Бо иштироки ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, профессор Гулзорхон Юсуфзода ва омӯзгорону донишҷӯёни факултети математика “Маҳфили математикӣ” гузаронида шуд.

Мақсад аз баргузории маҳфил, ҷалби донишҷӯён ба омӯхтани фанҳои дақиқу риёзӣ ва ҳамзамон амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои донишгоҳу факултети математика бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” мебошад.

Бояд гуфт, ки дар фарҷоми маҳфил як қатор омӯзгорону донишҷӯёни факултет баҳри фаъолияти хуби корӣ ва саҳми босазо гузоштан дар маҳфил бо ифтихорномаҳои ректори донишгоҳ қадр карда шуданд.

Факултети математика

Зери ҳамин унвон дар толори хониши Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бахшида ба 76 - умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги  Ватанӣ конференсияи илмӣ - амалӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ бо ибтикори факултети таърих ва ҳуқуқи донишгоҳ гузашта, дар он муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Таҳмина Содатқадамова, декани факултет Лола Назархудоева ва устодону дониҷӯёни факултет иштироку баромад намуданд.

Т. Содатқадамова дар ифтитоҳи конференсия қайд намуд, ки Рӯзи Ғалаба низ дар радифи дигар санаҳои фаромӯшнашаванда инсоният мақом дорад. Таҷлили иди Ғалаба бар фашизм агар аз як тараф ҷашни пурифтихор бошад, аз ҷониби дигар инсониятро огоҳ месозад, ки барои таъмини сулҳ дар дар сайёраи замин масъулияти бештаре дошта бошад. 

-Ҷашни ғалаба далели қадршиносӣ ва пос доштани хотири онҳоест, ки барои Ватан ва озодии инсоният ҷонбозӣ намудаанд. Фашизм ҳамчун як ҷаҳонбинии ифротгарою миллатчӣ, ки ба бадбинии миллӣ асос ёфта буд, ҷаҳонро ба гирдоби ҷанги ҷаҳонӣ кашида, тамаддуни инсониятро дар хатар гузошт. Маҳз натиҷаи дӯстии халқҳои озодихоҳ боиси шикасти он гардид. Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ вазнинтарин имтиҳони инсоният дар асри гузашта буда, доманаи он ҳудуди 40 давлат, 22 миллион масоҳати заминро фаро гирифта, 70 давлат бевосита дар амалиётҳои ҷангӣ иштирок намуданд. Хисороти ҷонӣ дар ин ҷанг 55 миллионро ташкил дод, - иброз намуд Т. Содатқадамова.

 Дар идомаи конференсия қайд гардид, ки Рӯзи Ғалаба барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо тоҷикистониён азиз у гиромӣ аст. Халқи тоҷик низ аз озмоишҳои сангини Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар канор намонд, чунки зиёда аз 260 ҳазор ҳамватанонамон, аз ҷумла  зиёда аз 3 ҳазор бадахшониён дар корзори ҷанг барои мудофиаи Ватан ҷангида, саҳми босазои хешро гузоштаанд. Зиёда аз 90 ҳазор ҳамдиёрони мо аз ҷанги ҷаҳонӣ барнагашта, баҳри озодӣ ва муҳофизати Ватан қаҳрамонона шаҳид гаштанд. Барои шуҷоату мардонагӣ зиёда аз 60 нафар ҳамдиёрони мо бо унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардиданд.

 Зикр гардид, ки Рӯзи Ғалаба рамзи ватандӯстӣ, истиқлолу озодихоҳӣ, фидокорӣ, иттиҳод ва рӯҳи шикастанопазири халқҳои мост. Иди Ғалаба поси хотири шаҳидони роҳи озодӣ, қадрдонии мардон дар набардҳои шадид ва заҳматкашони ақибгоҳ мебошад. Ин як сабақи ибратомӯзи таърих барои наслҳои имрӯза ва фардост. Рӯзи Ғалаба моро ҳушдор медиҳад, ки сулҳу амният, осудагию амонӣ, ваҳдату ягонагӣ, истиқлоли миллӣ  неъмати бебаҳоянд ва мо бояд ҳамеша барои ҳифзашон омода бошем. Онҳоро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем, зеро ҳеҷ чизи дигар дар баробари ҳаёт, ҷони инсон, озодиву истиқлоли миллӣ арзиши олӣ дошта наметавонад.

Ҳарчанд он рӯзҳои мудҳиш ба саҳифаи дуртари таърих ворид гарданд ҳам, сабақ ва доғи он рӯз аз рӯз аёнтар мегардад. Бинобар ин омӯзиш, дид ва хулосаю баҳои навро талаб менамояд.

Ба ин маънӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониашон ба аҳамияти омўзиши фаъолияти пурсамар, фидокории фарзандони халқу ватан, сабақҳои таърихӣ ишора намуда, қайд намуданд, ки «Фарзанди халқу миллате, ки гузаштаашро фаромўш кардааст ва хотираи таърихиашро пос намедорад, хоҳу нохоҳ аз ғояти кўтоҳандешӣ ояандаашро низ инкор мекунад».

 Қадршиносии пирони рӯзгордида, собиқадорони дар корзори меҳнату ҷанг обу тоб ёфта, ки дар ободонии Ватан зина ба зина саҳми арзанда гузоштаанд, дар маркази сиёсати ҳифзи иҷтимоии Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ мухтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дар партави ин сиёсат мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ низ ҳамеша баҳри беҳбудии иҷтимоӣ ва дастгирии пирони рӯзгордида кӯшиш менамояд.

Бо мақсади омӯзиши сабақҳои таърихи ҷанги ҷаҳонӣ, тарбияи ватандӯстӣ, гиромидошти хотираи шаҳидон ва собиқадорони ҷангу меҳнат раёсати донишгоҳ тасмим гирифт, ки чорабинии сиёси фарҳангиро бахшида ба рўзи ғалаба бар фашизм   таҳти мавзӯи  «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромўш нахоҳад шуд» ташкил намояд.

Мавриди зикр аст, башарият аз замони пайдоиши олам ин гуна ҷанги хонумонсўз ва фоҷиаи мудҳишро аз сар нагузаронидааст. Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939-1945) аз рўи миқёсу андоза даҳшатноктарин ҷанг дар таърихи башарият буда, дар он беш аз 72 давлати хурду бузурги олам ширкат варзида, доманаи амалиётҳои ҳарбӣ ба ҳудуди 40 давлати ҷаҳон вусъат ёфтанд.

Дар конференсия инчунин, Дилдоров Г., ассистенти кафедраи таърихи умумӣ Саидраҳмонов Н., ассистенти кафедраи таърихи халқи тоҷик, Лашкарбекова Рисола, донишҷӯи курси чоруми шуъбаи таърих, Давлатшоева Л., донишҷӯи курси чорум шуъбаи таърих баромад намуда, маърӯзаҳои “Муҳорибаи Сталинград”,“Саҳми фристодагони тоҷикстон  дар  ҶБВ”,“Муносибатҳои байналхалқӣ дар арафаи ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва Иттиҳоди Шӯравӣ дар он” ва “Тақсимоти баъдиҷангии ҷаҳон ва мавқеи Иттиҳоди Шӯравӣ дар он” – ро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.

Насим Саидраҳмон, ёвари ректори ДДХ

Раёсати Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, ҳайати профессорону омўзгорон ва кормандони донишгоҳ, профессори кафедраи  таърихи умумӣ Ҳоҷибеков Элбонро барои бомуваффақият ҳимоя намудани  рисолаи докторӣ самимона табрику таҳният гуфта, барои фатҳи  қуллаҳои  нави илмӣ пирўзиҳои рўзафзунро таманно менамоянд.

Дар толори хониши Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев дар мавзӯи «Ташхиси педагогии кӯдакони нуқсондор» дарси кушоди намунавӣ аз фанни педагогика гузаронида шуд.

Дарси кушод таҳти роҳбарии омӯзгори кафедраи педагогика, психология ва методикаи таълими донишгоҳ Нурбибӣ Ғарибмамадова дар гурӯҳҳои дефектология, олигофренопедагогика, сурдопедагогика, логопедияи факултети биология бо ширкати омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни соли якуми факултет гузашта, дар рафти он ҳамаи паҳлӯҳои мавзӯъ пурра таҳлил гардид.

Дар умум дарс тариқи маърӯзаву айёниятҳои марбут сурат гирифта, ба қоидаҳои маъмули педагогӣ ҷавобгӯ буд.

Омӯзгори дарсдиҳанда қайд намуд, ки муҳассилинро мебояд тамоми нозукиҳои мавзӯъро омӯзанд, дар оянда дар асоси таълимоти назариявию амалӣ бар хислатҳои неку барҷастаи инсонӣ такя карда, бо чунин гурӯҳи кӯдакон кору фаъолият намоянд.

Қисмати дигар дарс аз викторинаи саволу ҷавоб иборат буда, рақобати гурӯҳҳо дар он ҷолибу шавқовар гузашт.

“Фурӯғи Маърифат”

Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев яке аз муассисаҳои бонуфузи олии таълимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳамасола ҳазорҳо мутахассисони касбу кори гуногунро тарбияву ба камол мерасонад.
       
Беҳуда нест, ки ин боргоҳи илму маърифатро баъзан “Донишгоҳи Боми Ҷаҳон” ё “Донишгоҳи зодаи Истиқлолият” ном мебаранд. Зеро донишгоҳи мазкур бо Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 1992 № 294 ташкил ёфта, аз 1-уми октябри ҳамон сол ба фаъолият шурӯъ намудааст.
Донишгоҳ дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои зиёд ноил шуда, дастпарварони он, чи дар дохили ҷумҳурӣ ва чи берун аз он, ба сифати олимону мутахассисони варзидаю баландихтисос кору фаъолият менамоянд. Маҳз ин даврон барои муассисаи олӣ имконият дод, ки шароити таҳсилу бозомӯзӣ, марказҳои инноватсионӣ, озмоишгоҳҳои муосири таълимӣ, ташхисгоҳҳо, толорҳои ҷаласавию кабинетҳои фаннӣ, хобгоҳҳои замонавӣ, синфхонаҳои васею барҳаво ва муҷаҳҳаз бо ҳама таҷҳизот дар он бунёду тақвият ёбанд. Яъне феълан назири чунин имкониятҳои мавҷуда, ҳатто донишгоҳҳои Осиёи Миёна кам аст.



Мавриди қайд аст, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 24 ноябри соли 2020 № 610 роҳбарии Донишгоҳи давлатии Хоруғро ректори он - доктори илмҳои физикаю математика, профессор Юсуфзода Гулзорхон Амиршоҳ бар зимма дорад. Аҳли донишгоҳ аз он мефахранд, ки чунин роҳбари меҳанпарасту пуртаҷриба, дорои зеҳни баланд ва бо маънии томаш олими шинохтаи кишварро доранд. Дар муддати начандон тӯлонии роҳбарии номбурда, дар донишгоҳ Маркази илмӣ - фарҳангии Федератсияи Русия кушода шуда, ба хотири боз ҳам таҳким ёфтани сатҳу сифати таълим ёддошти тафоҳуми ҳамкории донишгоҳ бо созмону ташкилотҳои гуногун ба имзо расонида шуд. Инчунин, чанде пеш донишгоҳ соҳиби ошхонаи барҳавою муосир барои омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёну меҳмонон гардид.

МАРКАЗИ ТАВОНОИ ИЛМИЮ ТАЪЛИМӢ

Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ донишгоҳ бо дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як маркази тавонои илмию таълимӣ ва тарбияи кадрҳои омӯзгорӣ табдил ёфт.

Дар ин муддат тарбияи ахлоқӣ, ташаккули худшиносии миллӣ ва тақвияти маънавиёту маърифат боло рафта, донишгоҳро зиёда аз 10 ҳазор нафар бо ихтисосҳои гуногун, аз ҷумла зиёда аз 8 ҳазор нафар бо ихтисосҳои педагогӣ хатм намуданд, ки аксарияти онҳо дар мактабҳои миёна, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ниҳодҳои қудратӣ, муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, созмонҳои дохили кишвар ва берун аз он кор мекунанд.


Имрӯз донишгоҳ дорои ҳашт факултет – факултетҳои “Математика”, “Биология”, “Забонҳои хориҷӣ”, “Илмҳои табиӣ”, “Таърих ва ҳуқуқ”, “Филологияи тоҷик”, “Иқтисод” ва “Педагогӣ” буда, аз рӯи 58 ихтисос, аз ҷумла 36 ихтисоси омӯзгорӣ ва 22 ихтисоси соҳавӣ мутахассисонро омода менамояд. Дар донишгоҳ чор ихтисоси нав журналист-тарҷумон, ҳуҷҷатшиносӣ ва таъмини ҳуҷҷати идора, иқтисодиёт ва идораи сайёҳӣ, таъминоти ҳуқуқи фаъолияти соҳибкорӣ дар корхонаҳои хурду миёна кушода шуданд, ки бевосита аз таваҷҷуҳу ғамхории беназири роҳбарияти олии мамлакат гувоҳӣ медиҳад.

МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ

Дар донишгоҳ 346 нафар омӯзгорони доимӣ, 34 нафар устодони ҳамкори беруна, 201 нафар кормандони ёрирасон, техникӣ ва хоҷагӣ ба фаъолият ва корҳои илмию омӯзгорӣ машғул буда, дар маҷмӯъ 545 нафар кормандон ва устодон, аз ҷумла 271 нафар занон фаъолият мекунанд. Аз 344 нафар омӯзгор, 13 нафар доктори илм, 56 нафар номзади илм, ки аз инҳо 43 нафар номзади илм, дотсент ва 11 нафар номзади илм, муаллими калон, 129 нафар саромӯзгорон ва 161 нафар ассистентон мебошанд. Аз ин теъдод, як нафар академики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, як нафар узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи медали ба номи академик Н.И. Вавилови Академияи илмҳои табиатшиносии Федератсияи Русия дар соҳаи генетика ва селексияи растаниҳо, се нафар дорандагони Ҷоизаи президентӣ дар соҳаи маориф, ду нафар барандаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, 53 нафар “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ҳафт нафар “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ду нафар узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, се нафар “Аълочии матбуот” буда, ҳамзамон 13 нафар устодони донишгоҳ бо мукофотҳои гуногуни давлатӣ сарфароз гаштаанд.

Дар донишгоҳ аз рӯи зинаи таҳсилоти магистратура 127 нафар ва доктор РhD 12 нафар ба таҳсил фаро гирифта шуда, се нафар зинаи аспирантураро хатм намуданд. Инчунин, ҳафт нафар ба ҳайси унвонҷӯ қабул шудаанд.

НИЗОМИ КРЕДИТӢ

Қабули довталабон ба донишгоҳ тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, соли гузашта донишгоҳро зиёда аз 4800 нафар интихоб намуданд, ки аз ин шумора 868 нафар соҳиби унвони донишҷӯ гардиданд.

Қабул аз тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки дар донишгоҳ аз дигар манотиқи ҷумҳурӣ 272 нафар донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шаванд, ки чор нафари онҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии исломии Афғонистон мебошанд.

Донишгоҳ пурра ба низоми кредитии таҳсилот гузашта, ҷараёни таълим дар факултету кафедраҳо ва ихтисосҳои амалкунанда бо фарогирии 3822 нафар донишҷӯй, ки аз он 2613 нафар дар шӯъбаи рӯзона, 1068 нафар дар шӯъбаи ғоибона, 129 нафар дар шуъбаи магистратура ва 12 нафар дар докторантура PhD аз руи ихтисос, тибқи Квотаи президентӣ 364 нафар, ки аз онҳо 158 нафарашон духтарон мебошанд, дар асоси Низомномаи низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илм аз 30.12.2016, № 19/24 тасдиқ шудааст, роҳандозӣ мешавад.

ШАРОИТИ ХУБИ ТАЪЛИМ

Пойгоҳи моддию техникии донишгоҳ низ сол аз сол таҳким ёфта, айни ҳол дар донишгоҳ чор синфхонаи компютерӣ, ду маркази инноватсионӣ, маркази Ҳиндустон ва як кабинети лингофонӣ, чор озмоишгоҳи таълимӣ бо ҳамаи таҷҳизоти корӣ дар хизмати устодону донишҷӯён қарор доранд.



Айни ҳол дар донишгоҳ як китобхонаи марказӣ, китобхонаи факултети забонҳои хориҷӣ, китобхонаи маркази иқтисод, китобхонаи муосири электронӣ ва китобхонаи хобгоҳи донишҷӯён фаъолият доранд, ки фонди умумии онҳо зиёда аз 132 000 китобро дар бар мегирад.

ИЛМАТ БА АМАЛ ЧУ ЁР ГАРДАД...

Ҳайати профессорон ва омӯзгорони 20 кафедраи донишгоҳ айни ҳол аз болои 13 самт корҳои илмӣ - тадқиқотӣ ва ду мавзӯи фармоишӣ, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мешаванд, кор мекунанд. Танҳо соли гузашта, омӯзгорони донишгоҳ дар маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ ва хориҷи кишвар зиёда аз 350 мақолаҳои илмӣ – оммавӣ нашр намуданд. Дар соли 2020 ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ натиҷаи корҳои илмӣ – тадқиқотиро дар 1 монография, 6 китоб, 14 дастури методӣ ва 15 мақолаҳои дар маҷаллаҳои тақризшаванда ва инчунин маводҳои конференсияҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ рӯи нашр оварданд.

Барои ба табъ расонидани мақолаҳои илмӣ дар донишгоҳ маҷаллаи илмии “Паёми донишгоҳи Хоруғ” амал менамояд, ки дар як сол чор маротиба дар ду бахш - табиӣ ва гуманитарӣ ба табъ расонида мешавад. Ҳамзамон нашрияи “Фурӯғи маърифат” низ амал менамояд, ки дар ташаккули худшиносӣ ва маърифати донишомӯзону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев аз ибтидо то ин дам хидмати нотакрор кардааст.

Барои ҳарчи бештар ҷалб намудани донишҷӯён ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар назди кафедраҳо маҳфилҳои илмии донишҷӯён, аз қабили “Ҳуқуқшиносони ҷавон”, “Кишваршиносони ҷавон”, “Нозирони сабз”, “Математикони ҷавон”, “Омӯзгори наврас”, “Лингвистони ҷавон”, “Хониши бадеӣ”, “Гулафшон” ва “Химикони ҷавон” фаъолият менамоянд. Маҳфилҳо корҳои илмии донишҷӯёнро мавриди баррасӣ қарор дода, баҳри баланд бардоштани малакаю маҳорат ва ҷаҳонбинии илмии донишҷӯён ба хотири иштирок намудан, дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ - байналхалқӣ ва идома додани таҳсил дар риштаи магистратура кӯмак мерасонанд.

ГУСТАРИШИ РОБИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Муносибатҳои байналхалқии донишгоҳ бо мамлакатҳои хориҷӣ мустаҳкам буда, хатмкардагони донишгоҳ дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия, Англия, ИМА, Олмон ва дигар давлатҳо таҳсилро идома дода, соҳиби дараҷаи номзади илм, доктори илм ва магистр гардидаанд. Ҳамзамон, Донишгоҳи давлатии Хоруғ бо 12 лоиҳаи барномаи байналмилалии Эрасмус ҳамкорӣ карда истодааст. Лоиҳаҳои “CANQA - Барномаи Осиёи Марказӣ оид ба таъмини сифат ва аккредитатсия”, “PERSEUS - Рушди потенсиали илмӣ-тадқиқотии мактабҳои олии Осиёи Марказӣ”, “CIBELES - Барномаи таълимӣ дар асоси принсипҳои Болонӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист”, “ARCADE - Ҳаракати байналмилалии кредитӣ”, “PRO -TRAINING -Тайёр намудани омӯзгорони соҳаи педагогӣ”, “MEDIATE - Тайёр намудани барномаи таълимӣ дар соҳаи Информатика барои магистрон”, “QUADRIG - Истифода намудани принсипҳои Болонӣ ва координатсияи минтақавӣ”, “TACES -Тайёр намудани барномаи таълимӣ дар соҳаи Геополитика барои магистратура”, “gSMART - Ҳаракати байналмилалии кредитӣ”, “MIND-Рушди навовариҳои идоракунӣ”, “HiEdTec- Модернизатсиякунонии системаи мактабҳои олӣ дар Осиёи Миёна бо истифодаи техника ва технологияи муосир”, “UNICAC - Ҳамкории мактабҳои олӣ дар Осиёи Марказӣ ва давлати Чин” аз ҷумлаи онҳоянд.

Тариқи барномаҳои болозикр омӯзгорону донишҷӯён ба мамлакатҳои хориҷ сафар намуда, донишу малакаи хешро сайқал медиҳанд. Мутобиқи барномаҳои мазкур устодону донишҷӯёни донишгоҳ дар семинарҳо ва лоиҳаҳои байналмилалӣ дар давлатҳои Олмон, ИМА, Хиндустон, Испания, Иордания, Австрия, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Португалия, Болгария, Руминия, Эстония ва Туркия иштирок намуда, мубодилаи афкор намудаанд. Мавриди зикр аст, ки аз рӯи лоиҳаҳо ва барномаҳо дар донишгоҳ озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ, аз қабили озмоишгоҳи минерология ва петрография, озмоишгоҳи канданиҳои фоиданок, ГИС озмоишгоҳ, синфхонаҳои инноватсионӣ, озмоишгоҳи эксперименталии экологӣ, Маркази “Интеллект” барои донишҷӯдухтарон, Маркази илмӣ-тадқиқотӣ барои донишҷӯёни факултети иқтисод ва гармхона дар деҳаи Ҷелондӣ фаъолият доранд.



Ҳадафи асосии таъсиси Маркази “Интеллект” дастгирии донишҷӯдухтарон ҷиҳати баланд бардоштани фаъолнокӣ, омӯзиши дониш, малакаҳои нави касбӣ, фароҳам овардани муҳити равонии солиму созгор, беҳтар намудани шароити хуби зист дар хобгоҳ ва омода намудани онҳо ба зиндагии мустақилона мебошад. Инчунин, кӯмаки равонӣ ва омода намудани донишҷӯдухтарон ба кору фаъолияти меҳнати касбӣ баъди хатми донишгоҳ, дарёфти ҷойи кор дар бозори меҳнат аз мақсадҳои асосии барнома мебошанд.

Дар умум, давоми панҷ соли охир донишгоҳ бо шарикони рушду муассисаҳои гуногун 50 созишномаю ёддошти тафоҳуми ҳамкориро ба имзо расонидааст. Дар ин муддат муассисаи таълимӣ бо 14 лоиҳаи байналмилалӣ ҳамкории судмандро тавсеа дода, зиёда аз 100 семинару конференсияҳои байналмилалӣ гузаронд.
Қайд кардан зарур аст, давоми чанд сол аст, ки бо сабаби паҳншавии бемории Covid-19 дар ҷаҳон роҳу сарҳадҳо байни кишварҳо баста шуданд, аммо новобаста аз ин вазъ омӯзгорону донишҷӯён ба семинару тренингҳои онлайнӣ гузашта, фаъолиятро пеш мебаранд. Дар ҷараёни семинарҳо зиёда аз 110 нафар устодони донишгоҳ лексияҳои электронӣ ва видео-лексияҳоро омода намуданд.

ДАР ХОТИМАИ СУХАН

Сохтмони бинои наву ҳозиразамони таълимии ДДХ орзуи деринаи нафақат аҳли донишгоҳ, балки ҳамаи сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буда, маҳз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон бунёди он бо маром идома дорад.

Раёсати донишгоҳ аз он миннатпазиранд,ки бо дарназардошти вазъи ҷуғрофӣ Донишгоҳи давлатии Хоруғ таҳти ҳимояву ғамхории пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, ҳамеша дастгирӣ мегардад. Ҳайати устодону кормандон ва муҳассилини донишгоҳ аз ин дастгириҳои воқеӣ амиқан миннатдоранду дар навбати худ тамоми талошҳоро ба харҷ медиҳанд, то Донишгоҳи давлатии Хоруғ боз ҳам рушду пешрафт кунад.

javonon.tj

1 мая в городе Баткен Кыргызской Республики состоялось очередное заседание Правительственных делегаций Республики Таджикистан и Кыргызской Республики по делимитации и демаркации таджикско-кыргызской Государственной границы во главе с Председателем Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан С. Ятимовым и Председателем Государственного комитета национальной безопасности Кыргызской Республики К.Ташиевым.

1 май дар шаҳри Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи навбатии Ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон бо роҳбарии Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Ятимов ва Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон К.Ташиев доир гардид.

В Баткенской области (Кыргызстан) прошли  переговоры правительственных делегаций по делимитации и демаркации таджикско-кыргызской государственной границы.

Сегодня, 1 мая, в честь 30-летия Государственной независимости Республики Таджикистан и День международной солидарности трудящихся в Хорогском государственном университете прошел общеуниверситетский субботник по уборке и озеленению территории университета.

В работу по озеленение территорий включились сотрудники, преподаватели и студенты. Сотрудники и трудовой десант биологического факультета ХоГУ, вооружившись необходимым инвентарем, приступили к работе. Было высажено много саженцев и летних цветов.

Напомним, что общеуниверситетский субботник был организован по поручению ректора ХоГУ, профессор Гулзорхон Юсуфзода и в нём участвовали более 70 человек.

Дар факултети педагогии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев дар мавзӯи «Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" дарси соати тарбиявӣ – намунавӣ баргузор гашт.

Соати тарбиявӣ таҳти сарпарастии омӯзгори факултет Бахтибегим Нозимова дар шуъбаи педагогикаи иҷтимоӣ ва кори иҷтимоии факултет бо ширкати донишҷӯёни соли сеюм гузашта, дар рафти он мазмуну мӯҳтавои мавзӯъ ба донишҷӯён равшан шуд.

Қайд гардид, ки бо татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» давлатамон ба танзими муҳимтарин рукнҳои ҳаёти иҷтимоӣ, анъана ва маросимҳои миллию динӣ рў оварда, барои ба манфиати иқтисодӣ, устувории ҳаёти ичтимоӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон равона гардидани онҳо талошҳои воқеӣ намуд.

Ба таъкиди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ««…То расму ойин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем». Бинобар ин, риояи қонун ва танзими он барои ҳамаи табақаҳои аҳлоии мамлакат ҳатмист.

Дар дарс инчунин муҳассилин перомуни мавзӯъ маърӯзаҳо ва фикру ақидаҳои ҷолибро баён карда, сипас байни ҳозирин табодули афкор сурат гирифт.

Факултети педагогӣ

Страница 1 из 122

Search