ЗИ ИШКОШИМ ОМӮЗЕМ ОИНИ ВАТАНДОРӢ…

 Ишкошим, эй даричаи гардун,

                                                                         Моми забону марзи тамаддун,

                                                                         Оби шифою ганҷи ҳумоюн,

                                                                         Девори лаълчини Бадахшон.

 

Ишкошимро сарзамине дарёфтам, ки дар он камтарин мизони ҷиноят содир мешавад. Ба омори мақомот, дар ҷамоатҳои калонтарини Вранг ва Зонг, ки дурдасттарин ҷамоатҳои ин ноҳия дар водии афсонавии Вахонанд, дар ду соли охир ду ҷиноят сабт шудааст! Ин ҳолат шояд боварнакарданӣ намояд, аммо он як ҳақиқат аст, ҳақиқати Ишкошим.

Дар ин ҷамоатҳо ҳанӯз девори баланд кашидани ҳавлиҳо ва қуфл задани хонаҳо фарҳанг нашудааст, зеро дар ин муҳити амнияти мутлақ ба дари ҳеҷ хонае таҳдиде нест. Шояд барои ҳифзи полиз аз чорво гирди ҳотаҳо шиґе кашанду халос. Ин ҷо ҳама бо ҳам ҳамдеҳу ҳамдилу ҳамдарду ҳамширу ҳампиру ҳамтаборанд. Ҳатто аз зеҳни як вахонии асил намегузарад, ки метавон ба хонаву моли дигаре чашм дӯхт…

(Мизони пасти ҷиноят ба аксари минатқаҳои Бадахшон хос аст. Дар Дарвоз низ лаҳзае назди додгоҳи ноҳия таваққуф доштем, ки бинои он бисёр хурд буд. Бо ҳайрат аз огоҳон пурсидам, ки оё ҳамин бинои хурд барои қазовати парвандаҳои як ноҳия кифоят мекунад. Гуфтанд, ки ҳамин бино ҳам қариб холист, чун солона ҳамагӣ чанд парвандаи башумор дар он муҳокима мешавад, зеро дар Дарвоз ҷиноят нодир аст...)

Ҳангоми гузор аз деҳаи биҳиштии Вранг дар водии Вахони Ишкошим ба роҳпурсӣ пеши дарвозаи Бобои Давлатқадам таваққуф доштем. Ӯ меҳмон будани моро фаҳмида, гаштаву баргашта илтимос намуд, ки меҳмони ӯ бошем, зеро ба таъкиди худаш, як умр ронандаи «КамАЗ» будаасту нони душанбегиҳоро бисёр хӯрдаасту мардуми он ҷоро бисёр ёд кардааст. Чун ба деҳи дурдасти Лангар мешитофтем, ба хотири осудагии ӯ эҳтироман гуфтем, ки ташаккур бобо, дар бозгашт меҳмон мешавем…

Он вақт соат 11 буд. Мо соати 14 дар Лангар мулоқот доштем ва дар бозгашт соатҳои 18 дубора аз деҳаи Вранг ва аз назди дарвозаи Бобои Давлатқадам мегузаштем. Аммо бо наздик шудани мо он марди шариф рӯйи роҳ пайдо шуда бо дастафшонӣ мошинҳоро нигоҳ дошт, ки «акнун ба ваъда вафо, акнун як пиёла чойи маро ҳам мегиред».

Ва ҳамсояҳо гуфтанд, ки ӯ он таоруф ё сухани ахлоқию эҳтиромии ҳайати моро чунин ҷиддӣ гирифта, ҳама аҳли хонаводаро ба тараддуд андохта, худ аз соати 11 то ҳоло (!) сари роҳ интизор нишастааст, ки мабодо гузашта наравем… Пеши рӯҳи содаву рӯйи кушодаи ин падари бузургвори вахонӣ дигар интихобе намонда буд…

Меҳмонии Вахон ва дар умум меҳмонии Бадахшон маҳшарест, ки то ҳамеша дар ёд мемонад, хоса хушҳолию талоши соҳибхона, ки гирди меҳмон чун парвона мечархад ва ҳама хидматгузориро шахсан худаш анҷом медиҳад. Ин манзара ҳамон таъбири ноби «хона фонус асту меҳмон шамъу ман парвонаам»-ро зинда мекард. Гарчи ин байтро борҳо гуфтаву шунидаем, аммо бори аввал мушоҳида намудам, ки дар ҳақиқат, ба маънои ростии сухан, мизбон аз сари самимият даври меҳмон мисли парвона даври фонус чарх мезанад. Ва ин дар Бадахшон буд, дар Ишкошим…

Дар мулки бостонии Вахон зиндагии покизаи кӯҳистон сифатҳои асилу наҷиби инсониро дар ин мардум ҳифз кардааст. Ва бе гумон ин ҷо бо нусхаи асл ва дастнохӯрдаи одамӣ рӯбарӯ мешавӣ. Ҳама табассуму лутфу сафо, на тамаъ, на сохтагӣ, на риё…

Шаб ришта-ришта аст, дар водии Вахон,

Одам фаришта аст, дар водии Вахон.

Наврӯзи ҳафтранг бар лавҳи тахтасанг,

Фирдавс киштааст дар водии Вахон.

Ҳар шеваи сухан, чашму лабу даҳан,

Аз гул сириштааст дар водии Вахон.

Номуси марду зан дар қалъаи куҳан,

Бо хун набишта аст дар водии Вахон.

Дар нури моҳтоб, дар мавҷпӯши об,

Шаб ришта-ришта аст дар водии Вахон.

Бо рӯҳи содааш, рӯйи кушодааш,

Одам фариштааст дар водии Вахон…

Бардошти дигар ин буд, ки мардуми Ишкошим ба давлату давлатдорӣ бо як отифаву бовар менигаранд. Чанд рӯзи ҳузур дар ин муҳит нишон дод, ки он ҷо чандон ниёзе ба ташвиқи сиёсат нест, балки аз он ҷо бояд аз мардуми Ишкошим дарси давлатмеҳвариву ватандӯстӣ омӯхт. Ҳар модару ҳар пири ишкошимӣ дар боби Ватану давлат ва суботу ваҳдат ва дар бораи дастовардҳои даврони истиқлол чунон бо ҳарорат суҳбат мекунад, ки гармии суханаш чун Гармчашма аз қаъри вуҷудаш бармеояд. Ин мардум рушди зиндагии худро фақат аз ахбору расонаҳо намебинад, балки бо таҳаввули зиндаи атрофи худ қиёс мекунад. Ба масал, кохи фарҳанги наву муҷаҳҳази ҷамоати дурдасттарини Зонгро на ҳар маҳаллаи пойтахти кишвар метавонад орзу кунад. Ё мактаби замонавии ҷамоати дурдасти Врангро, ки соле пеш боз шудааст, на дар ҳар ҷамоати ноҳияҳои марказ метавон пайдо намуд… Ва ҳамин гуна садҳо нишонӣ таҳаввулу ободӣ..

Албатта, мардуми Ишкошим мушкилоти худро низ доранд, аммо онҳо бисёр инсофмандона ҷанбаи мусбати таҳаввули зиндагии худро низ дида метавонанд. Ва будани чунин дидгоҳи солиму воқеъбинона бисёр муҳимм аст.

Бо вуҷуди дурдастии дур аҳли зиёи Ишкошимро басе рӯшану огоҳ дарёфтам. Дар ҷамоати Гармчашма муаллими ҳаштодсолаеро дидам, ки таъриху мазмуни ҳар суханронӣ ва хоса матни Паёми Президенти кишварро қариб ҳифз медонисту дар мавриди ҳар банди он шарҳу назар медод. Ростӣ, пеши чунин пирони давлатмеҳвару меҳанпарвар аз сиёсатшинос будани худ хиҷолат шудам. Ва чунин огоҳӣ дар ҳолест, ки на ҳамаи мардум ба ахбору матбуоти даврӣ саривақт дастрасӣ доранд…

Ва муҳимтарин дарёфт ин буд, ки мардуми Ишкошим ба масъалаи амнияти сарҳад ва амнияти кишвар нигоҳи бисёр масъулона доранд. Онҳо, ки дар тӯли сарҳад зиста, ҳар рӯз манзараву зиндагии он сӯйи дарёро мебинанду мешунаванд, дар вуҷуди худ ҳеҷ шакке надоранд, ки ин Ватани осуда ва ин ҳаёти осоиштаро бояд бо чангу дандон ҳифз кард.

Сарҳад, таҳдид, буҳрон ва хатар барои мардуми Ишкошим мафҳумҳои дури зеҳнӣ ва расонаӣ нестанд. Онҳо бо ноамнӣ як ваҷаб фосила доранд, як дарёчаи борик дар миён, дарёчае, ки зимистон пиёда убур мешавад. Онҳо рӯйи хатти сарҳад зиндагӣ доранд ва он хат аз таҳи дарвозаашон мегузарад. Бинобар ин, онҳо яқин медонанд, ки ҳар офату ҳар балое ба сари Ватан ояд, аввал аз сари онҳо, аз сари зану фарзанди онҳо мегузарад.

Дар ин ҷо амнияти шахсӣ бо амнияти давлатӣ ва манфиати шахсӣ бо манфиати давлатӣ ба таври амиқ гиреҳ хӯрдааст…

Ин аст, ки ҳар марду зан ва ҳар пиру ҷавони Ишкошим як сарҳадбон ва ҳар санги Ишкошим як сангари амнияти ватан аст. Дар нишасте дар ҷамоати Гармчашма пирони солхӯрдаи ишкошимӣ асои худро баланд карда, худро бо ифтихор сарбози сарҳадбони Ватан хонда, омодагии ҷонии худро барои ҳифзи марзҳои кишвар эълон мекарданд. Ҳамин тавр, онҳо суннати пурифтихори ватандорию марзбониро ба насли ҷавон таълим медиҳанд…

Зиҳӣ эй пири сарҳад, пири пуртадбири Ишкошим,

Ки дар сад соли умрат марзро холӣ набигзорӣ…

Маҳз дар чунин минтақаҳои марзӣ инсон дарк мекунад, ки амнияти Ватан ба ӯ ва ба мавқеи ӯ то чӣ ҳад вобаста аст. Ва мардуми Ишкошим то имрӯз бо ҳамин дарки баланди ватандорӣ марзбонӣ мекунанд ва дар осудагии Ватан саҳми беминнати худро мегузоранд. Бале, тавре зикр шуд, чунин марзи тӯлонию печидаю кушодаро танҳо бо ҳамкории самимонаи чунин мардуми баномусу ватандор метавон ҳифз намуд.

Пас, сазост, ки рӯҳи баланди ин водӣ ва ҷойгоҳи пурифтихори ин мардум бо камоли ихлос сутуда шавад:

Зи Ишкошим омӯзем оини ватандорӣ,

Ки шабро рӯз месозад ба бебокию бедорӣ.

Ватанро дидбонӣ мекунад ҳар теғаи кӯҳаш,

Ва сангаш мекунад марзи Ватанро сангдеворӣ.

Зиҳӣ, эй пири сарҳад, пири пуртадбири Ишкошим,

Ки дар сад соли умрат марзро холӣ набигзорӣ,

Зу рӯйи хатти номуси ту ҳаргиз нагзарад душман,

Набошад бим агарчи нест ин ҷо хатти симхорӣ.

Зиҳӣ, эй моҳи кишвар, духтари маъсуми Ишкошим,

Зи ҳар офат нигаҳбони ту бошад Ҳазрати Борӣ.

Ту ҳам ҳамшираи ҳамшири сарбози Ватан ҳастӣ,

Ки ӯро ширчой овардаӣ рӯзи парасторӣ.

Дар ин ҷо ҳар зану ҳар мард ҷузъи марзбонон аст,

Ва ҳар кӯдак ба кори марзбонӣ мекунад ёрӣ…

Ва рӯди Панҷ ҳам сар мекашад аз қалби Ишкошим,

Барои марзбонӣ, қад-қади марзи Ватан ҷорӣ.

 

            Аз китоби устод Абдуллоҳ Раҳнамо : «Нурест дар ҷабини      Бадахшон»,

                                                  Душанбе, Ирфон, 2016

Search