Имрӯз мусобиқаи варзишии баскетбол миёни ҳафт дастаи омӯзгорбонувони Донишгоҳи давлатии Хоруғ, ки чанде пеш ба ифтихори сисолагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида буд, бомуваффақият ҷамъбаст гардид.

Даври ниҳоии бозӣ хеле ҷолибу диданӣ сурат гирифта, мухлисони зиёдро ба ҳам овард. Аз рӯи натиҷаҳои даври охир тими “Педагогӣ” бо ҳисоби 8 : 6 бар дастаи “Таърих ва ҳуқуқ” дастболо шуда, ғолиби мутлақи мусобиқа гардид.

Барои гирифтани зинаи сеюм бошад, дастаҳои “Биология” ва “Забонҳои хориҷӣ” рақобат намуданд, ки дар натиҷа “Биология” тими рақибро бо ҳисоби 4 : 0 шикаст дод.

Ғолибон бо Ҷом, ифтихорнома, мукофотпулии раёсати донишгоҳ ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ВМКБ мушарраф шуданд.

Ёдрас мешавем, ки мусобиқаи омӯзгорбонувон бо ибтикори раёсати донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо КИ ҲХДТ бо ҳадафи оммавияти варзиш сурат гирифт.

http://javonon.tj/news/sport/oliboni-musobi-ai-basketbol-miyeni-om-zgorbonuvon-malum-gardid/

Дар факултети биологияи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ба хотири ҳифзу ғамхории ҳамаҷониба нисбати паррандагон маҳфили илмӣ – фарҳангӣ гузароида шуд.

Чорабинӣ таҳти роҳбарии омӯзгори факултет Муҳаббат Алиназарова дар доираи Рӯзи байналмилалии паррандагон гузашта, дар он донишҷӯёни факултет оид ба паррандагони нодири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он маъмумот гирифтанд.

Дар ҷараёни чорабинӣ намоиши мусаввараю наворҳои видеоӣ перомуни паррандаҳои гуногуни олам, намоишномаи муҳассилин дар хусуси ҳифз ва худдорӣ кардан аз шикори паррандагон пешкаш гардид.

Инчунин, дар доираи маҳфил викторинаи саволу ҷавоб ва рақсу суруд пешниҳод шуда, дар ин росто донишҷӯён аз худ маҳорату истеъдоди баланд нишон доданд.

Хотиррасон бояд кард, ки парандаҳо яке аз қиркунандагони ҳашаротҳои зараровари кишоварзӣ маҳсуб меёбанд. Ҳар як фасл парандагони хоси худро дорад. Бо иваз шудани фасли сол парандаҳо низ макони зисти худро иваз мекунанд.

Дар таркиби олами ҳайвоноти Ҷумҳурии Тоҷикистон қатори парандаҳо мавқеи хоса дорад. Муайян карда шудааст, ки орнитофаунаи ҷумҳуриамон беш аз 400 намуд буда, аз ин миқдор 43 намуди онҳо ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон номнавис шудааст.

Ҳамасола Академияи  миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е. Н. Павловский дар якҷоягӣ бо Иттиҳодияи ҳифзи табиат ва гуногунии биологии Тоҷикистон яке аз парандаҳои нодири Тоҷикистонро бо мақсади барқарор ва афзун намудани саршумори он парандаи сол интихоб менамоянд.

Имсол шоҳуқоб парандаи соли 2021 интихоб гардид, ки он яке аз калонтарин намуди парандагони оилаи лочинҳо ба шумор меравад. Ин парандаи соҳибчанголи пурқувват ва чолок дар баландиҳои зиёд ва гӯшаҳои дастнорас вомехӯрад. Дар ҳудуди Тоҷикистон шоҳуқоб дар минтақаҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳ вомехӯрад. Дарозии бадани шоҳуқоб беш аз 95 см ва дарозии болҳои он то 2,5 м-ро ташкил медиҳад. Вазни ҷинсҳои модина то ба 7 кг ва ҷинсҳои нарина то ба 4,6 кг мерасад.

Узви биноии шоҳуқоб хеле хуб инкишоф ёфтааст. Вай метавонад тўъмаи худро дар масофаи то 4 км мушоҳида намояд. Шоҳуқоб метавонад дар баландиҳои зиёд парвоз намояд, ки парандагони дигар чунин қобилиятро надоранд. Суръати парвози он ҳангоми таъқиби тӯъма то ба 300 км дар як соат мерасад. Шоҳуқоб дар ҳудуди Тоҷикистон паҳншавии васеъ дорад, аммо онро парандаи муқаррарӣ ҳисобидан ҷоиз нест. Ин паранда ҳамчун намуди осебпазир ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардида, ба ғамхорию ҳифзи ҳамаҷонибаи инсон ниёз дорад.

Рӯзи парандагон ҳамасола чун ҷашни байналмилалии экологӣ дар тамоми сайёра таҷлил мешавад. Ин ҷашн ҳанӯз соли 1894 дар ИМА пайдо шуда, мақсади асосиаш ҳифзи гуногунӣ ва шумораи парандагон мебошад. Рӯзи байналмилалии парандагон аз Амрико ба Аврупо ва баъдтар ба Русия гузашта, хушбахтона, давоми чанд сол аст, ки  дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳам ҷашн гирифта мешавад.

Факултети биологияи ДДХ

Вторник, 06 апреля 2021 08:57

Кор ва давоми таҳсил дар ҳориҷа

Имрӯз, 7 апрели соли 2021, роҳбарият ва намояндагони ташкилоти ҷамъиятии “Ҷуръат” нахустин семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Кор ва давоми таҳсил дар хориҷа” – ро барои донишҷӯёни факултетҳои таърих ва ҳуқуқу филологияи тоҷик гузарониданд.

Дар ҷараёни семинар директори ташкилот Cаъдӣ Хушвахтов перомуни таҳсилу бозомӯзӣ дар донишгоҳҳои гуногуни олам, шароити зисту фаъолият дар хориҷа, таҳкими истеъдоду касбомӯзӣ ва дигар паҳлӯҳои мавзӯъ ба донишҷӯён маълумоти зарурӣ пешниҳод намуд.

Қайд гардид, ки муҳассилинро мебояд, то дар назди хеш ҳадафи муайян гузоранд ва баҳри расидан ба он тамоми кӯшишҳоро ба харҷ диҳанд. Зеро инсон имконият, қобилият ва тавоноии бузург дорад, аммо на ҳама вақт аз ин сифот дуруст истифода мебарад.

Бояд гуфт, ки семинар дар доираи “Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ва ташкилоти ҷамъиятии «Ҷуръат»” гузашта, мақсад аз доир кардани он рушди соҳаи маориф ва илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими баргузории чорабиниҳои гуногуни таълимӣ – маърифатӣ, илмӣ – амалӣ ва ҷалби ҷавонон барои кору таҳсил дар кишварҳои дуру наздики дунё мебошад.

“Фурӯғи Маърифат”

Вторник, 06 апреля 2021 06:34

Дастури таҳрикбахшу созанда

№43 (4305) 06.04.2021 "Садои Мардум"
Паёмҳои ҳарсолаи Пешвои миллат бо мазмуну муҳтаво ба сӯи фардои нек ҳидоят менамоянд. Бардошт аз Паёми имсолаи Пешвои миллат моро аз ҳарвақта бештар вазифадор месозад, ки дар амри худшиносию худогоҳӣ устувор монда, ба рушди минбаъдаи ҷомеа таҳким бахшем.
Президенти мамлакат, бо дарназар­дошти вазъи мураккаб дар ҷаҳон, таъкид намуданд, ки мутобиқи пешгӯиҳои коршиносону таҳлилгарон ва хулосаи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, соли 2021 аз бисёр ҷиҳат вазнин хоҳад буд, вале суханони боэътимодашон боварии мардумро ба ояндаи неку дурахшони Тоҷикистон қавитар сохтанд.
Чунончӣ: «Бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои зикршуда (пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон), дар натиҷаи амалӣ гардидани тадбирҳои таъхирнопазир аз ҷониби Ҳукумати кишвар устувории нишондиҳандаҳои микроиқтисодӣ таъмин гардида, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тамоюлҳои мусбат нигоҳ дошта шуданд».
Ҳар як ҳамватанро ин суханони Пешвои миллат, ки эътибор ва обрӯи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ таъкид менамоянд, шод мегардонад: «Дар ин раванд, Тоҷикистон ба қатори даҳ кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон, ба даҳгонаи кишварҳои беҳтарини сайёҳии пиёдагардӣ, ба панҷгонаи беҳтарин аз рӯи низоми содаи пешниҳоди раводид ва шоҳроҳи Помир ба даҳ роҳи зеботарини дунё шомил шуда, пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе ба даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амният ворид гардиданд».
Яке аз самтҳои хеле афзалиятнок, ки Президенти кишвар ҳамеша ба он таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунанд, соҳаи илму маориф мебошад, ки дар меҳвари доимии сиёсати Давлату Ҳукумат қарор дорад. Сарвари давлат дар Паёмашон таъкид намуданд:
«Мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардорем».
Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев зодаи Истиқлолияти давлатӣ мебошад ва дар тӯли мавҷудияташ зери назорату ҳимояти доимии Ҳукумати мамлакат, бахусус Пешвои миллат қарор дорад. Таъкид кардан зарур аст, ки соли 2020 донишгоҳ аз тарафи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аттестатсия гузашта, барои пешбурди фаъолият то соли 2025 иҷозатнома гирифт. Он дорои ҳашт факултет буда, аз рӯи 58 ихтисос, аз ҷумла 36 ихтисоси омӯзгорӣ ва 22 ихтисоси соҳавӣ, мутахассисонро омода менамояд. Дар он чор ихтисоси нав — журналист-тарҷумон, ҳуҷҷатшиносӣ ва таъмини ҳуҷҷати идора, иқтисодиёт ва идораи сайёҳӣ, таъминоти ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ дар корхонаҳои хурду миёна кушода шуданд, ки аз таваҷҷуҳу ғамхории Давлат ва Ҳукумат далолат мекунанд.
Таърихи башарият собит намудааст: халқе, ки ба маорифу фарҳанг таваҷҷуҳ намекунад, оянда надорад. Дар робита бо ин, бояд зикр кард, ки ҳама шоҳиди ҳолем, ки ҳар сол дар мамлакат даҳҳо мактабу донишгоҳ ва муассисаҳои фарҳангӣ сохта ё тармим карда мешаванд, миқдори омӯзишгоҳу муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва шумораи донишҷӯён сол аз сол зиёд мегардад.
Агар аз замони таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев то ҳол ба таври қиёс назар кунем, тафовут назаррас аст ва он ҳам аз нигоҳи сифат ва ҳам мазмун, пешрафту рушди таълимгоҳро бозгӯӣ менамояд. Дар ибтидои таъсис донишгоҳ хобгоҳ надошт. Ҳоло хобгоҳи барҳаво дар хизмату ихтиёри донишҷӯён қарор дорад, ки барои зист ва омодагӣ ба дарсҳо кумак мерасонад.
Ташкил шудани озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» барои ҷалби таваҷҷуҳи толибилмону донишҷӯён ва қишрҳои дигари ҷомеа ба китоб ва мусиқӣ беҳтарин восита гардида, ҷамъбасти озмунҳо бори дигар собит намуд, ки лаёқатмандону истеъдодҳои бузург дар кишвар зиёданд.
Таъсис ёфтани озмуни дигари ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Илм-фурӯғи маърифат» бо мақсади боз ҳам хубтар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиатшиносӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва омӯзгорон исботи ин андеша аст, ки давлат баҳри рушду такомули илму маориф ва фароҳам овардани имкону шароит барои маърифатнокии мамлакат дар талошу кӯшиши ҳамешагӣ мебошад. Ин иқдоми Сарвари давлат, аз як тараф, барои дар сатҳи меъёрҳои байналмилалӣ тайёр кардани донишҷӯёни донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият фароҳам орад, аз ҷониби дигар, таълими ин фанҳои зарурӣ минбаъд боз ҳам бештар мадди таваҷҷуҳи Ҳукумат ва раёсати донишгоҳҳои мамлакат қарор мегирад, ки мутобиқ ба талаби замони муосир аст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди мамлакат аз рӯйи чор самти инкишоф саъю кӯшишро равона сохта, барои амалӣ гардидани онҳо барномарезӣ менамояд. Чунон ки маълум аст, ҳадафи чорум — саноатикунонии босуръати мамлакат мебошад. Аз ин рӯ, хеле зарур хоҳад буд, ки ба таълиму тадриси фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ ҳар чӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад ва мебояд шароити хуби корӣ муҳайё созему дар амалӣ сохтани саноатикунонии кишвар нақши ҳалкунанда гузорем. Ҳамчунин, барои дар сатҳи баланд ташкилу гузаронидани озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» бояд аз имконоти дастрас истифода кард, то ин ки натиҷаҳои беҳтарин ба даст оварда шаванд. Барои ғолибони озмунҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷоизаҳо таъсис намудаанд, ки ғамхории ин абармарди миллат дар ҳаққи шахсони соҳиб­истеъдод мебошад.
Дар Паём, ҳамчунин, омадааст:
«Охири соли гузашта барои олимону омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ ҷоизаи махсуси давлатӣ таъсис дода шуд, ки ҳар сол 15 нафар беҳтаринҳо метавонанд соҳиби он гарданд». Ин иқдоми Пешвои миллат олимону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоевро рӯҳбаланду вазифадор менамояд, ки дар иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дучанд заҳмат кашида, навоварию ихтироотро ба роҳ монда, дар сатҳи меъёрҳои байналмилалӣ фаъолият намоянд. Яъне, бо ин васила метавон барои оламиён собит сохт, ки халқи илмдӯсту фарҳангпарвари тоҷик аз давраҳои пеш ин таҷрибаро дошт ва чеҳраҳои хеле маъруфи соҳаи илму фарҳанг онро ба ҷаҳониён додаанд.
Дар донишгоҳ, баробари донишҷӯён, инчунин, магистрҳо ва докторантҳо таҳсил мекунанд. Дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қисмати муҳассилини муассисаҳои олии мамлакат низ эътибори хоса дода шуда, таъкид гардидааст:
«Бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯён, магистрҳо ва аспиранту докторантҳо пешниҳод менамоям, ки стипендияи онҳо аз 1-уми сентябри соли 2021 ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад». Ин ғамхории Сарвари давлат дар ҳаққи унвонҷӯён маҳсуб гардида, ба хотири таъмини беҳтари ҳаёти иҷтимоии ин гурӯҳи таълимгирандагони мактабҳои олӣ ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои илмӣ роҳандозӣ шудааст.
Масъалаи дигаре, ки раёсати донишгоҳ ният дорад онро амалӣ созад, ташкили идомаи таҳсили беҳтарин донишҷӯён дар донишгоҳҳои маъруфи кишварҳои хориҷ мебошад. Дар Паём таъкид гардидааст:
«Вобаста ба ин, ба Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо супориш дода мешавад, ки ҷиҳати ҳар чӣ бештар ба хориҷи кишвар фиристодани ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд аз рӯи равияи илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ «Барномаи тайёр кардани кадрҳои ҷавони илмӣ барои солҳои 2021-2030»-ро таҳия карда, дар муддати се моҳ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд».
Нуктаи дигари хеле муҳим, ки дар Паёми Пешвои миллат садо дод ва ҳушдор медиҳад, он аст, ки гурӯҳҳои хатарноки замони муосир — экстремизму терроризм ва инчунин, қочоқи силоҳи инсонкуш, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир башариятро ба ташвиш овардааст. Дар ин бобат Пешвои миллат зикр намуданд:
«Таъкид месозам, ки хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ доштанд, даст накашидаанд».
Ин гурӯҳҳои манфиатҷӯ кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд, ки аз ҳар роҳу восита, алалхусус, шабакаҳои интернетӣ, истифода бурда, ҷавононро зери таъсир гирифта, онҳоро ба созмонҳои манъшуда ҷалб созанд.
Маълум аст, ки донишҷӯёни донишгоҳҳо ҷавонон мебошанд ва гурӯҳҳои хатарзо маҳз ба ҳамин қишри ҷомеа таваҷҷуҳ доранд ва мехоҳанд онҳоро зери таъсир қарор диҳанд. Чаро? Аз як тараф, ин қишри ҷомеа ҳанӯз аз асолати ҳаёт пурра огоҳӣ надошта, ҳар гуна ташвиқотро бе таҳлилу баррасӣ, ҳамчун ҳақиқату соҳибони ин ташвиқотро чун ватандӯст қабул мекунанд, аз ҷониби дигар, дониши нокифояи сиёсӣ имкон намедиҳад, ки онҳо ҳар гуна масъалаҳоро зуд дарк намоянд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ба таълиму тарбияи донишҷӯён хеле ҷиддӣ муносибат намуда, онҳоро аз ҳадафҳои нопоки ин гурӯҳҳо огоҳ созем. Бар замми ин, онҳоро бояд раҳнамун кунем, ки аз шабакаҳои интернетӣ огоҳона истифода намоянду андешаҳои ғаразнокро аз ҳақиқат ҷудо карда тавонанд, ба суханҳои иғвоангез ва тафриқаандоз, ки ба он либоси «насиҳат»-у «ҳақиқат» мепӯшонанд, таваҷҷуҳ ва бовар накунанд.
Ҳамин тариқ, Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи пешрафти имрӯзу фардои кишвар мебошад ва татбиқи он аз ҳар сокини Ватан масъулияти ҷиддиро тақозо менамояд.
ЮСУФЗОДА Гулзорхон Амиршоҳ, ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, доктори илмҳои физикаю математика, профессор
 
 

Дар маркази инноватсионии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ҷамъомади муовинони ректору деканҳои факултет ва олимону омӯзгорони донишгоҳ доир ба рафти омодагӣ ба озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор шуд.

Дар ҷамъомад Мамадаризо Алимшоев, муовини ректор оид ба таълиму Таҳмина Содатқадмова, ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия аз олимону устодон даъват намуданд, ки баҳри муайян кардани сатҳи донишандӯзии иштирокчиён ва омодагии пайваста ба озмун роҳу усулҳои манфиатбахшро ба кор баранд.

Зеро ҳадафи олии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон аз чунин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум, дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.

Инчунин, ҳозирин доир ба ҷараёни баргузории чорабинӣ фикру андешаҳои судмандро баён намуданд.

«Фурӯғи Маърифат»

19 марта 2021 года на торжественном собрании, посвященном весеннему празднику Навруз, ректор Хорогского государственного университета (ХоГУ) имени М. Назаршоева, профессор Юсуфзода Гулзорхон и начальник отдела социального развития и связей с общественностью аппарата председателя области Нилуфар Асламшоева вручили международные сертификаты тренерам и преподавателям ХоГУ в рамках проекта HiEdTech – модернизация высшего образования в ЦА посредством новой технологии за прохождение курсов «Инновационно-образовательные технологии и дидактические модели» и «Планирование и разработка онлайн курса в среде дистанционного обучения».

Проректор по международным отношениям Сайфуллоева Ольга поздравила всех с праздником и отметила: «Благодаря проекту  HiEdTech – модернизация высшего образования в ЦА посредством новой технологии, координатором которого является международный тренер, ассистент кафедры фунционального анализа и дифференциальных уравнений Давлаткадамов А. и программы Всемирного банка «Развитие высшего образования» наши 5 тренеров преподаватели факультета математики,  проходившие он-лайн курс «Планирование и разработка курса в среде дистанционного обучения» в университете Коимбра в Португалии внесли огромный вклад в процесс дистанционного обучения в нашем университете. Они организовали 2 курса для 200 преподавателей нашего университета, которые активно участвовали на курсах по дистанционному обучению, успешно закончили курс и сегодня удостоились международных сертификатов».

Надо отметить, что 56 преподавателей ХоГУ получили сертификат по «Инновационно-образовательным технологиям» и 77 преподавателей получили сертификат по «Планированию и разработке курса в среде дистанционного обучения». Из них 36 преподавателей прошли курс с отличием.

Отдел международных отношений ХоГУ

Дар факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев конференсияи илмӣ амалӣ зери унвони "Тоҷикон - шоҳасари пурғановати миллат" баргузор гашт. Дар чорабинии илмӣ садорат, олимон ва омӯзгорони факултет иштироку баромад намуданд.
Мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик Пайрав Мирзоашрафов дар ифтитоҳи чорабинӣ махсус зикр кард, ки бо иқдоми бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳасари "Тоҷикон" ҳамчун тӯҳфа ба ҳар оилаи мамлакат ҳадя гардид ва ин ташаббуси олии Роҳбари давлат ба хотири омӯзишу дарки амиқи таърихи пурғановати миллат мебошад. Яъне омӯзиши шоҳасари безаволи академик Бобоҷон Ғафуров барои ҳар фарди бедордилу меҳанпарасти кишвар имконият медиҳад, ки аз саргузашти воқеии аҷдодон ва аслу асолати хеш комилан бохабар шаванд.
"Таърих гувоҳ аст, ки маҳз шуҷоату мардонагӣ, далерию таҳаммули шикастнопазири халқи тоҷики мо буд, ки ба зулму истибдоди истилогарону аҷнабиён истодагарӣ карда, худро ҳамчун миллати тамаддунсоз, фарҳангпарвар ва сулҳофару созанда дар масири таърих нигоҳ доштаанд.
Умуман, китоби "Тоҷикон" аз давраҳои қадимтарин то асри 20 дар бар гирифта, дар шароити феълӣ мутолиаи он ба ҳадаф мувофиқ аст. Зеро шоҳасар бевосита дар такмилу тақвияти хушиносӣ, дарки воқеъбинонаи таърих ва ҳуввияти миллӣ нақши калидӣ дорад. Аз ин хотир, барои ҳар яки мо шарту зарур аст, то таърихи ниёгонро мӯшикофона аз худ карда, аз корнамоиву ҷонфидоӣ ва қаҳрамонии гузаштагонамон сабақ гирем" - тавзеҳ дод, П. Мирзоашрафов.
Қайд гардид, ки дар факултети таърих ва ҳуқуқи донишгоҳ аз ибтидои таъсисёбии факултет ба таҳқиқу омӯзиши" Тоҷикон" таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардида, шурӯъ аз соли 2020 як қатор чорабиниҳои иловагӣ пиёда мегарданд. Яъне ин иқдом барои аҳли факултет ва хосса муҳассилин имконият медиҳад, ки дар корҳои илмӣ - тадқиқотӣ ва маърифатӣ боз ҳам пешқадам бошанд.
Мавриди зикр аст, ки дар конференсия инчунин мавзӯъҳои "Ҳаёт ва зиндагиномаи академик Бобоҷон Ғафуров", "Б. Ғафуров - ходими намоёни сиёсӣ ва давлатии Тоҷикистон", "Фаъолияти илмӣ - ҷамъиятии Б. Ғафуров" ва дигар маърӯзаҳои муҳим мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд.
Факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ

Бахшида ба сисолагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ҳадафи оммавияти варзиш дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон байни ҳафт дастаи омӯзгорбонувони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев мусобиқаи баскетбол оғоз гашт.

Тавре аз Шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ иттилоъ доданд, мусобиқа бо ибтикори раёсати донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ВМКБ аз 1 то 6 апрели соли равон гузаронида мешавад.

Ғолибонро Ҷом, ифтихорнома ва мукофотпулии ректори донишгоҳу кумитаи ҳизбӣ интизор аст.

Манбаъ: javonon.tj

Страница 5 из 122

Search