Наҳзатиёни хунхор дар Аврупо мардуми тоҷикро азият медиҳанд

Чанд рӯзи охир дар сомонаҳои интернетӣ аз ҷумла, «Фейсбук» навори аз ҷониби аъзоёни ТЭТ «ҲНИ» мавриди латукӯб ва ҳадафи тир қарор гирифтани блогери тоҷики муқими Олмон бо номи “Борода тҷ” расонаӣ гардида, баҳсҳои зиёдеро ба бор оварда истодааст.

Қазияи нангине, ки аз ҷониби наҳзатиёни хунхор дар хориҷӣ кишвар анҷом дода шуд, шабоҳат аз он медиҳад, ки то имрӯз аз аъзои қатори то раиси ин ҳизби террористӣ аз ақидаи ғаразноки худ даст накашидаанд ва мехоҳанд, ки нисбати кишвари худ ва шаҳрвандони он, чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ амалҳои террористиро анҷом диҳанд.

Истифодабарандагон ва корбарони шабакаҳои интернетӣ аз  чанд нуқтаи назар баҳогузорӣ намуда истодаанд, ки ин як ҳолати маъмулӣ аст. Аммо, масъалаи марказии ин ҳодиса он аст, ки як гурӯҳ наҳзатиёни ифротӣ як ҷавони тоҷикро ҳадафи тир қарор дода, мақсади ба қатл расонидани онро доштанд.

Пас аз дидани навори даҳшатангез ва иғвогарона суоле пеши назари банда омад, ки чаро аъзоёни ТЭТ «ҲНИ» ин блогерро мавриди таҳдид ва ҳамла қарор доданд. Оё масъалае, ки байни бачаҳои ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ ва блогер низоъро ба вуҷуд овард масъалаи шахсӣ буд ва ё чизи дигар?

Ҳама аз таърих дар хотир дорем, ки ташкилоти экстремистиву террористии «ҲНИ» ҳанӯз 30 сол пеш зидди миллати тоҷик мубориза бурда, ҳадафи асосии фаъолияти онҳо аз байн бурдани давлатдорӣ, арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва миллии тоҷикон буд.

Нуқтаи кутоҳи идеологияи ҳизби терорристии наҳзат формулаи чунин дорад: “Нест кардани миллати куҳанбунёди тоҷик”. Барои расидан ба мақсади нопоки худ, созмони ифротиву-террористии Ҳизби наҳзат дар 30 сол ҳазорҳо ашхоси равшанфикру фарҳангӣ, олиму шоир ва сиёсатмадорону варзишгарони тоҷикро ба қатл расонидаанд. Ин ҳақиати таърихӣ аст, ки таърихномаҳо онро дар худ ҳифз кардаанд.

Сабаби аслии аз тарафи наҳзатиёни экстремист мавриди ҳамла қарор гирифтани блогери тоҷик дар он аст, ки «блогери тоҷик бо номи “Борода тҷ” тақрибан як моҳ қабл аз Олмон ба Тоҷикистон омада, дар кишвари азизи мо таассуроти наверо оиди зебоӣ ва рушди бепоёни Тоҷикистон бардошта, маводеро омода менамояд. 

Пас аз бозгашт ба Олмон навореро дар бораи Тоҷикистон тавсиф намуда, онро паҳн менамояд. Аз дидани ин ҳолат наҳзатиёни пали два касиф нороҳат гардида, сарбозони хунхори худ, бо номи Сулаймон ва Абдураҳмон 09-ро барои қатли ин блогер равона мекунанд.

Навори омода намудаи блогери тоҷик сабаб гардид, ки наҳзатиёни террорист ба “Борода тҷ” ҳамла намуда, ӯро латукуб ва ҳадафи тир қарор диҳанд.

Амали анҷомдодаи наҳзатиён, шаҳодати баръало аз он медиҳад, ки имрӯз онҳо дар Аврупо ба таҳқиру қатли тоҷикон гузаштаанд. Ҳар нафаре, ки аз ободии Тоҷикистон ва рушду инкишофи кишвар сухан мекунад аз ҷониби аъзоёни ташкилоти терористии «Ҳизби наҳзати исломӣ» мавриди ҳамла қарор мегирад. Як нуқтаро бояд қайд кард,  ки аъзоёни ҷавони ин ташкилоти ифротӣ дар руҳияи бераҳми ба ҷаҳолат тарбия ёфтаанд.

Онҳо ҳатто ба наздикону рафиқони худ раҳме надоранд. Масалан, Абдураҳмон 09 фарде, ки модараш ӯро борҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ даъват кард, ки аз роҳи ғалаташ баргардад. Аммо Абдураҳмон 09-и наҳзатӣ ба муқобили суханони модараш баромада, зидди модару ватани худ ҷанг эълон намудааст. Навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳнгардида низ гувоҳ аст, ки бачаҳои наҳзатӣ Сулаймон ва Абдураҳмон-09 сирф амали террористиро анҷом медиҳанд.

Чӣ тавре, дар навор худи наҳзатиҳо мегуянд: “Ака дар пояш парон, мо иҷозат дорем”, “Ака инро куштан даркор...”. Аз инҷо бармеояд, ки ин афрод кӣ ҳастанд ва чӣ қадар мақсадҳои нопок нисбати кишвари худ ва шаҳрвандони Тоҷикистон доранд.

Ин амали анҷомдодаи наҳзатиёни ифротӣ зарба задан ба блогер набуда, мақсади асоси ва ниҳоии онҳо ин зарба задан ба миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон аст.

Аъзоёни ТЭТ «ҲНИ» бояд ҳамавақт дар хотир нигоҳ доранд, ки имрӯз ҳеҷ як ташкилоти экстремистӣ ва гуруҳҳои тундрав наметавонанд ба ҳадафҳои нопоки худ даст ёбанд, чунки дар Ҷумҳурии азизи мо Ваҳдату якдилии миллӣ доимо пойдор ҳаст.

П. Саодатқадамов

нафақахур, сокини н. Шуғнон

Search