Силсилавохӯриҳои гурӯҳи корӣ дар ҷамоатҳои Тусиёну Қурбоншоҳ Гадолиев

Чанде қабл гурӯҳи корӣ – тарғиботии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бо роҳбарии мудири кафедраи филологияи англис Маҳбуб Раҷаббеков ба ҷамоатҳои Тусиёну Қурбоншоҳ Гадолиеви водии Шоҳдараи ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафари корӣ анҷом доданд.

Зимни сафар гурӯҳи корӣ аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии (МТМУ) ноҳияҳо дидан карда, бо директорону омӯзгорон ва хатмкунандагон сӯҳбату вохӯриҳои судманд намуданд.

Дар доираи сафар мулоқоти аввал дар МТМУ № 13  - и деҳаи Лахшики ҷамоати деҳоти Тусиён бо роҳбари муассиса Урусмамадова Г. ва хатмкунандагони мактаб ба вуқӯъ пайваст.

Зикр шуд, ки рушду пешрафти ҳар кишвар пеш аз ҳама аз сатҳи маърифатнокии аҳолӣ ва сифати омода намудани кадрҳои болаёқат ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат вобаста аст. Бинобар ин, давлатҳои пешрафтаю муосир талош бар он доранд, то фаъолияти соҳаи маорифро сифатан беҳтар гардонида, кадрҳои баландихтисосро омода намоянд. Дӯст доштани касбу ҳунар омили муҳими ташаккулёбӣ ва комёбии шахсият асту аз ин ҷиҳат, интихоби донишгоҳ, касби оянда аз муҳимтарин ва пурмасъултарин иқдом дар ҳаёти инсон мебошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар яке аз суханрониҳои худ таъкид кардаанд, ки «Ҳадафу мароми Ҳукумат иборат аз он аст, ки илму дониш дар кишвари мо ба арзишҳои воло табдил ёфта, аз ҷониби олимон, бахусус олимони ҷавон кашфиёту ихтирооти нав ба вуҷуд оянд. Барои илмҳои бунёдӣ пояҳои мустаҳкам гузоштан зарур аст, то ки дастовардҳои илми ватанӣ на танҳо дар хизмати мардуми тоҷик, балки башарият қарор гиранд”.

Мавриди қайд аст, ки силсиламулоқотҳо инчунин дар муассисаҳои № 11 - и деҳаи Бартавдем, № 10 - и деҳаи Тавдем, № 9 – и деҳаи Хидоҷев, № 8 – и деҳаи Риҷист, № 7 – и деҳаи Бодом, № 2 -  и деҳаи Шоди ҷамоати Қурбоншоҳ Гадолиев бо директорони мактабҳо ва омӯзгорону хонандагони синфҳои болоӣ сурат гирифт.

Search