Оғози Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст ” дар ДДХ

16 апрели соли равон бо иштироки ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ (ДДХ) ба номи Моёншо Назаршоев, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Гулзорхон Юсуфзода даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар сатҳи донишгоҳ оғоз ёфт.

Дар озмуни донишгоҳӣ ҳайати ҳакамон ва 100 нафар иштирокчӣ аз миёни муҳассилини факултетҳои ДДХ фаъолона иштирок намуданд.

Профессор Г. Юсуфзода дар ифтитоҳи чорабинӣ ба иштирокчиён барору комёбӣ таманно намуда, қайд кард, ки маҳз бо иқдоми бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин озмунҳои муҳими ҷумҳуриявӣ роҳандозӣ гашта, таваҷҷуҳи табақаҳои гуногуни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба китобҳониву тақвияти неруи зеҳнӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ ва таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ аз аввала бештар шуд.

“Боиси ифтихор аст, ки имрӯз Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар тамоми кишвар ва ҳатто берун аз он дастгирию ҳамовозӣ пайдо карда, қишриҳо гуногуни ҷомеа онро бо як дигармии хоса мепазиранд. Дар ин росто Раёсати Донишгоҳи давлатии Хоруғ омода аст, то иштирокчиёни озмун ва ҳам устодони онҳоро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ намояд” – афзуд ректори донишгоҳ.

 

Мавриди зикр аст, ки озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо, ходимони илмӣ), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар) таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 баргузор мешавад.

Маблағи умумӣ барои ҷойҳои 1, 2, 3-и озмун 2 250 000 сомониро ташкил медиҳад ва барои ғолиби Шоҳҷоиза 70 000 сомонӣ тақдим мегардад.

Барои дарёфти Шоҳҷоиза довталабоне метавонанд иштирок намоянд, ки дар даври ҷумҳуриявӣ аз рӯйи номинатсияҳои пешниҳодшуда ҷойҳои якумро сазовор гардидаанд. Шоҳҷоиза ба иштирокчие дода мешавад, ки аз чор номинатсия (адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти шифоҳӣ ва бачагона, адабиёти ҷаҳон) беш аз 70 фоизи осори назмию насрии тавсияшударо мутолиа ва ҳифз намудааст.

Search