Наҳзатиён пайравони ихвониҳои ифротгароанд

          Миллате, ки дар дар давоми мавҷудияти беш аз шаш ҳазор соли мавҷудияти таърихи худ ба ҷаҳониён чун гаҳвораи тамаддуни башар эътироф гардидааст, дар давоми мавҷудияти худ борҳо аз тарафи бархе нохалаф-фарзандонаш зиёнҳои ҷиддиеро таҳаммул намудааст,ки дар натиҷаи он ба аҳли миллату хоки муқаддаси мо зарари зиёде ворид гардидааст.

          Мо агар ба таърихи фоҷеабори аз байн рафтани аввалин давлати миллии мо-Сомониён,ки сабабгораш руҳониёни иртиҷоии ғазнавиёну туркони саҳронишин,ки муҳаррики асосии аз байн рафтани ин давлати миллии мо давлати арабии аббосиён буданд, назар афканем мебинем,ки пайравони ноогоҳи ҳизби экстемистии наҳзат,ки фаъолияти он ҳамакнун дар Тоҷикистон мумнуъ аст,дар даҳсолаҳои охири асри гузашта ва даҳсолаҳои аввалини асри нав бехабар аз он будаанд,ки онҳоро аз хориҷи кишвар пайравони Ҳасан-ал-Банно ва Сайид-ал-Қутб роҳбарони ҳизби террористиии “Ихвон-ул-муслимин” барои аз байн бурдани давлати миллии мо тоҷикон роҳнамоӣ мекарданд.

          Радикализми диннӣ,ки яке аз хавфноктарин мушкилоти ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳонӣ гардидааст,бояд,ки тамоми аҳли ҷомеа садди роҳи он гардад, вагарна касе гуфта  наметавонад,ки ҳодисаҳои хунбори инфиҷори кудакистону бемористонҳо ва мактабу донишгоҳҳо,ки имрӯзҳо дар кишварҳои ҷангзада ва осебдидаи Афғонистону Ироқу Сурияву Кения доманаи оташи худро дар мамлакатҳои дигар паҳн намегардонад. Хавфу хатареро,ки давлатҳои дар боло номбаршударо чандин солҳо ҳамроҳӣ намудааст.

          Ба ақидаи коршиносони соҳаи низошиносӣ гуруҳҳои ифротгаро бо идеологияҳо радикалӣ ба монанди “Ихвон-ул-муслимин”, “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Ал-қоида”, “ДИИШ”, “Гурӯҳи исломии Туркистони шарқӣ”, “Ташкилоти экстремистии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон” дар маҷмӯан бештар аз 65 гурӯҳву ҳаракатҳои террористӣ экстремистӣ дар ҳудуди дунё амал менамоянд.

          Коршиносони соҳаи низошиносӣ ба ин ақида мебошанд,ки ҳадафи асосии гуруҳҳои ифротгаро ва  идеологияҳо радикалӣ яксон буда,мақсади асосии онҳо дар зеҳни мардум ҷой додани мафкураи эътироз,дар кишварҳо бунёд намудани нооромиҳо,созмон додани давлатҳои дорои мафкураҳои нимфеодалии асрҳоии миёнаи ба номи исломӣ мебошад.Коршиносон мегуянд,ки аъзоёни ташкилотҳои ифротгароӣ аз тарафи мубалиғони тундрав бо роҳҳои барғалати  “нӯшидан аз ҷоми шаҳодат ва сайру гашт дар боғҳои биҳишт ” ба василаи таркондани худ дар издиҳоми пуродам ташвиқ менамоянд,ки ин ақидаи эмиссионерҳои тунгаро ба муқобили фармудаҳои дини башардустони Исломи муҳаммадӣ ва аҳодиси мубораки ҳазрати Муҳаммад(с) мебошанд.

          Гуфта мешавад,ки мубалиғони тундрав ҷавонони ноогоҳ,бесавод ва бекасбу кор ва сустиродаву сарватпарастро ҳамчун нафарони интиҳории худкӯш ба василаи фиребу найранг ва пулу мол ба доми худ афканда ҳаёти онҳоро ба таври  фоҷеавӣ ба ҳалокат мерасонанд.

       Пас тамоми аҳли ҷомеа ва алалхусус зиёиёнро зарур аст,ки дар роҳи барҳам задан таассуби динӣ тамоми чораҳои заруриро андешанд ва нагузоранд,ки тори анкабути ихвониҳо,ки назҳатиён пайравони онҳоянд,самои софи ҷомеаи озоди моро бо торҳои заҳрнокашон олуда намоянд ва Ватани азизи моро ба монанди кишварҳои ҷангзада ба баолоҳои азиме гирийфтор намоянд.Алҳазар аз таассуби диниву мазҳабӣ!

Сомит

Search