Today in a neutral territory between the Guliston and the Kyzyl-Bel checkpoints, a meeting of working groups was held under the leadership of the Chairman of the State Committee for National Security of Tajikistan Saimumin Yatimov and the Chairman of the State Committee for National Security of the Kyrgyz Republic Kamchibek Tashiev.

30 апрели соли 2021 дар минтақаи озоди байни гузаргоҳи «Гулистон» ва гузаргоҳи «Кизил-Бел» мулоқоти гурӯҳҳои корӣ таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.С. Ятимов ва Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон Қ.Қ.Ташиев баргузор гардид, ки дар рафти он масъалаҳои ба эътидол овардани вазъ дар қаламравҳои сарҳадии ҳарду ҷумҳурӣ баррасӣ шуданд.

30 апреля 2021 года в нейтральной территории между КПП «Гулистон» и КПП «Кызыл-Бел» состоялась встреча рабочих групп под руководством Председателя ГКНБ Республики Таджикистан Ятимова С.С. и Председателя ГКНБ Кыргызской Республики Ташиева К.К., в ходе которой обсуждены вопросы по стабилизации обстановки в приграничных территориях обеих республик.

30 апреля 2021 года в нейтральной территории между КПП «Гулистон» и КПП «Кызыл-Бел» состоялась встреча рабочих групп под руководством Председателя ГКНБ Республики Таджикистан Ятимова С.С. и Председателя ГКНБ Кыргызской Республики Ташиева К.К., в ходе которой обсуждены вопросы по стабилизации обстановки в приграничных территориях обеих республик.

Четверг, 29 апреля 2021 10:06

Тақдими китобҳои нав ба ДДХ

Имрӯз, 30 апрели соли 2021, аз ҷониби Институти «Ҷамъияти Кушода» Бунёди Мадад – Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев 10 нусха китоби фалсафии Карл Поппер «Ҷомеаи кушода ва рақибони он» тақдим карда шуд.

Китобҳоро директори барномаҳои бахши таҳсилот, “Дастгирии таҳсилот”, “Инкишофи барвақтӣ”, “Ҳунар ва фаъолнокии иҷтимои”- и Интститути "Ҷамъияти Кушода" – Бунёди мадад дар Тоҷикистон Назархудо Дастамбуев дар ҳузури муовини ректор оид ба таълим Мамадризо Алимшоев ва ноиби ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Олга Сайфуллоева ба донишгоҳ тақдим намуд.

Зикр шуд, ки асари мазкур дар таърихи навини фалсафаи иҷтимоӣ асари калидӣ ба шумор рафта, барои ташаккул додани идеяҳои фалсафӣ дар саросари дунё таъсирбахш мебошад. Он афкори фалсафии олим, файласуфи австриёию бритониёӣ Карл Попперро дар бар гирифта, давоми солҳои 1938 – 1947 эҷод шудааст.

Тарҷумаи китоби К. Поппер ба забони тоҷикӣ соли 2020 аз тарафи профессори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддини Айнӣ ва корманди илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои кишвар Рамазон Назариев ба забони тоҷикӣ тарҷума шуда, бо қалами доктори илмҳои филология, профессори шодравон Баҳриддин Камолиддинов таҳрир гардидааст.

Мавриди қайд аст, ки Институти "Ҷамъияти Кушода" – Бунёди мадад дар Тоҷикистон аз соли 1996 фаъолият дошта, дар ҳалли масоили муҳими иҷтимоиву фарҳангӣ тариқи пешниҳоди грантҳо, ки аз ҷониби сармоягузорони гуногуни давлативу ҷамъиятии дохил ва хориҷи кишвар, ки аз ҷиҳати моддӣ ва молиявӣ дастгирӣ меёбанд, ҳиссагузор мебошад.

Четверг, 29 апреля 2021 06:06

Баррасии рисолаи номзадӣ

Бо мақсади сари вақт барои ҳимоя пешниҳод намудани рисолаи номзадӣ ва дар асоси нақшаи кории Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ - педагогии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев дар озмоишгоҳи экологияи таҷрибавии донишгоҳ рисолаи номзадии муаллимаи калони кафедраи биологияи умумии донишгоҳ Зубайда Шомамадова таҳти унвони «Хусусиятҳои агробиологӣ, ҳосилнокии шаклҳои маҳаллии чормағзи юнонӣ ва афзалиятҳои парвариши он дар шароити Помири Ғарбӣ» дар ҳузури мутахассисони соҳаи биология мавриди муҳокимаву хулосабарорӣ қарор гирифт.

Профессор Мамадризохонов А., номзадони илм - Содатқадамова Т, Наврузбекова М., Хусравбекова З., Карамхудоев Ҳ., мудири шуъбаи болозикр Шофақирова Р. ва дигар омӯзгорон ба Шомамадова З. барои мувофиқи талабот пешниҳод намудани рисолаи номзадӣ маслиҳатҳои муфид дода, кори номбурдаро анҷомёфта арзёбӣ карданд.

Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ – педагогии ДДХ

Четверг, 29 апреля 2021 03:55

СОВМЕСТНОЕ ЗАЯВЛЕНИЕ Featured

Созданные по инициативе правительств Республики Таджикистан и Кыргызской Республики комиссии по урегулированию вооружённого конфликта на приграничных районах РТ и КР случившегося 29.04.2021 г.,

29-уми апрели соли 2021, соати 10:45 дақиқа, зимни муноқишаи сокинони маҳаллаҳои Сомониёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кок-Тоши Ҷумҳурии Қирғизистон, шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон ба тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз камони шикорӣ тир холӣ карда, шаҳрванди ҶТ

29 апреля 2021 года в 10:45 минут, в ходе конфликта жителей махаллы Сомониён джамоата Чоркух города Исфара Согдийской области Республики Таджикистан и жителей махаллы Кок-Таш Баткенского района Баткенской области, со стороны граждан Кыргызской Республики был открыт огонь из огнестрельного оружия в сторону граждан Республики Таджикистан.

Дар асоси нақшаи кории Шуъбаи илм ва инноватсия шурӯъ аз 26 то 27 апрели соли 2021 конференсияи (апрелӣ) илмӣ – методии устодон ва донишҷўёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо баргузор гашт.

Ёдовар мешавем, ки конференсия бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 202-2040» гузашта, онро ректори донишгоҳ - доктори илмҳои физикаю математика, профессор Гулзорхон Юсуфзода ҳусни ифтитоҳ бахшида буд.

Чорабинии илмӣ ҳамзамон кори худро дар бахшҳо идома дода, дар рафти он зиёда аз 350 маърўзаҳои омўзгорон, магистрҳо, доктор Рhd ва донишҷўён пешниҳод шуданд.

Мавриди қайд аст, ки маърўзаҳои устодон ҷанбаи илмӣ дошта, бо далелҳои асосноку илмӣ мавриди таваҷҷуҳи иштирокдорони конференсия қарор гирифтанд. Бар замми ин, аксарияти маърўзаҳои баррасишудаи омўзгорон ва донишҷўёну магистрҳо масъалаҳои мубрам ва омўхтанашударо дар бар гирифта, дар сатҳи баланд омода гаштанд.

Дар ҷамъбасти конференсияи илмӣ-методии устодону донишҷўён муовини ректор оид ба илм ва инноватсия - н.и.б., дотсент Содатқадамова Таҳмина ва роҳбарони бахшҳо иштироку баромад намуда, барои кору фаъолиятҳои минбаъда фикру пешниҳодҳои судмандро баён карданд.

Страница 2 из 122

Search