Дини ман ишқу муҳаббат дини ман террор нест

Дини ман ишқу муҳаббат дини ман террор нест,

Ҳар касе ҷӯз ин бигуяд, баҳри мо даркор нест.

Мо чу сархуш аз ҷамоли Ӯ  шудем аз ибтидо,

То замони интиҳо ғайри Худоям  ёр нест.

Бо тамоми халқи дунё аҳди некӣ бастаем,

Ҳар башар моро ба ҷӯз аз Холиқи Ҷаббор нест.

Ай, ки аз номи Худо ту қатли мардум мекуни,

Ҷаҳли ту камтар зи хулқи ваҳшии хунхор нест.

Ту зи нодонӣ бигаштаӣ  муздури бегонагон,

Дон  ба коми худ зи номи дин, қабеҳтар кор нест.

Меҳрубон номи Аллоҳ  ҳасту расули Ӯ амин,

Ин ду хислат гар надори, номи ту ҷӯз мор нест.

Дини мо роҳи дигар дорад ту дар роҳи дигар,

Меҳру ишқ ҳар кас надид аз Аҳмади мухтор нест.

Ояи як ваҳдати комил зи Қуръони маҷид,

Ин каломи Ҳақ бидонад  ҳар касе бемор нест.

Сирати поки Муҳаммад(с) некиву озодагист,

Фарди даври худ будан бо маънии такрор нест.

Роҳи мардони Худоро гиру аз ҷаҳлат гузар,

Чораи дигар ба ғайри ин  туро иқрор нест.

Дусти бо мардумон ҳубби Худои мутаъол,

Маънии дин  ҳасту ба ҷӯз ин як дигар исрор нест!

 ***

 Ай дусти азизи ман куҷоӣ,

Андар назарам наменамоӣ.

Зурбеки азиз бародари ҷон,

Ай рафта ба вақти субҳгоҳӣ.

Мову ту яке зи даври тифлӣ,

Бар саҳни ҳаёт гузашта роҳе.

Аз умри ҷавониат надидӣ,

Афсӯс чу шамъе сухтагоҳӣ.

Ҷойят ба биҳишт бародари ҷон,

Хуне ба диламу ашку оҳе!

 

 

 

Search