Имрӯз, 27 апрели соли 2021, давоми конференсияи апрелӣ – анъанавӣ бахшида ба сисолагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар бахши забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев гузашт.

Роҳбари бахш: н.и.ф., дотсент Ҷумъаева Б.

Котиб: ассистент Муборакшоева М.

Рӯйхати маърӯзаҳо ва маърӯзачиён:

1.Истифодаи ибораҳо дар дарсҳои забон. Маърўзачӣ: д.и.филология, профессор Аламшоев М.

2.Баррасии ҷанбаҳои ахлоқӣ дар манзумаҳои Ҳоҷуи Кирмонӣ. Маърўзачӣ: н.и.филология, дотсент Қамбаров Н.

3.Ташаккул ва таҳаввули истилоҳоти ҷамъиятӣ – сиёсӣ дар забони форсӣ.Маърўзачӣ: н.и.филология, дотсент Ҷумъаева Б.

4.Корбурди нодурусти баъзе калимаву таркибҳо. Маърўзачӣ: муаллимаи калони кафедраи забонҳои шарқ Ақдодова М.

5.Хусусиятҳои этнолингвистӣ ва лингвокултурологии воҳидҳои фразеологӣ дар забонҳои гурӯҳи шуғнонӣ-рушонӣ. Маърўзачӣ: муаллимаи калони кафедраи забонҳои шарқ Мирзошоев С

6.Хусусиятҳои лексикӣ-семантикии аскияҳои забони шуғнонӣ. Маърўзачӣ: ассистенти кафедраи забонҳои шарқ Муборакшоева М.

7.Нақши таҳсилоти фарогир дар пешбурди кўдакони дорои имкониятҳои маҳдуд. Маърўзачӣ: асссистенти кафедраи забонҳои шарқ Донаёров Д.

  1. Таҳлили вожаҳои ифодакунандаи суннатҳои наврӯзӣ. Маърўзачӣ: донишҷӯи курси 4-уми гурӯҳи забони форсӣ Давлатбекова С. Роҳбари илмӣ: муаллими калон Мирзошоев С.

9.Баррасии вожагон ва сохти наҳвии ашъори Сиёвуши Касроӣ. Маърўзачӣ: донишҷӯи курси 4-уми гурӯҳи забони форсӣ Қадамов Қ. Роҳбари илмӣ: номзади илмҳои филология, дотсент Қамбаров Н.

  1. Корбурди тамсил дар ашъори Нодири Нодирпур. Маърўзачӣ: донишҷӯи курси 4-уми гурӯҳи забони форсӣ Аловатова Н. Роҳбари илмӣ: н.и. филология, дотсент Қамбаров Н.
  2. Хусусиятҳои граматикии афъоли забони арабӣ. Маърўзачӣ: магистранти курси 2-юми шуъбаи забони арабӣ Қурбонова Н. Роҳбари илмӣ: ассистенти кафедраи забонҳои шарқ Донаёров Дониш.
  3. Хусусиятҳои шеваи алҷазоири забони арабӣ. Маърўзачӣ: магистранти курси 2-юми шуъбаи забони арабӣ Кироматова Г. Роҳбари илмӣ: номзади илмҳои филология, дотсент Ҷумъаева Б.
  4. Забонҳои қадимаи сомӣ ҳамчун сарчашмаи забонҳои мусоир. Маърўзачӣ: магистранти курси 2-юми шуъбаи забони арабӣ Сулаймоншоева Д. Роҳбари илмӣ: доктори илмҳои филология, профессор Аламшоев М.
  5. Таҳлили муқоисавии замоир (љонишин) дар забонҳои форсӣ ва тоҷикӣ. Маърўзачӣ: донишҷӯи курси  4-уми гурӯҳи забони форсӣ Худододова Х.
  1. Таҳлили муқоисавии исмҳо дар забонҳои арабӣ ва тоҷикӣ. Маърўзачӣ: донишҷӯи курси 4-уми забони шуъбаи форсӣ Ноёфтова Н. Роҳбари илмӣ: ассистент Муборакшоева М.

16. Имконоти услубии воҳидҳои фразеологӣ ва ифодаҳои маҷозӣ. Маърўзачӣ: донишҷӯи курси 4-уми гурӯҳи забони форсӣ Бахтдавлатова Н. Роҳбари илмӣ: муаллими калон Ақдодова М.

26 апрели соли равон идомаи конференсияи апрелии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ба ифтихори ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар факултети математика гузашт.

Роҳбари бахш: муаллими калон Шоидарвозова Г.

Котиб: ассистент Гуламадшоева М.

Рӯйхати маърӯзаҳо ва маърӯзачиён:

  1. Баъзе нобаробариҳо дар фазои Хардӣ. Маърўзачӣ: дотсенти кафедраи таҳлили функсионалӣ ва муодилаҳои дифференсиалӣ Холмамадова Ш.А.
  2. Масъалаҳои тайёр кардани омӯзгорон барои тарҳсозӣ ва ҷорӣ кардани захираҳои электронӣ дар ҷараёни таълим. Маърўзачӣ: муаллими калони кафедраи таҳлили функсионалӣ ва муодилаҳои дифференсиалӣ Шоидарвозова Г.С.
  3. Оид ба наздиккунии беҳтарини функсияҳои аналитикӣ дар доираи воҳидӣ.

Маърўзачӣ: номзади илмњои физикаю математикаи, кафедраи таҳлили функсионалӣ ва муодилаҳои дифференсиалӣ Заргаров Ҷ.

  1. Оид ба наздиккунии бефосилагии функсияҳо бо сплайнҳои интерполятсионии хаттӣ. Маърўзачӣ: муаллими калони кафедраи таҳлили функсионалӣ ва муодилаҳои дифференсиалӣ Қонунова У.
  2. Хулосаи баробарии пешравии иқтисодиёт. Маърўзачӣ: муаллими калони кафедраи таҳлили функсионалӣ ва муодилаҳои дифференсиалӣ Мавлоназаров М.
  3. Пешниходи маълумоти ададӣ бо истифода аз системаҳои рақамӣ. Маърўзачӣ: муаллими калони кафедраи таҳлили функсионалӣ ва муодилаҳои дифференсиалӣ Шоинбекова Ш.

7.Оид ба баъзе синфҳои муодилаҳои интегро-диффренсиалии Волтер дар фазои Гилбер. Маърўзачӣ: муаллими калони кафедраи таҳлили функсионалӣ ва муодилаҳои дифференсиалӣ Наврузмамадова С.

8.Назорати системаи об.Маърўзачӣ: муаллими калони кафедраи таҳлили функсионалӣ ва муодилаҳои дифференсиалӣ Шомуродов З.

9.Асосҳои барномасозӣ дар Delphi. Маърўзачӣ: муаллими калони кафедраи таҳлили функсионалӣ ва муодилаҳои  дифференсиалӣ Шогунбекова Г.

10.Назаре ба донишгоҳҳои оянда. Маърўзачӣ: ассистенти кафедраи таҳлили функсионалӣ ва муодилаҳои дифференсиалӣ Давлатқадамов А.

11.Усулҳои интерактивии таълим. Маърўзачӣ: ассистенти кафедраи таҳлили функсионалӣ ва муодилаҳои дифференсиалӣ Давлатназарова А.

12.Технологияи штрих код. Маърўзачӣ: ассистенти кафедраи таҳлили функсионалӣ ва муодилаҳои дифференсиалӣ Сафдарқулова Ҳ.

13.Хусусиятҳои интеллектуалии барномасозони касбӣ. Маърўзачӣ: ассистенти кафедраи таҳлили функсионалӣ

ва  муодилаҳои дифференсиалӣ Пайшанбиева Ҳ.

14.Таҳсилоти фосилавӣ ҳамчун воситаи асосии таълим бо истифода аз технологияи иттилоотӣ. Маърўзачӣ: ассистенти кафедраи таҳлили функсионалӣ

ва муодилаҳои дифференсиалӣ Гуламадшоева М.

15.Масъалаҳои асосии математика ва татбиқи он дар информатика.Маърўзачӣ: ассистенти кафедраи таҳлили функсионалӣ

ва муодилаҳои дифференсиалӣ Ҷангибеков М.

  1. Барномасозии объекгароӣ дар С#.Маърўзачӣ: ассистенти кафедраи таҳлили функсионалӣ ва муодилаҳои дифференсиалӣ Додов Ш.

17.Истифодабарии системаи электронии рақамӣ барои супоридани рейтингҳо ва санҷиши ниҳоӣ. Маърўзачӣ: ассистенти  кафедраи таҳлили функсионалӣ ва муодилаҳои дифференсиалӣ Ғуломнабиев А.

18.Вазифаҳои асосии рушди таълими математика. Маърўзачӣ: магистри курси дуюми шӯъбаи математикаи амалӣ. Хуҷаназарова Г. Роҳбари илмӣ: м.к. Қонунова У.

19.Афзалиятҳои асосии низоми баҳисобгирии бонкии ЦФТ. Маърўзачӣ: магистри курси дуюми шӯъбаи математикаи амалӣ Мародбекова Ф. Роҳбари илмӣ: муаллимаи калон Шоидарвозова Г.

25.04.2021 - «Ховар»

Дар таълимоти Пешвои миллат илм, дониш, маърифат ва фарҳанг аз омилҳои наҷотбахши давлати миллӣ дар замони ҷаҳонишавӣ шуморида мешаванд. Аз мантиқи даъвати рӯй бар ин ганҷ ниҳодани Сарвари кишвар бармеояд: мо ҳамон вақт ҳадафмандона, оқилона ва муваффақона давлати миллии худро месозем ва онро аз таҳти дил, бо тамоми ҳастӣ − бошуурона ҳимоя карда метавонем, агар хонем, омӯзем. Чунин навиштааст доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов зимни мақолаи худ таҳти унвони «Масъалаи ташаккули инсон дар таълимоти Пешвои миллат», ки дирӯз дар АМИТ «Ховар» бознашр гардид.

Дар тақвияти ин гуфтаҳо ӯ тазаккур медиҳад, ки озмунҳои «Тоҷикистон − Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фуруғи маърифат» дар баробари ин ки инқилоби фарҳангии Пешвои миллат доир ба ташкилу танзими тарзи ҳаёти нав мебошанд, оғозгари таҳавуллоти ҷиддиву бунёдӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат низ ба шумор мераванд.

Ба таъкиди С. Ятимов, методологияи таҳияи Паём ва сохтори мантиқии он низ, тавре хотирнишон шуд, таваҷҷуҳи махсусро талаб мекунад. Яъне мардум вақте ҷиддан, бори дигар дар сатҳи олӣ ба хондани китоб даъват гардид, ки имконоти комил ва дастрасӣ ба ин ғизои маънавиро пайдо кард: Ватанаш осуда, хонааш обод, дастархонаш пур аз неъмат, хотираш ҷамъ гашт. Мулк равшан шуд. Корхонаҳо ба кор даромаданд. Киштзору мазраву боғҳо сабзу хуррам ва серҳосил шуданд. Роҳу нақбҳо бунёд гардид. Дидори якдигарии қавми чор мулки асл, ки  қаблан фаслҳо дошт, васл ва муттасил гашт. Тибқи урфу одати миллӣ қонунмандӣ пайдо кард. Мулк ваҳдатобод, Тоҷикистон гулистон ва умедгоҳи ҳама ҳамватанон шуд. Беҳтарин мактабҳо бо шароиту имконоти сатҳи олӣ, ки макони хуби донишандӯзианд, бунёд гардиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз усули муқоисавӣ−таърихӣ рақамҳоеро мисол меоранд, ки умумият ва фарқияти соҳаи маорифро дар самти тайёр кардани кадрҳо дар гузашта ва имрӯз баръало нишон диҳад: «Чунонки борҳо хотирнишон карда будам, то замони истиқлол дар Тоҷикистон ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69000 донишҷӯ фаъолият мекард. Имрӯз шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба 41, донишҷӯён ба 245 ҳазор ва бо иловаи донишҷӯёне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, ба 285 ҳазор нафар расидааст».

Муаллиф менависад, ки дар баробари дастовардҳо дар соҳаи рушди инфрасохтории  маориф, Роҳбари давлат ба он ишора мекунанд, ки тағйироти миқдорӣ ҳанӯз нишонгари дараҷаи касбият ва тахассусмандии хатмкардагони мактабҳои олӣ буда наметавонад. Зеро ниёзҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар маҳз тавассути сатҳи баланди касбии кадрҳо таъмин карда мешаванд. Аз ин рӯ, ӯ доир ба касбомӯзӣ ва омодагии кадрҳо сухан ронда, таъкид месозад, ки кордонӣ, ташаббускорӣ, масъулиятшиносӣ бояд сифатҳои воқеии корманд бошанд.

Тағйироти мусбати миқдории инфрасохтори соҳаи маорифро  ёдовар шуда, Сарвари миллат ҳамчунон ишора мекунанд: «Бо вуҷуди ин, таъкид месозам, ки аз ҷониби роҳбарони Вазорати маориф ва илм, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар масъалаи қабули довталабон ва тарбияи кадрҳо, пеш аз ҳама, ба сифат эътибори аввалиндараҷа дода шавад».

«Тахассусмандӣ ва сифатҳои шахсии соҳибкасб аввалин аломатҳое ҳастанд, ки омма онҳоро зуд эҳсос мекунад. Интизории ҷомеа аз хатмкардагони мактабҳои миёна, олӣ, соҳибунвонҳои илмӣ он аст, ки тибқи дараҷаи эълоншудаи маълумот шахс аз худ амалҳои судманди баробарвазн ва ҳатто зиёда аз онро нишон диҳад», — тазаккур медиҳад С. Ятимов.

26 апрели соли равон дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бо иштироки раёсат, устодону омӯзгорон ва муҳассилини донишгоҳ конференсияи анъанавӣ - апрелӣ оғоз гардид.

Ректори донишгоҳ, профессор Гулзорхон Юсуфзода дар ифтитоҳи конференсия иброз намуд, ки чорабинӣ дар марҳилае сурат гирифт, ки тамоми мардуми соҳибистиқлоли Тоҷикистон таҳти таассуроти созанда аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва таҷлили ҷашни барои тоҷикистониён муқаддас - сисолагии Истиқлолияти давлатӣ қарор доранд.

“Рушди илму маориф дар меҳварии таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои муаззами миллат қарор дошта, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи нави давлатдории миллӣ ва рушду пешрафт қарор дорад. Аз ҷумла, ташаббусҳои олии Сарвари давлат дар самти боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим, ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон, устодону омӯзгорон ва тақвияту татбиқи «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» таҳрикбахши тамоми соҳаҳои афзалиятноки кишваранд”, - афзуд профессор Г. Юсуфзода.

Ба таъкиди ректори донишгоҳ баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» як такони ҷиддиву воқеӣ дар пешрафти маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, минбаъд дар таҳкими омодагии кадрҳои баландихтисос ҳам мусоидат менамояд.

“Дар асл ҳадафи Роҳбари давлат аз чунин иқдом баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум, дар навбати аввал наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳуввияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забону таърих ва фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар саросари кишвар мебошад”, - таъкид кард ректори донишгоҳ.

Қайд гардид, ки баъди чорабинии болозикр дар ояндаи наздик баргузории конференсияи илмию амалии ҳайати омўзгорон, магистрон ва донишҷўёни Донишгоҳи давлати Хоруғ ба ифтихори 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Бистсолаи  омўзиш ва рушди фанҳои  табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” (солҳои 2020-2040) дар назар дошта шудааст.

Дар қисмати аввали конференсияи апрелӣ директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи Баҳодур Искандаров - доктори илмҳои филология Каландарён Ҳоким Сафар, профессори кафедраи забонҳои шарқи ДДХ - доктори илмҳои филология Аламшоев М. М., мудири кафедраи биология - номзади илмҳои кишоварзӣ Хусравбекова З., директори филилали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф дар ВМКБ Ғарибшоев Ғ. мавзӯъҳои пурмӯҳтавои “Унсурҳои ҳувияти тоҷикӣ ва бўҳрони ҳуввиятӣ”, Муаммоҳои омўзиши топоними «Помир», истилоҳи «забонҳои помирӣ» ва тарҳрезии алифбои ин забонҳо”, “Ташкил ва ҷиҳозонидани озмоишгоҳҳо ҳадафи рушди илмҳои табиатшиносӣ”, Истиқлолиятхоҳӣ роҳ ба сўи ваҳдату ягонагӣ” ироа намуданд.

Дигар қисмату чорабиниҳои коференсияи апрелӣ бомаром идома доранд.

“Фурӯғи Маърифат”

 

Воскресенье, 25 апреля 2021 08:19

Намоиши илмӣ – таҷрибавии магистрон

Бо ибтикори Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ - педагогии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев дар озмоишгоҳи инноватсионии донишгоҳ намоиши илмӣ – таҷрибавии магистрони донишгоҳ ба вуқӯъ пайваст.

Ба иттилои Зартогул Хусравбекова, мудири кафедраи биологияи умумии донишгоҳ, намоиши илмӣ – таҷрибавӣ бо ҳадафи рушди тафаккури илмӣ - техникӣ ва ба ин васила татбиқи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” рӯи кор омадааст. Зеро яке аз паҳлӯҳои муҳими амалисозии ин иқдоми олии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳозонидан ва истифодаи босамари таҷҳизот дар озмоишгоҳҳои муассисаҳои олии таълимии кишвар мебошад.

Дар рафти намоиш магистрон корҳои мушаххаси илмӣ – тадқиқотӣ ва лабораториро пешниҳод намуда, ҳар яки онҳо тариқи мавзӯъҳои тадқиқотии худ баромад намуданд. Аз ҷумла, магистрони курси 2, ихтисоси биология Сурма Каримова (зери роҳбарии дотсент М. Исмоилов) оид ба “Усули тайёр кардани маводи растанигӣ ва дар зери микроскоп нишон додани сохти анатомии барг” ва Зайнура Шодмонбекова (бо роҳбарии профессор А. Мамадризохонов) перомуни “Бо истифода аз мини – экспресси лабораторияи экологӣ муайян кардани олудакунандаҳои атмосфера дар мисоли гази карбонат“ фаъолияти магистрии хешро амалан нишон доданд.

Инчунин, магистрони курси 2 – и ихтисоси болозикр Аниса Бозмамадова (таҳти роҳбарии профессор А. Мамадризохонов) ва Аниса Султонмамадова (бо роҳбарии н.и.б, дотсент Т. Содатқадамова) кори магистрии худро дар бораи “Омӯзиш ва ҷудо кардани равғани ангат бо усули сентрифугикунонӣ” ва “Муайян кардани витамини С дар таркиби меваи зардолу бо усули титркунонӣ” пешниҳод намуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар қисмати таҷрибавӣ истифодаи технологияҳои муосир, таҷҳизоти лабораторӣ ва дигар аёниятҳо аз тарафи магистрон самаранок ба роҳ монда шуд.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ва садорати факултети математика донишҷӯи курси якуми факултети математика Муносибшоев Муяссарро барои ишғол намудани ҷойи сеюм дар озмуни ҷумҳуриявӣ баҳри дарёфти “Ҷоми раёсати Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат” табрику таҳният гуфта, барояш дар фаъолияти минбаъда комёбиҳои навро таманно менамоянд. 

Мавриди қайд аст, ки озмун аз 23 то 24 апрели соли 2021 байни донишҷӯёни 28 муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” гузашта, номбурда аз рӯи ихтисоси информатика дар он ширкат намуд ва зинаи ифтихориро ба даст овард.

 

Дар асоси нақшаҳои кории Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев имрӯз, 24 апрели соли 2021, дар толори хониши донишгоҳ бо иштироки муовини ректор оид ба таълим Мамадризо Алимшоев, ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия Таҳмина Содатқадамова ва мудирони кафедраҳою собиқ аспирантони донишгоҳ ҷаласаи васеъ доир гардид.

 Ҷаласаро мудири шуъба - дотсент Рушонгул Шофақирова ҳусни ифтитоҳ бахшида, иброз намуд, ки шурӯъ аз соли 2000 то соли 2018 дар донишгоҳ шӯъбаи аспирантура амал кард:

- Давоми фаъолияти бахш шогирдони зиёде хатм намуда, дар риштаҳои мухталиф рисолаҳои номзадиву докториро бомуваффақият дифоъ намуданд ва имрӯз дар соҳаҳои гуногуну беҳтарин донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он кору фаъолият мекунанд, - иброз намуд номбурда.

Дар ҷаласа ҳамчунин ахбороти аспирантони шӯъбаҳои рӯзонаву ғоибона, ки ҳоло ба ҳайси омӯзгор дар донишгоҳ кору фаъолият намуда, ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғуланд, шунида шуд.

Сипас қарор қабул гардид, ки бо мақсади сари вақт анҷом додани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва ба даст овардани натиҷаҳои назаррас реҷаи муҳокимаҳои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ба роҳ монда шавад. Дар хусуси масъалаи мазкур муовинони ректор маслиҳатҳои муфидро пешниҳод намуда, баъдан мубодилаи афкор сурат гирифт.

Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии ДДХ

Пятница, 23 апреля 2021 09:13

Бозор ва моҳияти он дар иқтисод

Дар ҳамин мавзӯъ дар толори хониши Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бо иштироки муовинони ректор аз фанни назарияи иқтисод дарси кушод доир гашт.

Дарсдиҳанда – саромӯзгори кафедраи назарияи иқтисоди факултети иқтисоди донишгоҳ София Ақназарова мӯҳтавои дарсро барои донишҷӯёни бахши дуюми гурӯҳи логопедия ва дефектология фаҳмонда дод.

 Дар рафти дарс зикр шуд, ки дар хариди молу маҳсулот харидор бояд бодиққату сахткӯш бошад, то дар интихоб ба хатогӣ роҳ надиҳад. Инчунин, дар қисми амалии дарс донишҷӯён маҳсулоти ғизоиро омода карда, баъдан сатҳи рақобатпазирии он дар бозор аз ҷониби устодон муайян гардид. Тавсия дода шуд, ки дар рақобати бозорӣ аз маҳсулоти ватанӣ васеътар истифода шавад.

Мавриди қайд аст, ки дар рафти дарс аз усулҳои интерактивию коммуникативӣ, аёниятҳои гуногун, воситаҳои техникӣ ва тахтаи электронӣ васеъ истифода гардида, муҳассилин саҳначаҳои хотирмонро дар доираи мавзӯъ пешкаш намуданд.

Тавре қаблан гуфта будем, ҳадафи баргузории дарсҳои кушод тақвияти нерӯи ақлонӣ, рушди маҳорату малака ва такомули хештаншиносии донишҷӯён аст.

Дидоршоҳ НАСРИДДИНОВ

Дар факултети педагогикаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев аз фанни технологияи рушди салоҳиятҳои хониши хонандагони синфҳои ибтидоӣ дарси кушод гузаронида шуд. Мавзӯи дарс “Луғатомӯзи ва марҳилаҳои он” унвон дошт.

 Омӯзгор, н.и.ф. Алихонова Сайёра дар рафти дарс аз усулҳои фаъоли таълим истифода бурда, моҳияти мавзӯъро барои муҳассилини курси сеюми бахши тахсилоти ибтидоӣ шарҳу тавзеҳ дод.

Донишҷӯён дар навбати худ усулҳои таълими луғатро мувофиқи сатҳи рушди хонандагон дар амал истифода намуда, луғатомӯзиро дар таълими дигар фанҳо шарҳ доданд ва нӯҳ стратегияи муайян кардани мазмуни калима аз рӯи моҳияти матнро аз худ карданд.

Дар охир аз тарафи омӯзгорон истифодаи фаъолияти таълимӣ мавриди таҳлил қарор гирифта, донишҷӯён луғатомӯзиро бо калимаҳои худ шарҳ доданд.

Ҳамин гуна, дарси кушод аз тарафи омӯзгори дигари факултет Абдулофизова Уснибегим аз фанни математика дар мавзӯи “Ҳалли мисолҳо бо ададҳои ратсионалӣ” гузашт.

Дар дарс тарзҳои гуногуни ҳалли мисолҳо доир ба ҷамъ ва ададҳои мусбату манфӣ, ташаккул додани маҳоратҳои фикрронӣ, инкишофи тафаккури мантиқии хонандагон тавзеҳ дода шуда, ҳамзамон дарсдиҳанда аз усулҳои интерактивию коммуникативӣ ва методи сӯҳбату кор бо варақчаҳо истифода кард.

Бояд гуфт, ки мақсади баргузории дарсҳои кушод ташаккул додани нурӯи зеҳнӣ, маҳорати гуфтугӯӣ, фикрронӣ ва бедор намудани ҳисси хештаншиносии донишҷӯён мебошад.

Факултети педагогикаи ДДХ

 

Бахшида ба 110 - солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев таҳти унвони “Садои дили Мирзо Турсунзода - эҳсоси ватанпарастӣ” конференсияи илмӣ - назариявӣ баргузор гашт.

Конференсия бо ибтикори факултети филологияи тоҷик гузашта, дар кори он муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Таҳмина Содатқадамова, роҳбарият, олимону устодон ва донишҷӯёни факулет иштирок намуданд.

Дотсент Т. Содатқадамова дар ифтитоҳи чорабинии илмӣ иброз намуд, ки арҷгузорӣ ба фарҳангу тамаддуни оламгир ва меъроси маънавии халқи тоҷик аз муҳимтарин ҷанбаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад. Бинобар ин, дар шароити феълӣ, ки ҷаҳонишавию бархурди тамаддунҳо ба авҷи аъло расидааст, омӯхтану таҳқиқи мероси бостонӣ, ҳифзи арзишу суннатҳои миллӣ ва ёдгориҳои таърихӣ аҳамияти махсус дорад.

“Мирзо Турсунзода ҳамчун шоир ва адиби барҷастаи халқи тоҷик, шахсияти  намоёни давлативу ҷамъиятӣ, фарзанди фарзона ва ҳамчун шоири башардӯсту сулҳпарвар, муборизи барҷастаи роҳи озодӣ дар таҳкими дӯстии халқиятҳои гуногуни дунё ва бедории маънавию талошҳои истиқлолхоҳии онҳо саҳми арзанда гузоштааст.

Имрӯз каломи сеҳрангези ин шахсияти олами шеъру шоирӣ натанҳо дар қаламрави кишварҳои форсизабон, балки дар тамоми кишварҳои ҷаҳон фарҳанги миллӣ ва забони тоҷикии  моро муаррифӣ менамояд”, - таъкид намуд муовини ректор оид ба илм ва инноватсия.

Назрӣ Офаридаев - доктори илмҳои филологӣ, профессори донишгоҳ зимни ироаи маърӯзаи хеш оид ба “Баъзе хусусиятҳои забон ва услуби достони «Ҷони ширин»-и Мирзо Турсунзода қайд кард, ки Шоири халқии Тоҷикистон М. Турсунзода дар адабиёти муосири тоҷик нақши асосӣ ва мавқеи сазовор дорад.

- Албатта, перомуни эҷодиёти Мирзо Турсунзода асарҳои зиёде навишта шуда, аз нуқтаи назари адабиётшиносӣ ва забону услуб мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд. Аз ин рӯ, баъзе паҳлӯҳои гуногуни ашъори шоир равшан гардидаанд.

Вақте ки бо ашъори М. Турсунзода шинос мешавем, аз наздик мебинем, ки мавсуф дар ҳақиқат як суханвари бузург буда, аз тамоми нозукиҳои забони тоҷикӣ, хоса забони назм устокорона истифода бурдааст, - тавзеҳ дод Н. Офаридаев.

Дар мавриди муҳаббати самимӣ доштани шоири шаҳир ба Ватан – Модар худи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам бараъло нигоштаанд: «Муҳаббати поки Мирзо Турсунзода ба сарзамини  аҷдодӣ, обу хоки Ватан, бешубҳа барои наслҳои зиёди миллат ҳамчун намунаи олии ибрат хидмат хоҳад кард» .

Дар идомаи конференсия н.и.ф., дотсент Ҷумъа Беҳронов дар мавзӯи “Худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ дар ашъори Мирзо Турсунзода” баромад карда гуфт, ки Мирзо Турсунзода аз зумраи он шахсиятҳоест, ки дар таърихи адабиёти муосири тоҷик гоми устувор гузошта, баҳри пойдорӣ ва ҳуввияти миллии хеш ҷонбозиҳои беназир намудааст.

- Шоири нуқтасанҷ ва ширинбаёни тоҷик тавонист, ки асолати таърихии хешро дар пешрафти адабиёти тоҷик таҳким бахшад. Мирзо Турсунзода ҳамчун фарзанди замони худ мавзўъҳои мубрами замонро дар осори пурарзишаш матраҳ намуда, бо маҳорати шоиронааш худшиносии миллӣ ва ҳуввияти таърихиро тақвият дод.

Шоир бо ифодаи мавзўъҳои ватандорӣ, меҳанпарастӣ, ҷасорату диловарӣ, аҳду вафо, садоқат, меҳрубонӣ, ғамхорӣ, иззату икроми якдигар ва ҳамчунин сифатҳои шоистаи инсониро ситоиш карда, ҳамзамон ахлоқи разиларо маҳкум намуд, - афзуд Ҷ. Беҳронов.

М. Турсунзода дар шеърҳои «Ватан», «Дил дили Зайнаб» (1939), «Хаёли хом» (1940), «Чаманистон» (1940), «Ба кўҳсори тоҷик» (1940) мавзўҳои худшиносӣ ва ватанпарвариро дар мадди назар қарор медиҳад. Ҳанўз дар аввалин шеърҳои худ Мирзо Турсунзода оид ба худшиносию меҳанпарастӣ андешаронӣ намуда, ин нукта аз муҳимтарин мавзўъҳои ашъори шоир ба ҳисоб меравад.

Бояд тазаккур дод, ки асоси мундариҷавии ашъори Мирзо Турсунзодаро талқини ғояҳои худшиносӣ ва ифтихори миллӣ ташкил медиҳад. Содиқ  мондан ба суннатҳои миллӣ ва дар заминаи анъанаҳои неки гузаштагон созмон дода­ни ҳамаи дастовардҳои нави зиндагиро тараннум менамояд. Чунончи:

Гар кунӣ парвоз, бо ёди падар парвоз кун,

Бобҳои тозаро дар пеши рўят боз кун.

Гулханеро, ки падарҳо дар раҳат афрўхтанд,

Машъали тобандаи дастони пурэъҷоз кун.

- Бесабаб нест, ки Мирзо Турсунзода дар натиҷаи сафарҳояш ба шаҳрҳои гуногуни дунё, мисли Теҳрон, Деҳлӣ, Исломобод, Париж, Варшава, Вена, Қоҳира  чун шахсия­ти барҷастаи фарҳангию иҷтимоӣ ба камол расида, дар айни сафарҳояш ба ин кишварҳо  халқи тоҷикро чун мардуми сулҳдўст, дорои фарҳанг ва тамаддуни бой ба оламиён муаррифӣ мекард, - қайд намуд Ҷума Беҳронов.

Дар ин маврид шоир дар шеъри «Ватан» чунин нигоштааст:

Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт,

Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт.

Ба мисли гўшту нохун ҳамеша бо Ватан будам,

Агарчи нисфи умри беҳтаринам дар сафар бигзашт.

Дар конференсияи илмӣ – назариявӣ инчунин Мирзоҳасанов Л. - н.и.ф., дотсент перомуни “Шӯҳрати ҷаҳонии Мирзо Турсунзода”, Азорабеков С. - н.и.ф., дотсент оид ба “Боми ҷаҳон дар тасаввури Мирзо Турсунзода”, Таваккалов Ҳ. - н. и. ф., дотсент вобаста ба “Андешаҳои ахлоқии Мирзо Турсунзода” ва Броимшоева М. - н. и.ф., дотсент оид ба “Калимаҳои сермаъно дар осори М. Турсунзода” маърӯзаҳои ҷолибу қобили таваҷҷуҳро пешкаш намуданд. Сипас миёни ҳозирин табодули афкор ба вуқӯъ пайваст.

Страница 3 из 122

Search