Ғамхории ҳамаҷониба нисбати паррандагон

Дар факултети биологияи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ба хотири ҳифзу ғамхории ҳамаҷониба нисбати паррандагон маҳфили илмӣ – фарҳангӣ гузароида шуд.

Чорабинӣ таҳти роҳбарии омӯзгори факултет Муҳаббат Алиназарова дар доираи Рӯзи байналмилалии паррандагон гузашта, дар он донишҷӯёни факултет оид ба паррандагони нодири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он маъмумот гирифтанд.

Дар ҷараёни чорабинӣ намоиши мусаввараю наворҳои видеоӣ перомуни паррандаҳои гуногуни олам, намоишномаи муҳассилин дар хусуси ҳифз ва худдорӣ кардан аз шикори паррандагон пешкаш гардид.

Инчунин, дар доираи маҳфил викторинаи саволу ҷавоб ва рақсу суруд пешниҳод шуда, дар ин росто донишҷӯён аз худ маҳорату истеъдоди баланд нишон доданд.

Хотиррасон бояд кард, ки парандаҳо яке аз қиркунандагони ҳашаротҳои зараровари кишоварзӣ маҳсуб меёбанд. Ҳар як фасл парандагони хоси худро дорад. Бо иваз шудани фасли сол парандаҳо низ макони зисти худро иваз мекунанд.

Дар таркиби олами ҳайвоноти Ҷумҳурии Тоҷикистон қатори парандаҳо мавқеи хоса дорад. Муайян карда шудааст, ки орнитофаунаи ҷумҳуриамон беш аз 400 намуд буда, аз ин миқдор 43 намуди онҳо ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон номнавис шудааст.

Ҳамасола Академияи  миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е. Н. Павловский дар якҷоягӣ бо Иттиҳодияи ҳифзи табиат ва гуногунии биологии Тоҷикистон яке аз парандаҳои нодири Тоҷикистонро бо мақсади барқарор ва афзун намудани саршумори он парандаи сол интихоб менамоянд.

Имсол шоҳуқоб парандаи соли 2021 интихоб гардид, ки он яке аз калонтарин намуди парандагони оилаи лочинҳо ба шумор меравад. Ин парандаи соҳибчанголи пурқувват ва чолок дар баландиҳои зиёд ва гӯшаҳои дастнорас вомехӯрад. Дар ҳудуди Тоҷикистон шоҳуқоб дар минтақаҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳ вомехӯрад. Дарозии бадани шоҳуқоб беш аз 95 см ва дарозии болҳои он то 2,5 м-ро ташкил медиҳад. Вазни ҷинсҳои модина то ба 7 кг ва ҷинсҳои нарина то ба 4,6 кг мерасад.

Узви биноии шоҳуқоб хеле хуб инкишоф ёфтааст. Вай метавонад тўъмаи худро дар масофаи то 4 км мушоҳида намояд. Шоҳуқоб метавонад дар баландиҳои зиёд парвоз намояд, ки парандагони дигар чунин қобилиятро надоранд. Суръати парвози он ҳангоми таъқиби тӯъма то ба 300 км дар як соат мерасад. Шоҳуқоб дар ҳудуди Тоҷикистон паҳншавии васеъ дорад, аммо онро парандаи муқаррарӣ ҳисобидан ҷоиз нест. Ин паранда ҳамчун намуди осебпазир ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардида, ба ғамхорию ҳифзи ҳамаҷонибаи инсон ниёз дорад.

Рӯзи парандагон ҳамасола чун ҷашни байналмилалии экологӣ дар тамоми сайёра таҷлил мешавад. Ин ҷашн ҳанӯз соли 1894 дар ИМА пайдо шуда, мақсади асосиаш ҳифзи гуногунӣ ва шумораи парандагон мебошад. Рӯзи байналмилалии парандагон аз Амрико ба Аврупо ва баъдтар ба Русия гузашта, хушбахтона, давоми чанд сол аст, ки  дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳам ҷашн гирифта мешавад.

Факултети биологияи ДДХ

Search