Мулоқоти гурӯҳи корӣ дар МТМУ № 10 ба номи Қудрати Шуғнонӣ

Чанде қабл гурӯҳи корӣ – таблиғотии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами № 10 ба номи Қудрати Шуғнонии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо директори муассисаи таълимӣ Абдураҳим Бобов, муовини директор Наврӯзшоҳ Мискиншоев ва муаллимону хатмкунандагони он мулоқот намуданд.

Дар аснои сӯҳбат бо хатмкунандагон ҳайати гурӯҳи корӣ - саромӯзгорони донишгоҳ Равшанбек Сарадбеков ва Зебогул Каримова ба таври муфассал оид ба ихтисосҳои мавҷудаи донишгоҳ, талаботи бозори ҷаҳонии меҳнат нисбати тахассусҳо, шароити таҳсил дар ДДХ, озмоишгоҳҳои таълимӣ ва синфхонаҳои компютерию барномаҳои грантии он маълумот пешниҳод намуданд.

Дар баробари ин, бо хатмкунандагон вобаста ба зинаҳои таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фазои ягонаи таълимӣ тариқи усули аврупоӣ, низоми кредитии таҳсилот ва бартарияти он нисбати усули анъанавӣ сӯҳбати судманд гузаронида шуд.

Search