Зан - Модар - тарбиятгар

Таҳти ҳамин унвон имрӯз, 6 март, дар толори хониши Донишгоҳи  давлатии Хоруғ бо ибтикори факултети педагогии донишгоҳ ба ифтихори Рўзи Модар конференсияи илмӣ - амалӣ баргузор гашт.

Дар чорабинӣ муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Таҳмина Содатқадамова, декани факултет Шоҳкарим Шоҳзиёев, мудири Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ – педагогӣ Рушонгул Шофақирова, масъули чорабинӣ - номзади илмҳои филологӣ Сайёра Алихонова ва дигар устодону донишҷӯёни факултет иштироку баромад намуданд.

Аз ҷумла, Шофақирова Р. - н.и.ф. оид ба “Нақши таърихии Зан - Модар дар суботи ҷомеа, Алихонова С. - н.и.ф. перомуни “Бузургон андар ситоиши Зан –Модар”, Курбоналиев Н. - омўзгори кафедраи тарбияи ҷисмонӣ оид ба “Саҳми бонувони варзишгар дар тарғиби ҳаёти солим”, Алиназарова М.- саромӯзгори кафедраи биология дар бораи “Мақоми зан дар ҷомеа”, Ғарибмамадова Н.- саромӯзгори кафедраи педагогика ва равоншиносӣ вобаста ба “Нақши бонувон дар пешрафти соҳаи маориф ва илм” маърӯзаҳои пурмӯҳтаворо ироа намуданд.

Инчунин, донишҷӯён Ақдодова Ш., Қосимшоева С. ва Санҷарова К. ашъори гуногунро дар васфи Зан – модар қироат карданд.

“Фурӯғи Маърифат”

Search