Машварати ректорати Донишгоҳи давлатии Хоруғ

Якуми марти соли равон таҳти роҳбарии ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Гулзорхон Юсуфзода машварати навбатии ректорат доир гардид.

Дар машварат муовинони ректор, масъулини раёсатҳои таълиму кор бо кадрҳо, деканҳои факултетҳо, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва дигар кормандони донишгоҳ иштирок намуданд.

Тибқи рӯзномаи машварат аз рӯи масъалаи якум, рафти дарсҳо дар факултетҳои донишгоҳ ва ёрии методӣ бо омӯзгорони ҷавон деканҳои факултетҳо ахборот доданд.

Оид ба вазъи иҷроиши чорабиниҳои донишгоҳ бахшида ба ҷашнгирии Наврӯзи Аҷам ва Рӯзи бонувон, рафти татбиқи нақшаҳои инфиродии донишҷӯён дар факултетҳо муовини ректор оид ба тарбия Ниёзалӣ Қамбаров маълумоти муфассал дод.

Зимни таҳлили амиқи масъалаҳо доктори илмҳои физикаю математика Г. Юсуфзода ба масъулин дастур дод, ки ба чорабиниҳои илмию маърифатӣ ва фарҳангии дар пешистода, инчунин аттестатсияи кормандону омӯзгорон омодагии комил дида, ба ҳамаи корҳо бо ҷиддияти тамом муносибат кунанд.

Сипас масъалаи ҷорӣ ва дигар қарорҳои дахлдор қабул гаштанд.

Search