўз Наврӯзи оламафрӯзро бо пирӯзиҳои нав ба нав истиқбол намуда, аз оромию субот ва шароити мусоиди таҳсил дар донишгоҳ шукргузорӣ менамоем. Барои омӯзгорону донишҷӯёни ин боргоҳи илму маърифат пирӯзиҳои чашмгиреро дар самти фаъолияти омӯзгорӣ ва донишандӯзӣ хоҳонем”, - иброз намуд профессор Г. Юсуфзода.

Мавриди зикр аст, ки дар чорабинии идона як қатор омӯзгорону кормандони донишгоҳ баҳри фаъолияти пурсамар бо ифтихорномаи ректори донишгоҳ ва инчунин сертификати байналмилалии Барномаи Эрасмус + “Таҳкими иқтидор дар таҳсилоти олӣ” қадрдонӣ шуданд.

Қисмати чорабинии фарҳангиро муовини декани факултети биологияи Донишгоҳи давлатии Хоруғ Суҳайло Давлатбекова таҳияву ташкил намуда, дар фарҷоми он барномаи рангину хотирмони консертӣ аз тарафи муҳассилини донишгоҳ пешкаши ҳозирин гардид.

Ҷамшед Заргаров,

Асрор Симоилбеков,

Дидоршоҳ Насриддинов.

 

 

Таманниёти ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Юсуфзода Гулзорхон Амиршоҳ ба муносибати Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ

Ҳамдиёрон, омӯзгорон ва шогирдони азиз!

Наврӯзи бостонӣ, ки хусусияти барҷастаи он хурсандии хурду бузург мебошад, барои мардуми тоҷик бузургтарин ва азизтарин иди таърихӣ ба шумор рафта, аз замонҳои қадим дар саросари мамлакатҳои шарқ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардид. Он ҳамчун қадимтарин суннати таърихӣ ва зеботарин ҷашни мардумӣ дар натиҷаи талоши фарзандони фарзонаи миллати тоҷик поку беолоиш ва бегазанд ба насли имрўз расида, ҳамчун нишонгари сулҳу оромӣ, пиндору гуфтор ва кирдори нек, дўстиву ҳамраъйии халқҳо хизмат менамояд ва моро ба сўи фардои дурахшон, рўзгори орому осуда ва зиндагии арзанда роҳнамоӣ менамояд.

Мо аз рисолаву осори бахшида ба Наврӯз ва наврӯзномаҳои сершумори гузаштагонамон  хуб медонем, ки ниёгони мо ҳанӯз  аз замони шоҳ Ҷамшеди бузургу  хирадманд ин ҷашнро  ҳамчун  рамзи  пайванди  ногусастанӣ миёни табиат ва инсон, айёми покиву сафо, муҳаббату дӯстӣ, эҳсону сахо ва бахшишу самимият бо шукӯҳу  ҷалоли хоса таҷлил мекарданд. Зеро он нахустрӯзи офариниши баҳор, рӯйидани сабзаву ҷон гирифтани рӯдҳо, шукуфтани гулҳо ва зинда шудани умеду орзуҳо дар дили инсонҳо ва муҳимтар аз ҳама ба лаҳзаҳои баробар шудани шабу рӯз рост меояд. Яъне Наврӯз оғози соли нав ва ибтидои тақвими нав мебошад.

Наврӯзро ҳамчун рамзи бузургии фарҳанги мардуми ориёинажод ҳисобидан равост, ки нақши худро дар таърихи тамаддуни башарият гузоштааст. Мардумони дигар қавму нажод ҳам онро барои зебоӣ, пурмазмун будан ва мувофиқ омаданаш ба тарзи зиндагӣ ва маънои фалсафиаш пазируфтаанд.

Дар воқеъ иди Наврӯз дар таҳкими равобити халқҳо дар заминаи эҳтироми ҳамдигар, татбиқи ғояҳои сулҳ нақши бузург мебозад. Ҷашни Наврӯз барои боз ҳам наздикшавӣ, меҳру муҳаббат, бунёдкорӣ, зебоипарастӣ, ҳамдигарбахшӣ, меҳанпарастӣ, меҳнатдӯстӣ, дӯстдорӣ, якдигарфаҳмӣ, осудагию осоиштагии ҷаҳониён хизмат мекунад. Наврӯз тантанаи нур, табли сурур, рамзи зиндагист ва алайҳи зулмоту ғалабаи адолат бар ҷаҳолат мебошад.

Ифтихор аз он дорем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти мамалакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста баҳри эҳёи суннатҳои ин ҷашни аҷдодӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Дар меҳвари сиёсати фарҳангии Пешвои муаззам Наврӯз ҳамчун рукни муҳими худшиносии миллӣ, худогоҳӣ, василаи муҳими пайванди наслҳо, робитаи гузаштаю имрӯз, эҳёи анъанаҳои инсонпарварӣ, дур сохтани кинаҳо, ҳамдигарбахшӣ, рамзи дустӣ ва расидан ба қадри зиндагии хушу хуррам маънидод мешавад.

Ин аст, ки бо ташаббуси бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврўз ҷаҳонӣ гашт. Яъне минбаъд Наврўзи аҷам дар тамоми кишварҳои олам бо як шукўҳи шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. Ин бахту саодат иқболи миллати куҳанбунёди мост, ки Наврўз ба мақоми баланди ҷаҳонӣ расид.

Донишгоҳи давлатии Хоруғ давраи аз Наврўз то Наврўз ба дастовардҳои навин ноил шуда, минбаъд ҳам итминони комил дорам, ки аҳли донишгоҳ дар таълиму тарбияи насли ҷавон, баҳри расидан ба қуллаҳои баланди илмӣ ва рушду нумўи кишвари азизамон саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

Мо имрўз Наврӯзи оламафрӯзро бо пирӯзиҳои нав ба нав истиқбол намуда, аз оромию субот ва шароити мусоиди таҳсил дар донишгоҳ шукргузорӣ менамоем. Барои омӯзгорону донишҷӯёни ин боргоҳи илму маърифат пирӯзиҳои чашмгиреро дар самти фаъолияти омӯзгорӣ ва донишандӯзӣ хоҳонем.

Бо ин эҳсоси гуворо ҳайати омӯзгорон, кормандон ва шогирдони донишгоҳи азизамонро бо фарорасии ҷашни Наврўзи бостонӣ, ки рисолати накўкориву фарҳангофарии мардуми ориёнажодро дар худ таҷассум намуда, мақоми байналмилалӣ касб намудааст, табрику муборакбод намуда, ба ҳар яки Шумо сиҳатмандиву саодати рўзгорро таманно менамоям.

Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ муборак!

Имрӯз, 18 марти соли 2021 аз тарафи ҷамъияти саҳомии кушодаи “Ориёнбонк” дар ВМКБ китобҳои нав аз фанни “Муомилоти пулӣ ва қарз” барои факултети иқтисоди Донишгоҳи давлатии Хоруғ тақдим гардид.

Ректори донишгоҳ, профессор Гулзорхон Юсуфзода дар маросими ҳадянамоии китобҳо иброз намуд, ки базаи моддӣ – техникии донишгоҳ рӯз аз рӯз тақвияти бештар ёфта, аҳли донишгоҳ аз чунин дастгириҳо сидқан миннатдоранд.

Намояндагони ҶСК "Ориёнбонк" дар навбати худ қайд доштанд, ки масъулини бонк омодаанд, то барои таҷрибаомӯзии муҳассилини факултети иқтисод ва дигар ҳамкориҳои судманд минбаъд ҳам мусоидат намоянд.

“Фурӯғи Маърифат”

Страница 6 из 122

Search