Волоияти қонун ва рушди тамоми соҳаҳои муҳими ҳаёт дар ВМКБ

Дар шабакаи иҷтимоии интернетии “Ютуб” ва шабакаи телевизиони “Бадахшон”  пахш гардидани наворҳои ба маҳалли зисти аҳолии маҳаллӣ дар маҳаллаи Наводак ва маҳаллаи Сайдени шааҳри Хоруғ наздик омадани ҷонварони кӯҳӣ ба монанди галлаи оҳӯро шаҳрвандон ба фазои ороми ин шаҳр ва тамоми ВМКБ рабт медиҳанд.

Таҳлилгарони масоили сиёсиву иҷтимоӣ ба ин назаранд,ки наздик омадани ҷонварони кӯҳӣ ба монанди ҳайвонҳои ваҳшии ҷуфтсум ба маҳалли зисти аҳолӣ далели он аст,ки вазияти сиёсиву иҷтимоии шаҳри Хоруғ хело ҳам беҳтар нисбат ба чанд соли охир гардидааст.

Устоди Донишгоҳи давлатии Хоруғ  Сардорбек Азорабеков  ба ин назар аст,ки кори пурмаъсулонаи ситоди байниидоравӣ оид ба риояи тартиботи ҷамъиятӣ шоёни таҳсин аст,зеро дар давоми фаъолияти кории ин ситод тамоми аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ аз шаҳри Хоруғ ва тамоми ҳудуди ВМКБ ҷамоварӣ гардида,ҳамакнун на танҳо аҳолии маҳаллӣ дар вазияти осойшта зиндагии худро ба пеш мебаранд, балки шумораи  чорпоёни  ҷуфтсум кӯҳӣ ҳам руй ба афзоиш ниҳодааст.

Ин таҳлилгар мегуяд,ки  паст гардидани сафи чиноятҳои махсусан вазнин дар ҳудуди ВМКБ аз он ҷумла дар шаҳри Хоруғ ва афзоиши чанд маротибаи чорпоёни  ҷуфтсуми кӯҳӣ дар давоми ду соли охир дар ВМКБ гувоҳи пешрафти ҳаёти моддиву маънавии аҳолии ин минтақаи Тоҷикистон буда ва нишон медиҳад,ки қонунсолорӣ ва риояи ҳатмии қонунҳои амалкунандаи кишвар боиси беҳтар гардидани  зиндагии мардум дар ин қисмати мамлакат гардидааст.

Ёдовар мешавем,ки ситоди байниидоравӣ оид ба риояи тартиботи ҷамъиятӣ дар ВМКБ бо дастур ва амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ташрифи Пешвои миллат ба шаҳри Хоруғи ВМКБ дар моҳи сентябри соли 2018 ташкил гардида буд ва дар таъмини бехатарии шаҳрвандон  ва волояти қонун ва пешрафти ҳаёти солим дар ҳудуди ВМКБ фаъолияти назаррасеро иҷро намудааст.

Search