Ҳамдиёрони азизу арҷманд!

Бо камоли эҳтрому самимияти бепоён ба якояки шумо муроҷиат карда, изҳор менамоем, ки мо омӯзгорон ва профессорони ДДХ ба номи М. Назаршоев тамоми кӯшишу ғайрати худро баҳри таълиму тарбияи насли ҷавон равона сохта, ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, гиромӣ доштани арзишҳои миллӣ, тақвияти рукнҳои асосии давлатдорӣ ва посдории сулҳу ваҳдат табия менамоем.

Дар донишгоҳ насли ояндасози Ватан ба камол мерасад, насле ки ободии ин марзу бумро бар дӯши худ мегирад.

Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони ВМКБ ба ҳар як фарди вилоят, бахусус ҷавонон нерӯи тоза бахшида, дар кори созандагию бунёдкорӣ моро илҳоми саршор аз муҳаббат ба ватани маҳбубамон - Тоҷикистон ато кард.

Бо мақсади таҳкиму тарғиби тарзи хаёти солим ва аз худ кардани донишҳои замонавӣ мудири Шуъбаи кор бо ҷавонони назди Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев Дидоршоҳ Насриддинов ва аъзоёнаш бо донишҷӯёни факултаҳои донишгоҳ суҳбату вохӯриҳои навбатӣ гузарониданд.

Зимни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои вусъат бахшидани барномаҳои фарҳангӣ - варзишӣ, пайваста мутолиа кардани адабиётҳои гуногун, роҳандозии маҳфилҳои иттилоотӣ – сиёсӣ ва ғайра муҳокима гардиданд.

Қайд шуд, ки вохӯриҳои судманд бо муҳассилин минбаъд ҳам бештар пиёда хоҳанд гашт.

www.khogu.tj

 

Четверг, 27 сентября 2018 05:09

СӮҲБАТУ МУЛОҚОТ БО ҶАВОНОНИ ХОРУҒ

Масъулини соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиши ВМКБ бо ҷавонони маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ сӯҳбату вохӯриҳо гузарониданд.

Ба гуфтаи сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Сураҷ Чоршанбиев мулоқот бо ҳадафи фаҳмонда додани мӯҳтавои суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 15 сентябри соли ҷорӣ дар мулоқот бо фаъолону роҳбарони вилоят баён дошта буданд, доир шуд.

Зимни сӯҳбатҳо асосан мавзӯҳои муҳиммияти суботу соҳибистиқлолӣ, тақвияти ҳамкориҳо ва ободию созандагии Ватан, риояи қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ, ба фитнаангезӣ дода нашудани ҷавонон ва ғайра муҳокима гаштанд.

www.khogu.tj

 

Мудири Шуъбаи кор бо ҷавонони назди Донишгоҳи давлатии Хоруғ Дидоршоҳ Насриддинов бо донишҷӯёни курси аввали факултаи иқтисоди донишгоҳ мулоқот гузаронд.

Зимни сӯҳбат зикр гашт, ки муҳассилин бояд ҳамвора аз рӯи тартибу низоми муқарраргардидаи донишҷӯӣ амал карда, барои дигар ҷавонон намунаи ибрат бошанд.

“Махсусан зарур аст, ки донишҷӯён дар корҳои ҷамъиятиву сиёсӣ, фарҳангию варзишӣ фаъол бошанд ва ба фаъолиятҳои шоиставу писандида ҷалб гашта, либоси тавсиявиро риоя кунанд”- афзуд Д. Насриддинов.

www.khogu.tj

Раиси тозаинтихоби шаҳри Хоруғ Кишвар Шамиров бо мураббиёну варзишгарон ва ҷавонони шаҳр мулоқот намуд.

Тавре мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Имомёрбек Имомёрбеков иттилоъ дод, дар вохӯрӣ асосан масоили ба эътидол овардани вазъи некӯаҳволии мардум, тақвияти ҳамкориҳо миёни аҳолии осоиштаву мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, таҳкими тарзи ҳаёти солим ва ғайра баррасӣ шуданд.

Зикр гардид, ки ҳамкории судманд омили сулҳу пешравии ҷомеа буда, дар ин самт махсусан ҷавонон бояд фаъол бошанд.

Понедельник, 24 сентября 2018 08:52

ВОХӮРИИ РОҲБАРИЯТИ ДАРВОЗ БО ДОНИШҶӮЁН

Дар доираи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки чанде кабл бо фаъолону роҳбарони ВМКБ доир шуда буд, муовини раиси ноҳияи Дарвоз Носирзода Умедҷон бо ҷавонони ноҳия ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ мулоқот кард.

Бо иштироки аъзоёни созмонҳои ҷавонони факултаҳои Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев ва донишҷӯён дар толори хониши донишгоҳ ҷаласи корӣ баргузор гардид.

Воскресенье, 23 сентября 2018 16:09

МУЛОҚОТ РАИСИ ВМКБ БО ДОНИШҶӮЁНУ ҶАВОНОН

Дар доираи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону роҳбарони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раиси вилоят Шодихони Ҷамшед бо муҳассилини донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёношо Назаршоев ва ҷавонон мулоқот кард.

Субҳи рӯзи 14-уми сентябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар вазъияти тантанавӣ бинои Донишгоҳи Осиёи Марказиро ифтитоҳ намуданд.

Бинои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ дар асоси шартномаи байналмилалӣ байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Фонди Оғохон сохта шуда, аз биноҳои таълимии дуошёна ва се ошёна иборат мебошад.

Тибқи нақшаи кулл бинои донишгоҳ дар маҷмуъ дар масоҳати зиёда аз 80 гектар дар се қисмат бунёд карда мешавад. Айни замон қисмати якуми он дар масоҳати наздики 15 гектар қомат афрохта, имрӯз бо сифати баланд ва мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонии таълим ба истифода супорида шуд.

Зимни сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинои нави маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро ифтитоҳ намуданд.

Мавриди зикр аст, ки ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб аз соли 1932 таъсис ёфта, то имрӯз кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бинои асосии худро надоштанд. Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони он дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатӣ соҳиби бинои наву замонавӣ гардиданд. Ин иқдоми наҷибонаи Сарвари давлатро сокинони ноҳияи Мурғоб тӯҳфаи арзанда дар рӯзҳои таҷлил аз солгарди Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ намуданд.

Страница 118 из 122

Search