Идомаи сисилавохӯриҳо дар муассисаҳои таълимии Хоруғ

Дар асоси супориши бевоситаи роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Хоруғ (ДДХ) ба номи Моёншо Назаршоев сӯҳбату вохӯриҳои судманди навбатии гурӯҳи корӣ – тарғиботии донишгоҳ дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии (МТМУ) № 9, 8 ва 6 – и шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо директорону муаллимон ва хатмкунандагони макотиб ба вуқӯъ пайваст.

Ҳайати гурӯҳи корӣ - мудири кафедраи забонҳои шарқ Баҳор Ҷумъаева ва мудири кафедраи забони тоҷикӣ Муслима Броимшоева нахуст дар МТМУ № 9 ба номи Ақризобек Алиназаров бо директори муассисаи таълимӣ Сурайё Бахдавлатова ва 29 нафар хаткунандагони он мулоқот карданд.

Зимни сӯҳбат зикр шуд, ки интихоби дурусти боргоҳи илму маърифат аз ҳар довталаб ҷиддиятро тақозо намуда, баҳри расидан ба ҳадафҳои минбаъда талошҳои зиёд мехоҳад.

Умуман, таъсис ёфтани ДДХ дар ҳаёти маданӣ, маърифатӣ, илмӣ - фарҳангии ВМКБ рӯйдоди фараҳбахшу дорои аҳамияти бузурги сиёсию фарҳангӣ аст ва он дар китоби таърихи илму маориф ва фарҳанги вилоят як санаи навро боз кард. Дар зарфи 28 соли фаъолияташ донишгоҳ бо дастгирии ҳаматарафаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, шахсан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як маркази тавонои илмию таълимӣ ва тарбияи кадрҳои омӯзгорӣ табдил ёфт.

Яке аз вазифаҳои муҳим ин ба нақша даровардани сохтмони бинои ҳозиразамони таълимӣ буд. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳоди мақомоти ҳокимияти давлатии ВМКБ сохтмон ба нақша гирифта шуда, бунёди он бомаром идома дорад.

Барои ҳарчи бештар ҷалб намудани донишҷӯён ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар назди кафедраҳо маҳфилҳои илмии донишҷӯён аз қабили “Ҳуқуқшиносони ҷавон”, “Кишваршиносони ҷавон”, “Нозирони сабз”, “Математикони ҷавон”, “Омӯзгори наврас”, “Лингвистони ҷавон”, “Хониши бадеӣ”, “Гулафшон” ва “Химикони ҷавон” фаъолият менамоянд. Маҳфилҳо корҳои илмии донишҷўёнро мавриди баррасӣ қарор дода, баҳри баланд бардоштани малакаю маҳорат ва ҷаҳонбинии илмии донишҷўён ба хотири иштирок намудан дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ-байналхалқӣ ва идома додани таҳсил дар риштаи магистратура кӯмак мерасонанд.

Мавриди зикр аст, ки суҳбату мулоқоти судманди гурӯҳи корӣ, инчунин дар муассисаи таълимии № 6 ба номи Носири Хусрав, мактаби № 8 ба номи Сайфулло Абдуллоев бо директорони мактабҳо Адолат Назирова, Гулбахт Ғалчабекова ва 44 нафар хатмкунандагон сурат гирифта, дар охир маводҳои тарғиботӣ оид ба фаъолияту имкониятҳои донишгоҳ дастраси хонандагони синфҳои болоӣ шуд.

Search