Аз бонги сагон чӣ бок дорем?

Агар ба доду войи баъзе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ назар афканем,онҳо қасдан ва ё бо ғаразҳои худӣ ва ё ба фармоши хоҷагони хориҷиашон имрӯзҳо ваъзияти Ватани азизи моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ чунон ба тасвир мекашанд,ки гуё мардуми мо буҳрони амиқи моддиву маънавиро паси сар менамуда бошанд.Ин дар ҳолест,ки кишвари азизи мо Тоҷикистони соҳибистиқлол марҳилаи мушкилотҳои ҷиддиро кайҳо паси сар карда ва ҳамакнун ба марҳилаи рушд даохил мегардад.

Агар Ватану миллати азизи худамонро ба нури моҳтобу хуршед муқоиса намоем ва фазои  осойштаи худро ба беҳтарин ганҷи худододаи Яздони пок ташбеҳ бидиҳем,пас иғвоҳои иғвогарони шабакаҳои интернетиро, ки бо дастури хоҷагони хориҷиашон мехоҳанд,ки фазои орому осойштаи Ватани азизи моро ноором намоянд ба масали сагони девона,ки беҳуда акккос мезананд монанд хоҳанд гардид.

Дар ин ҷо байти суханвари бузурге ба ёд меояд,ки барҳақ фармудааст:

                                 Маҳтоб,ки нури пок дорад,

                                Аз бонги сагон чӣ бок дорад?!

Мардуми соҳибтамаддун ва соҳибандешаи ориёии тоҷик дигар ҳаргиз фирефтаи иғвогариҳои беасоси муғарризону бадхоҳони миллати мо нахоҳанд гардид.Агар ба ваъзияти бесару сомони давлатҳои ҷангзадаи Либияву Ироқу Сурияву Афғонистон назар андозем мебинем,ки чӣ гуна онҳо то дахолати хориҷиён ба корҳои давлатдории онҳо чун давлатҳои орому осудаҳол ва бо тараққиёти рӯзафзун пешрафт мекарданд ва имрӯз баъди иғвогандозиҳои давлатҳои манфиатхоҳ ва ташкил намудани ҷангҳои даохилӣ давлатҳои мазкур ба хоку хун оғӯшта гардида,насли ҷавону наврас ва дигар қишрҳои аҳолии онҳо  ҳар рӯз ба ҳалокат расида,мамлакатҳои онҳо валангор ва мардум ба хурокворӣ ва либос муҳтоҷ гардида,қисмати аҳолии он давлатҳо ба муҳоҷирати  иҷборӣ ба хоки давлатҳои дигар паноҳдиҳанда гардидаанд.

 Ба ёд биоварем давлати Либияро,ки ҳангоми сарварии сарҳанг Муаммар Каддофӣ дорои беҳтарин шароит барои шаҳрвандони кишвараш буд.Давлате,ки тамоми хароҷотҳои насли ҷавони худро аз  ҳангоми таваллуд то ба таҳсил дар донишгоҳ ва баъди хатми он ба уҳдаи худ гирифта буд ва нархи як литр бензин ҳамагӣ як сентро ташкил медод,баъди мудохилаи давлатҳои хориҷӣ ва аз байн бурдани давлати миллӣ бо роҳбарии Муаммар Каддофӣ ҳамакнун давлати Либия харобу валангор,мардуми он муҳтоҷ ва нархи як литр бензин ба ҳашт доллари амрикоӣ баробар гардидааст.

  Давлатҳои хориҷӣ ба ҷуз аз ба сари қудрат овардани ғуломони манқуртшудаи худ,яъне иддае аз хоинону мансабпарстони ҷоҳталабро,ки манфиатҳои хоҷагони хориҷии худро танҳо ҳимоя менамоянд дигар ягон кори некеро барои давлатҳои тоза ба истиқлолият расида ва давлатҳои рӯ ба тараққӣ надоранд.Хориҷиён танҳо манфиатҳои геополитикӣ ва манофеи иқтисодии худро дар мадди аввал мегузоранд.Агар озодии баён ва поймол кардани ҳуқуқи инсонро ба назар оварем аз мардуми сиёҳпусти давлатҳои хориҷӣ беҳуқуқтар шахсеро дар тамоми дунё пайдо кардан амри маҳоле мебошад.Пас мо тоҷикистониёнро зарур аст,ки манфиатҳои миллӣ ва сиёсии худро аз ҳама чиз болотар дониста,дар зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари худро ба бузургтарин кишвари тараққикардаи минтақа ва ҷаҳон табдил диҳем.

Search