ҒОЛИБИЯТ МУБОРАК!

Аҳли Донишгоҳи давлатии Хоруғ магистранти донишгоҳ Сурма Каримоваро барои ҳимоя намудани шарафи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастхобонӣ ва ба даст овардани ҷойи ЯКУМ самимона табрик карда, дар фаъолиятҳои минбаъдаашон барору комёбиҳои тоза мехоҳанд.
Бояд гуфт, ки чемпионати ҷумҳуриявӣ бахшида ба сисолагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта, номбурда ҳамзамон бо медалу дипломи Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши мамлакат муҳтарам Абдулло Раҳмонзода мушарраф шуд.

Search