Паёми табрикии ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Гулзорхон Юсуфзода бахшида ба Рӯзи Модар

Бонувон, модарон ва хоҳарони гиромӣ!

 Модар офаринандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши рўҳу ҷон мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар, ба ин шахсияти беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ўро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд.

Меҳри модари мушфиқу ғамхор барои ҳар як фарзанд аз оғўши гаҳвора оғоз ёфта, ўро то лаҳзаҳои вопасини умр раҳнамоӣ мекунад ва мадору қувват медиҳад. Яъне, бўйи биҳиштии модар ва лаззати шири поку сафедаш аз машоми фарзанд ҳаргиз зудуда намегардад.

Барои ҳамин ҳам Рӯзи модар муборактарин рўз аст ва хизмати фарзанд дар қиёси ранҷу заҳматҳои модар фақат қатрае аз баҳр мемонад.

Зан-Модар ҳазорҳо нафар фарзандони бонангу номус, ҷасуру ватандўст, абармардони хирадманду фарзона, сиёсатмадорони номдору фидокор ва номбардори миллатро ба дунё оварда, дар оғўши пурмеҳри худ ба камол расонидааст ва онҳоро дар роҳи хизмат ба халқу Ватан раҳнамоӣ кардааст.

Аз ин хотир, дўст доштан, эҳтиром кардан, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати модар расидан қарзи инсонии ҳар як фарзанди бедордил ва бонангу номус мебошад. Таҷрибаи ҳаёт ва таърихи башарият собит месозад, ки дар ҳар кишваре, ки ба модарону бонувон арҷи бештар мегузоранд, аҳолии он осудаву пешрафта мебошад.

Дар сатҳи давлатӣ ва ботантанаву шукўҳи хоса чашн гирифтани Рўзи модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди Ҳукумати кишвар, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба модарону занон мебошад. Пешвои муаззами миллат дар яке аз суханрониҳояш баръало гуфтаанд: «Модар ягона мавҷдотест, ки инсон меофарад, ба ў ҳаёт мебахшад, ўро дар оғўши пургарму меҳри худ мепарварад, аввалин суханҳо ва гузоштани нахустин қадамҳоро ба тифлаш ёд медиҳад, фарзанди хешро бо ҳазор нияту орзуҳои нек ба воя мерасонад. Маҳз модар ҳамеша дар талош аст, ки фарзанд солиму бардам ба камол расаду соҳиби донишу илм ва касбу ҳунар гардад ва дар оянда ба ҷомеа хизмати шоиста намояд».

Хушбахтона, дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев зиёда аз 60 фисади омўзгорон ва кормандон занон мебошанд, ки ин эҳтироми хосса ва арҷгузории роҳбарияти донишгоҳ нисбати онҳо мебошад. Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ барои пеш бурдани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ теъдоди зиёди бонувон саҳмгузор буда, аз онҳо 20 нафарашон номзади илм ва як нафар доктори илм мебошанд. Умед дорам, ки Шумо ҳамчун офарандаи зиндагиву зебоӣ, бақои меҳру муҳаббат ва чароғи хонадон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон фаъолона ширкат варзида, ба хотири пешрафти давлатамон рисолати созандагии худро бо садоқату устуворӣ идома медиҳед.

Бо ҳамин умеду орзуҳои нек, Шумо, модарону бонувони азизро бори дигар ба муносибати ҷашни фархунда Рўзи модар табрик гуфта, ба ҳар кадоми Шумо тандурустиву саодатмандӣ ва дар ҳаёти оилавиатон меҳру муҳаббат, бахту иқболи нек ва рўзгори ободу осуда орзу менамоям.

Идатон муборак, бонувону модарони азиз!

Search