Аз маорифситезии назҳатиён то рушди соҳаи морифи замони мо

Вақте ки ба пешрафти рӯзафзуни соҳаи маорифи кишварамон менигарем мебинем,ки ин дастовардҳо бо ҷонбозиҳои зиёди мардуми шарафманди тоҷик алалхусус бо корнамоиҳои  фарзанди фарзонаи миллати  тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чӣ мушкилоти азиме ба даст омадаанд.

Муллоҳои наҳзатии охири солҳои 90-уми асри 20-и мелодӣ,ки кори онҳо дар муқобили маориф ва илм аз кирдорҳои босмачиёни ибтидои асри 20-уми асри гузашта кам набуданд, ба монанди Кӯри Шермату Иброҳимбек ва қурбошиҳои дигар бо шиорҳои авомонаву бесаводонаи худ: “нони муаллим ҳаром”, “муаллимон радди маърака”  бо амалҳои зишти худ нишон доданд,ки кору фаъолияти онҳо на танҳо ба принсипҳои башардӯстонаи дини мубини Ислом  ва таълимоти инсонпарваронаи Паёмбари сулҳу раҳмат ҳазрати Муҳаммад(с) рост намеомаданд, балки бо гузашти замон маълум гардид,ки наҳзатиён фақат динро василаи ба сари қудрат омадан ва мардумро ба ҷомеаи асри миёнагӣ оваранд  ва хоҳони ғулому бардаи бодиянишинон  гардонани миллату аҳли Ватани мо буданд.

Кирдорҳои он вақтаи  муллоҳои наҳзатиро ҳамакнун ба хотир оварда,сенарияи Афғонистони солҳои 60-уми асри гузаштаро ба ёд меоварад,ки чи гуна ихвониҳои хатмкардаи мадрасаҳои Мисру Арабистони Саудӣ ҷомеаи ороми рӯ  ба тараққиёти Афғонистонро ба як ҷаҳаннами заминӣ,яъне як  давлати ҷангзадаи пур аз куштору инфиҷор ва қатлу ғорати ин мардуми мусалмон табдил доданд.

Мардуми фарҳангпарвари тоҷик бо пайрави аз ниёгони хирадмандашон,ки дар тамоми асру замонҳо чароғи раҳнамои илми башарият буданд,ҳамеша кушиш ба харҷ медиҳанд,ки дар донишомӯзӣ ва пешрафти Ватани худ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мисли Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ,Муҳаммад-ал-ҷабри Хоразмӣ ҳамеша парчамбардорӣ илму фарҳанги башарияти ҷаҳони бошанд.

Тоҷикон ба мисли гузаштагони шарафмандашон донишро “чароғи равшани дилҳо” медонанд ва ин аст,ки дар таксарии гаҳвораи тифлони навзоди онҳо китобҳои муқаддас ба монанди Қуръони маҷид ва Девони Ҳофизи Шерозӣ ва  Ашъори  Мавлоноро  чун нишонгари эҳтиром ба илму ҳунар ва пешрафту тараққиёти башарият мегузоштаанд. 

Чуноне,ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханрониашон дар маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди вакилони Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштаанд: “Ҳамчунин хотирнишон месозам,ки дар натиҷаи пешбурди сиёсати самарабахши молияи давлатӣ дар ин давра ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ ду баробар зиёд шуд.

Ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 10 миллиард сомонӣ сармоя, аз ҷумла 30 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб гардид ”.

Дар идомаи суханрониашон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд,ки : “Дар давраи зикршуда муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 245 ҳазор хонанда, муассисаҳои тандурустӣ барои 9 ҳазор кат ва манзили истиқоматӣ ба масоҳати 9 миллион метри мураббаъ сохта ба истифода шуданд”.

Ҳамчунин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд,ки  “Мо ният дорем,ки дар ҳафт соли оянда беш аз 540 ҳазор нафар ҷавонони мамлакатро барои гирифтани маълумоти олӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ қабул намуда, то 40 ҳазор нафар ҷавонони болаёқату боистеъдодро ба муассисаҳои таҳсилоти олии касби кишварҳои пешрафтаи дунё фиристода,барои соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллиамон кадрҳои баландихтисосро тайёр намоем”. Аз ин беҳтар чӣ ҳаст,ки Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  гуфтаҳои  сухансарои бузург Ибни Аминро дар амал  барои  Ватану миллати азизи мо амалӣ менамоянд,ки суханвари бузург фармуда буданд:

              Пояи давлат набошад бе маориф устувор,

             Давлати поянда хоҳӣ руй бар мактаб биёр

Боварии  комил дорем,ки  миллати тамаддунсозу фарҳангсолори тоҷик таҳти роҳбарӣ ва сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таълиму тарбияи насли наврас диққати ҷиддӣ зоҳир намуда,соҳаи маорифро чун соҳаи ояндасози халқу кишварамон барои ояндаи дурахшони халқу Ватанамон бо меҳнати аҳлона ба қуллаҳои баланди илму дониш раҳнамун мегардонанд.

Search