Озмуни “Илм - фурӯғи маърифат” калиди пешрафти ҷомеа ва миллат

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” рӯзи 26-уми январи соли ҷорӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамалакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷи ба таъмини пешравти соҳаҳои иқтисоду саноат энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг,варзиш ва сайёҳи вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Метавон гуфт,ки Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Паёми илму маориф ва ҳидоят барои пешрафти илму маориф ва фарҳанг номид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд,ки “Ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, яъне соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд, масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардорем.Бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим дар Паёми соли гузаштаи Президнт ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2020-2040 “Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ даро соҳаи илму маориф” эълон гардида ва ҷиҳати татбиқи ин ташаббус аз ҷониби Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025қабул карда шуд...Илова бар ин, зарур мешуморам, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуривӣ зери унвони “Илм- фурӯғи маърифат” гузаронида шавад.

Озмунҳои қаблӣ- аз ҷумла “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” ва“Фурӯғи субҳи донои китоб аст” як нуқтаи бисёр муҳимро собит намуданд: дар байни наврасону ҷавонони мо истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд, ки мо бояд онҳоро ҳамаҷониба дастгириву ҳавасманд гардонем.

Бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо пешниҳод менамоям, ки стипендияи онҳо аз 1-сентябри соли 2021 ба андозаи 30% зиёд карда шавад”.

 Дар ин миён доир гардидани озмуни ҷумҳуривии “Илм- фурӯғи маърифат” як гоми  муҳиме барои пешрафти ҳаёти босуботи аҳли ҷомеа мебошад.Маълум аст,ки бо пешрафти илмҳои дақиқ зиндагии ҳаррӯзаи шаҳрвандони мамлакат тағйир меёбад ва ҳам чунин ба дастёбии насли наврас ба илму истеҳсолот аҳамияти муҳимеро касб хоҳад намуд.

Таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон аз он ҷумла Ҷопон,ки ин давлатро аҳли ҷаҳон чун “шоҳаншаҳи олами техникӣ” меноманд қобили зикр аст.Гуфта мешавад,ки ҷопониҳо баъди харобиҳои зиёде.ки дар замони воқеаҳои фоҷеабори Хиросимаву Нагасакиа дар ин давлат руй доданд,тамоми дороиҳо ва пулу сарвати худро танҳо барои пешрафти соҳаи илмҳои дақиқ ва дигар соҳаҳои маориф ва соҳаи  тандурустӣ таҳия ва амалӣ намудаанд ва ҳосили пешрафти ин соҳаҳоро баъд аз солҳои 80-уми асри гузашта то ба замони ҳозира чун давлати мутараққии ҷаҳон ва истеҳсолкунандаи беҳтарин молу маҳсулоти техникии сатҳи баиналмиллӣ дар ҷаҳон шинохта шудаанд.

 Озмуни ҷумҳуривии “Илм- фурӯғи маърифат” василаи муҳимест,ки тамоми хонандагон ва падару модарони онҳо ва ҳайати касбии омӯзгорони мактабҳои ҷумҳуриро вазифадор менамояд,ки аз имтиёзҳои дар ин озмун пешниҳод шуда самаранок истифода бурда,дар пешрафти сатҳи моддиву маънавии фарзандони худ ва насли ояндаи Ватани азизамон Тоҷикистон саҳми босазои худро гузоранд.

Search