МУЛОҚОТ БО УСТОДОНУ ДОНИШҶӮЁН

Имрӯз, 16 апрел, дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Хоруғ мулоқоти сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, полковники милитсия Мирзомуродзода Рустам Тағоймурод бо устодону донишҷўёни донишгоҳ баргузор гардид.

Нахуст ректори Донишгоҳ, профессор Юсуфзода Гулзорхон Амиршоҳ сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ ва меҳмононро барои ташриф овардан ба донишгоҳ хайра мақдам гуфта, иброз намуд, ки ҳоло таваҷҷуҳи тамоми мардуми соҳибиқболи кишвари азизамон аз ҳарвақта бештар ба сазовор таҷлил намудани ҷашни бузурги миллат - сисолагии Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Тоҷикистониён муҳиммияти ҷашни 30 - солагии соҳибистиқлолиро комилан дарк намуда, ҳар яки онҳо ба шуғлу меҳнати бунёдкорона машғуланд. Вале болотар аз ҳама, дар Ватани азизамон ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди созандагӣ пойдор аст. Дар ин раванд аҳли маориф ва илм созандагони ҷомеаи муосири кишвари азизамон мебошанд. Маҳз аз ин хотир, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро “Соҳаи ҳаётан муҳим, афзалиятнок, сарнавиштсоз, омили муҳимтарини наҷоти миллат аз ғафлату нодонӣ ва таҳкими давлат эълон карда, муаллимро равшангари ақлҳо” номидаанд. Дар партави чунин ҳидоятҳои Пешвои миллат ва ҳадафи бунёди давлатдории навини тоҷик, эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд, дунявӣ бо асосҳои миллӣ, таъмини рушди босуботи иқтисодии кишвар, сиёсати тарбияи насли солим яке аз самтҳои муҳими давлатӣ қарор дода шудааст, - қайд кард ректори донишгоҳ.

Зикр гардид, ки дар радифи аҳли маориф кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маҳорати касбӣ ва иқтидори зеҳниашон дар печутоби душвори роҳи истиқлолият бо мақсади бунёди давлати соҳибихтиёр дар асоси принсипҳои башарӣ, асосҳои миллӣ, таърихӣ ва арзишҳои фарҳангӣ чун ҳомӣ ва сипари давлату миллат обутоб ёфта, дар таҳкими сулҳу Ваҳдати миллӣ саҳми босазо гузошта истодаанд.

Воқеан ҳам мақомоти милитсия ва сохторҳои он як рукни устувори давлату давлатдорӣ, сутуни истиқлолияти миллӣ ва кафили амнияту осоиштагӣ мебошанд. Он бо дастгирӣ ва раҳнамоии Пешвои миллат чун сипари боэътимоди давлат ташаккул ёфта, имрӯз қодир аст давлату кишвари азизамонро дар ҷараёни пуртазоди ҷаҳонишавӣ, фазои васеи иттилоотӣ, бархўрди тамаддунҳою манфиатҳои геополитикӣ аз ҳар гуна хатару таҳдид муҳофизат намояд.

“Дар фазои иттилоотии ҷаҳонӣ мо танҳо бо ахлоқи ҳамидаи миллӣ, одоби арзиши азалии тоҷикона рақобат карда метавонем. Ҳозиразамон будани ҷавонон бояд дар пояи фарҳангӣ миллӣ ташаккул ёфта, насл ҷавони мо бояд бешуурона, тақлиди кӯр -кӯрона ба фарҳанги бегона накарда, танҳо ҷиҳатҳои пешқадами фарҳанги башариро қабул намоянд”- афзуд профессор Г. Юсуфзода.

Мирзомуродзода Рустам Тағоймурод, сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ дар баромади худ вобаста ба масоили пешгирии наврасону ҷавонон аз ҷинояту ҷинояткорӣ, шомилшавии ҷавонону наврасон ба гурӯҳҳои ифротӣ, террористиву-экстремистӣ ва дигар мавзӯъҳои муҳим ҳарф зада, перомуни Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ва ғамхории Сарвари давлату Ҳукумати кишвар нисбати ҷавонону наврасон ва муҳассилин ҷумҳурӣ андешаронӣ намуд.

Зикр гардид, ки Роҳбарияти Олии мамлакат тамоми талошҳои худро ба он равона намудан, то ҷавонону наврасон соҳиби илму маърифат, касбҳои гуногун ва мутахассиси хуб шуда, баҳри ободонӣ ва пешрафти Ватани азизи худ саҳми арзандаи худро гузоранд.

“Баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии "Илм-фурӯғи маърифат", ки бо пешниҳоди Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шудааст, барои баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён ва ҷавонону наврасон таъсири манфиатбахш мерасонад” – афзуд Сардори Раёсати РВКД дар ВМКБ.

Дар анҷоми вохурӣ донишҷӯёну устодон суханронӣ намуда, аз хусуси сулҳу субот, тинҷию амонӣ, ғамхорӣ ва сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ибрози андешаву миннатдорӣ баён намуданд.

Сипас, ректори донишгоҳ Юсуфзода Гулзорхон Амиршоҳ ва як қатор устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба хотири иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон ҷиҳати арҷгузорӣ ба омӯхтани забон, таъриху фарҳанги бостонии тоҷикон, баҳри ҳамкориҳои судманд бо мақомоти корҳои дихилӣ, саҳми арзанда гузоштан дар ҷодаи маърифат, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, садоқат ба Ватан бо  "Сипоснома"- ву тӯҳфаҳои арзишнок ва мукофотпулӣ аз номи Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарафароз гаштанд.

 

 

 

 

Search