Ғавғои ҷоҳилон

Ахиран дар пойгоҳи иттилоотии мухолифони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи “Vostoknews”  хабари пойдарҳавое бо номи “КДАМ бо раёсати Саймумин Ятимов дар тиҷорати “героин” даст дорад” нашр гардид.

Муаллифони наҳзатӣ бори дигар кушиш намудаанд,ки чеҳраи яке аз бонуфузтарин фарзандони фарзонаи халқи тоҷик,узви вобастаи АФ Ҷумҳурии Тоҷикистон,раиси кумитаи давлатии амнияти миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал полковник Саймумин Сатторович Ятимовро бо дурӯғҳои бефурғашон тира намоянд ва иғвоҳои навбатиро дар ҷомеа паҳн намоянд.

Ҷанобони наҳзатӣ чунин мепиндоранд, ки шаъну шарафи як генерал ва як олими пухтакор аз пулу моли ҳаром шояд поинтар бошад, вале афсус,ки муаллифони он мақола намефаҳманд,ки худи маънои шаъну шараф ва виҷдону инсонияту  Ватану ватандорӣ чӣ маъно ва арзишҳои муқаддасе дар назди ҳар шахси соҳибандеша дорад.Маълум аст,ки бо савияи дониши кам ва ноогоҳиҳои зиёд муаллифи мақола натавонистааст,ки чеҳраи пурнуфузи кишварамон ба монанди С.С.Ятимовро доғдор намоянд,зеро,ки ҳар шахси солимфикр медонад,ки шахсияте,ки дар мақоми раиси кумитаи амнияти миллӣ,ки мақоми вазириро дар ҳукумати мамлакат дорад ҳеч гоҳе ба хариду фуруши маводи мухаддира сару кор намегирад,зеро ӯ ниёзе ба ин гуна корҳои ғайри қонунӣ надорад.

Гузашта аз ин наҳзатиҳо пеш аз навиштани ин ва дигар буҳтонномаҳои худ дар ин пойгоҳи хабарӣ фикре ҳам накардаанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви тамоми созмонҳои байналмилалӣ мебошад, ки баъзе аз ин созмонҳо назораткунандаи қонунҳои умумибашарӣ дар руй ҷаҳон мебошанд ва дар сурати нақзи қонунҳои умумибашарӣ чӣ аз тарафи шаҳрвандони оддӣ ва чӣ аз тарафи шахсони мансабдор метавонанд,ки ба воситаи додгоҳҳои байналмиллалӣ ба давлатҳои аъзоҳои ин созмонҳо равона созанд.

Мардуми шарафманди Тоҷикистон дигар ҳаргиз ба иғвоҳои бардурӯғи бадгуёни миллату Ватани азизамон бовар намекунанд ва ҳаргиз иғвобарангезони наҳзатӣ наметавонанд,ки ба василаи фиребу найранг ва суханони пой дар ҳавояшон мардумро дар кучаҳои сардаргумси раҳсипор кунанд.Он чизе,ки дар гузашта наҳзатиён дар солҳои 90-уми асри гузашта менамуданд ба давраи имрӯзаи пешрафти илму технология баробар намеояд ва мардуми шарифи Тоҷикистон танҳо хоҳони осойштагиву ободии Ватани худ мебошанд.

Search