8 - УМИ МАРТ - ИДИ МОДАРОН

Дар ҳамин мавзӯъ дар факултети илмҳои табии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бахшида ба Рӯзи модар дарси намунавии тарбиявӣ баргузор гашт.

Дар дарс муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Таҳмина Содатқадамова, декани факултет Булбулназар Имомназаров ва омӯзгорону донишҷӯёни факултети илмҳои табиӣ иштирок намуданд.

Моҳияти мавзӯъро ассистенти кафедраи фанҳои табиӣ – илмӣ Маърифат Хусравова ба ҳозирин расонда, дар рафти он муҳассилин перомуни асолату рисолати Зан – Модар ашъору андешаҳои ҷолиб аз рӯи гуфтаҳои бузургон баён намуданд.

Зикр гардид, ки Рӯзи модар ҳар сол дар Тоҷикистони биҳиштосоямон бо шаҳомати хосса таҷлил гардида, дар арафаи он бо иқдому ташаббуси Ҳукумати кишвар чорабиниҳои гуногуни ҷамъиятию сиёсӣ доир мешаванд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар яке аз баромадҳои хеш дар бораи бонувон ва модарони тоҷик бараъло нигоштаанд:

“Миллати соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷик дар тӯли асрҳои зиёд доир ба одоби оиладорӣ, муносибатҳои хонаводагӣ ва таълиму тарбияи фарзанд суннату меъёрҳое эҷод кардааст, ки онҳо маҳз тавассути занону модарони арҷманди мо барои наслҳои имрӯзу фардо низ чун мактаби беҳтарини зиндагӣ хизмат мекунанд. Ба ин маънӣ, занону модарони мо нигоҳдорандаву давомдиҳандаи беҳтарин анъанаҳо ва ойинҳои асилу деринаи халқамон, хусусан, дар тарбия кардану ба камол расонидани фарзандони баодобу соҳибмаърифат ва ватандӯсту далер мебошанд”.

Дар фарҷоми дарси намунавӣ – тарбиявӣ барномаи хотирмони фарҳангӣ аз тарафи донишҷӯёни факултет пешкаш гардид.

“Фурӯғи Маърифат”

Search