Чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи Модар

Панҷуми марти соли равон бахшида ба Рӯзи Модар дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бо иштироки муовини Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Назира Амирбекзода, намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ВМКБ, раёсату устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Баъди садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниро ректори донишгоҳ – доктори илмҳои физикаю математика, профессор Гулзорхон Юсуфзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, иброз намуд, ки Зан - Модар офаринандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши рўҳу ҷон мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар, ба ин шахсияти беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ўро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд.

“Зан-Модар ҳазорҳо нафар фарзандони бонангу номус, ҷасуру ватандўст, абармардони хирадманду фарзона, сиёсатмадорони номдору фидокор ва номбардори миллатро ба дунё оварда, дар оғўши пурмеҳри худ ба камол расонидааст ва онҳоро дар роҳи хизмат ба халқу Ватан раҳнамоӣ кардааст. Аз ин хотир, дўст доштан, эҳтиром кардан, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати модар расидан қарзи инсонии ҳар як фарзанди бедордил ва бонангу номус мебошад. Таҷрибаи ҳаёт ва таърихи башарият собит месозад, ки дар ҳар кишваре, ки ба модарону бонувон арҷи бештар мегузоранд, аҳолии он осудаву пешрафта мебошад”- гуфт ректори донишгоҳ.

Профессор Г. А. Юсуфзода дар идомаи суханрониаш махсус қайд кард, ки дар сатҳи давлатӣ ва ботантанаву шукўҳи хоса ҷашн гирифтани Рўзи модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди Ҳукумати кишвар, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати модарону занон мебошад.

Назира Амирбекзода, муовини Раиси ВМКБ аз номи муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилоят Ёдгор Файзов ҳозиринро ба муносибати ид табрику шодбош намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки

“Саодату сарфарозии мардум аз тинати поку ҳидояти неки модарон ва заҳмати шоистаи занони сарбаланду нозанини мост. Танҳо зани покгавҳар, нексиришт, ватанпарвар, хушахлоқ ва бомаърифат қодир аст бунёдгари ҷомеаи босаодат бошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саодати рӯзгору ободии диёрро дар Модар мебинанд: «Зан офарандаи нотакрори табиат, асоси саодатмандиву шукуфоӣ ва хулоса, нерӯи пешбарандаи ҷомеа аст. Саодату сарфарозии мардум аз тинати поку ҳидояти неки модарон ва заҳмати шоистаи занони сарбаланду нозанини мост. Танҳо зани покгавҳар, нексиришт, ватанпарвар, хушахлоқ ва бомаърифат қодир аст бунёдгари ҷомеаи босаодат бошад.Бонувони мо собит намудаанд, ки ин рисолати пуршарафро бо сари баланд ба иҷро расонида метавонанд. Офарандаи бахти аҳли башар, файзбахши меҳру вафо – Зан-Модар аст. Ин ҳама бузургиву беназирии Модар аст, ки маҳз дар айёми дӯстиву муҳаббат, фасли нозанини баҳор ва лаҳзаи беҳтарини он Рӯзи Модар таҷлил карда мешавад».

Фарде, ки тарбияи модарро дидаасту аз меҳрубонии ӯ бархӯрдор будааст, умре хушбахтии худро аз меҳри модар меҳисобад", - илова кард Н. Амирбекзода.

 Сипас, ректори донишгоҳ профессор Г. Юсуфзода, намояндаи ҲХДТ дар вилоят ба як қатор бонувони фаъолу барӯманд, арзанда ва кормандону донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ табрикномаи ректори ДДХ, мукофотпулӣ ва дигар тӯҳфаҳои хотиравиро тақдим намуда, барномаи рангини фарҳангӣ анҷомбахши мантиқии чорабинии идона гардид.

“Фурӯғи Маърифат”

Search