Саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди ҳаёти фарҳангӣ-иҷтимоии мамлакат

Ҷоннисорӣ намудан дар роҳи Ватану миллат яке аз хислатҳои наҷиби мардуми шарафманди мо буда,ин хислати наҷибона ҳанӯз аз аҳди бостонӣ аз ниёгони шарафмандамон барои мо боқӣ мондааст. Таърих гувоҳ аст,ки Шераку Деваштичу Темурмалик Восеъву Садриддин Айниву Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратуллоҳ Махсум ва Бобоҷон Ғафуров манфияти миллӣ ва ҳифзи Ватанро аз ҷони худ ва манфиятҳои шахсиашон ҳамеша болотар медонистанд.

Дар пайравӣ аз аҷдодони сарафроз ва ба нангу орамон фарзанди ҷонфидои миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар лаҳзаҳои мушкилтарини  Ватани мо роҳбарии мамлакатро ба даст гирифтанд.

Маҳз бо аз худ гузаштанҳо ва ҷонбозиҳо, матонат ва мардонагиҳои Эмомалӣ Раҳмон буд,ки ӯ ба ҳайси роҳбари ҷавон бо дасту дили нек ҷумҳурии тоза ба истиқлолият расидаро аз вартаи нобудӣ раҳонида,ба қатори давлатҳои амну амон ва руй ба инкишоф даохил намуд.

Ки дар солҳои 1992-2000-ум бовар мекард, ки НОБ-и Роғун, Сангтуда ва Помир-1 сохта ва ё аз нав барқарор карда мешавад? Ҳатто овардани сулҳу салоҳ ва ҳаёти орому осоиштаро баъзеҳо зери шуҳба мегирифтанд,вале иродаву матонати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ва боварии ӯ ба халқи бузургавораш садди роҳи ӯ нагардиданд ва хидматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми шарифи Тоҷикистон буд,ки Ватани азизи мо-Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳақиқатан ҳам имрӯзҳо ба диёри ваҳдатобод мубадал гардид.

Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон поягузори давлати навини тоҷикон ба ҳисоб рафта,дар он интихоби роҳбари ҷавони давлати Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба ҳайси Раиси  Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи Тоҷикистони навинро метавон чун ҳадяи худовандӣ барои тоҷикистониён ҳисоб намуд.

Чӣ хуш аст,ки ба қавли Ҳофизи Шерозӣ “ки солике,ки баъди амонат вафо кунад”  ва масали мардумии “вафо ба аҳд” –ро дар хислати наҷибонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон бубинем,ки дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта буданд: “Ман то замоне,ки ба Ватани азизамон сулҳу осоиширо наоварам,то замоне,ки охирин муҳоҷири иҷбориро ба Ватан барнагардонам ором нахоҳам буд”. Ва беҳтар чи ҳаст,ки вақте,ки халқ мебинад,ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон баъд аз 28-сол,яъне рӯзи 30-юми октябри соли 2020 ҳангоми суханронӣ ба муносибати савгандёдкунии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба мардуми Тоҷикистон гуфт,ки : “Ман ҳамон Эмомалӣ  Раҳмон ҳастам,ки вакилони мардум дар дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маро ба ҳайси роҳбари давлат интихоб намуда буданд” ва ё “Ҳамчунин бо эҳтироми бениҳоят бузург изҳор медорам,ки ман ҳамчун як фарзанди халқи азизи Тоҷикистон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ дар мансаби Роҳбари давлат аз пуштибонии самимии мардуми шарафманди кишвар, дуои хайри падарону модарон, собиқадорну пирони рӯзгор ва дастгирии фаъолонаи ҷавонои ватандӯсуту  бонангу номус рӯҳу неруи тоза гирифта, дар ҷодаи рафъи мушкилоти ниҳоят сахту сангини сиёсӣ ва иқтисодву иҷтимоии кишвар бо иродаи мустаҳкам ва азми қавӣ қадам мегузоштам”.

“Ман ҳамаи шумо халқи азизам ва хурду бузурги Тоҷикистонро сидқан дӯст медорам ва то нафаси вопасин ба шумо содиқона хизмат мекунам”.

Дар суханронии худ дар ин суханронӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон қайд  намуданд,ки “Дар ҳафт соли охир ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии давлат ва дар навбати аввал бо мақсади муҳаиё намудани шароити арзанда барои мардуми кишвар хеле корҳои арзанда ба анҷом расонда шуданд”. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон зиикр намуданд,ки дар байни солҳои 2013-2020 ҳаҷми воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) беш аз ду баробар афзуда,суръати миёнаи солонаи рушди он ба 7 фоиз баробар гардида, ММД ба ҳар як сокини мамлакат 1,7 баробар,даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар ва музди меҳнати миёнаи як корманд 2,4 баробар афзоиш ёфтааст.

Дар ин давра зиёда аз як миллион ҷойи корӣ таъсис дода шуда, шумораи шаҳрвандоне,ки ба муҳоҷирати корӣ мераванд аз 1 миллиону 100 ҳазор то ба 460 ҳазор нафар,яъне дуюмин баробар кам гардид.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар ин суханрониашон гуфтанд,ки сатҳи камбизоатӣ аз 38,3%-и соли 2013 ба 26,3% дар соли  2020 ба андозаи то 12% паст гардида, дарозумрии миёнаи аҳолӣ аз 73 сол ба 75 сол расид.

Пешвои миллат зикр намуданд,ки баҳри баланд бардоштани соҳаи илму маориф ва тандурустӣ,ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар 7 соли оянда бо назардошти нафақа нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ зиёда аз 123 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ мегардад,ки чунин маблағгузорӣ дар соҳаи фарҳанг чӣ дар давраи истиқлоият ва чӣ пеш аз давраи истиқлолияти давлатӣ мавҷуд набудааст.

Итминони комил дорем,ки насли ҷавон ва зиёиёни бохиради кишвар аз ин ғамхориҳои Сарвари давлат илҳоми тоза гирифта,ҷавобан бо азми зиёд дар паҳлуи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарбияи насли ҷавон ва тамоми қишри ҷомеа сайю кушиш намуда, фарҳанги ва асолати миллии моро бори дигар ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда,вориси ҳақиқии гузаштагони пурифтихор буданамонро исбот намуда, дар зери Парчами миллиамон бо даъвати мутантанни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон “Тоҷикистон ба пеш”! Ватани азизамонро ба болотарин қуллаҳои илму дониш хоҳанд расонд.

Search