Ҷавонон - сипари боэътимоди Ватан

Таҳти ҳамин мавзӯъ дар дар факултети биологияи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бахшида 28 - солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон соати тарбиявӣ доир шуд.

Чорабиниро декани факултет, номзади илмҳои биологӣ, дотсент Мунира Наврузбекова ифтитоҳ намуда, омӯзгорону донишҷуён ва иштирокдоронро ба ифтихори ҷашн табрику шодбош намуд.

Моҳияти мавзӯъро муаллимаи кафедраи биологияи умумӣ Собира Ниёзмамадова барои донишҷӯёни курси 3 – и гурӯҳи биоэкология фаҳмонда қайд кард, ки артиши миллӣ кафолати суботу амнияти миллат ва давлат буда, хизмат дар сафи қувваҳои он боиси ифтихори ҳар як ҷавонмард аст.

Баъди ироаи маърӯзаҳои ҷолиб донишҷӯён шеъру сурудҳоро дар васфи артиш хонда, инчунин саҳначаҳои ҷолибу диданиро пешкаш намуданд.

Мавриди зикр аст, ки соати тарбиявиро муовини декани факултет оид ба тарбия Асрор Симоилбеков ва дигар омӯзгорони факултет бо ҳадафи таҳкими ҳисси ватандӯстии ҷавонон ташкилу баргузор карданд.

Дидоршоҳ Насриддинов, мудири

Шуъбаи кор бо ҷавонони ДДХ

Search