Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон - ҷузъи асосии таъмини амнияти кишвар

Аз таъсиси Артиши миллии кишвар 28 сол пур мешавад. Қуввахои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Точикистон зодаи даврони Истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтааст. Вақте мо ба таърихи пайдоиши Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ назар меафканем, маълум мегардад, ки баъди пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ кишварҳои навтаъсис, алалхусус давлатҳои мустақили Осиёи Марказӣ дар заминаи биною иншооти аҳмияти ҳарбидошта, қувваҳои мусаллаҳи хешро бунёд намуданд. Дар он давра онҳо аз Артиши пурқудрати Шуравӣ техникаи мухталифи ҷангӣ ва яроқу аслиҳаи гуногунро мерос гирифтанд.

Вазъи душвори ҳарбӣ-сиёсии он солҳо имкон надод, ки Тоҷикистон аз мероси Артиши Иттиҳоди Шуравӣ бархурдор  гардад. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дивизияи тирандози 201-ум ҷойгир буд. Мутаассифона, он замон дар ҷумхурӣ  ҷанги шаҳрвандӣ  ҷараён дошт ва милликунонии он метавонист сабабгори васеъ ва тулонӣ гардидани  ин муноқиша гардад. Раванди ҳодисахои баъдӣ исбот намуд, ки дар ихтиёри Россия мондани дивизияи 201-ум, ягона роҳи ҳалли дуруст ва ҷавобгўи манфиатҳои миллии Тоҷикистон аст. Аз рўзҳои аввали таъсиси Аритиши миллӣ афсарони мо баробари сангарҳо ҷангиданд, ба танзими сохтори ташкилию штати худ машѓул шудаанд. Таҳкурсии моддӣ-техникӣ умуман вучуд надошт. Норасоӣ ба кадрҳои ҳарбӣ ва мутахассиони касбӣ дар ҳама ҷанбаҳо ҳис мешуд. Сарфи назар аз ин мушкилиҳо ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар солҳои душвори муқовимат, роҳи пур-печутоберо тай намуда, таҷриба андўхт ва ба яке аз Артишҳои касбии минтақа табдил ёфт. Бунёди Кувваҳои Мусаллаҳ кори осон набуд ва он давра ба давра сурат гирифт. Мақсади асосии давраи аввали сохтмони Артиши миллӣ ин ташкили қуввахои ҳарбие буд, ки кобилияти таъмини истиқлолият, якпорчагии хоки Ватан ва оромии ҳаёти осоиштаро дошта бошад. Ба ин максад бригада ва баталиёнҳои тирандоз таъсис ёфтанд, ки вазифаи асосии онҳо муқовимат бо қуввахои зиддидавлатӣ ва муҳофизати сохти конститутсионӣ буд. Давраи дуюм иборат аз такмили сохтори ташкилию штатӣ буда, бо таъсиси намудҳои асосӣ, ба монанди қушунҳои хушкигард, қувваҳои ҳарбӣ-хавой ва қушунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ оѓоз гардид. Дар ин давра ҳамчунин ҷузъу томҳое, ки тавонанд  мутобиқи таѓйирёбии воқеии вазъи ҳарбӣ-сиёсии минтақа амал намоянд, созмон ёфтанд. Давраи сеюми сохтмони Қувваҳои Мусаллаҳ  пас аз имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Точикистон огоз гардид. Дар ин давра вазифа ва таъиноти намудҳои амалкунандаи Қувваҳои Мусаллаҳ аз нав баррасӣ шуданд. Бо шомил гардидани силоҳбадастони собиқ мухолифини тоҷик сохтори ташкилию штатӣ таѓйир ёфт. Айни замон дар Қувваҳои Мусаллаҳ  гузаронидани ислоҳоти  ҳарбӣ идома меёбад. Намуди нави Қувваҳои Мусаллаҳ қувваҳои  зудамал бе афзоиши теъдоди умумӣ таъсис гардид. Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ муттаҳид шуданд. Чунин навгониҳо, пеш аз ҳама ба болоравии омодагии ҷангии ҳайати шахсӣ ва таҳкими қобилияти онҳо баҳри таѓйирёбии вазъияти ҳарбӣ-сиёсӣ, яъне мутобиқ сохтани аксуламали фаврӣ  равона шудаанд. Бояд зикр намуд, ки солҳои  аввали таъсисёбии Артиши миллӣ мо ба мушкилоти  нарасидани  кадрҳои  ҳарбӣ  рў ба рў шудем ва дар ин ҷода Федератсияи Россия ба мо дасти кўмак дароз кард. Аз рузҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ хизматчиёни ҳарбии мо дар макотиби олии Вазорати мудофиаи ин кишвар таълим мегиранд. Ҳоло дар макотиби гуногуни ҳарбии Россия беш аз 400 мутахассиси тоҷик дарс меомўзад. Дар бахши омўзонидани мутахассисони ҳарбӣ ба мо Ҷумҳурии Халқии  Хитой (зиёда аз 40 нафар), Ҷумҳурии Ҳиндустон (зиёда аз 60 нафар), Британияи Кабир (ҳар сол 2 нафарӣ), Канада (8 нафарӣ), Ҷумҳурии Федералии  Олмон (9 нафар), Фаронса ( 35 нафар) ва Амрико (4 нафар) ба таври  ройгон кўмак менамоянд. Бар замми ин, бо дастгирии масъулини вобастаи низомии ҷумҳуриҳои Фаронса, Ҳиндустон, Ҷумхурии Исломии Эрон, Британияи Кабир, Ҷумҳурии Федералии Олмон ва Амрико дар Донишкадаи ҳарбӣ ва литсеи ҳарбӣ синфҳои махсуси омузиши забонҳо ташкил ёфтаанд, ки тамоми харҷи таълим ва таъмиру таъмини синфхонаҳо бо асбобҳои хониш ва компютерҳо, пардохти маоши муаллимон ба зиммаи онҳост. Дар навбати худ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тайёрии кадрҳои ҳарбӣ барои  артиши навтаъсиси  Афѓонистон кўмаки бародарона расонид. Дар назди Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа 26 нафар хизматчиёни  ҳарбии ин кишвари ҳамсоя муддати 6 моҳ таҳсил кардаанд. Тамоми хароҷоти вобаста ба будубоши онҳо дар Тоҷикистон ба зиммаи мо буд. Ҳамзамон, дар Вазорати мудофиа усулҳои камхарҷу пурсамари таълими ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштаии малакаи  ҷангӣ ва обутоби ҷисмонии  аскарон амалӣ мегардад. Дар назди ҳар як қисми ҳарбӣ  марказхои  таълимӣ, майдончаҳои машқӣ амал мекунанд, ки ба омодагии ҷангии қушўнҳо ва самарабахшии машқҳои таълимию машѓулиятҳо мусоидат менамоянд. Натиҷаи омўзиш дар семинару курсҳои бозомузӣ ва такмили ихтисоси афсарон, ки ҳар сол дар дохил ва хориҷи кишвар барои такмили донишҳои назариявию амалӣ  мегузаранд, қаноатбахшанд. Ин тадбирҳо дар бахши тайёрии мутахассисони ҳарбӣ  ва такмили таҷрибаи афсарон  минбаъд низ идома меёбад. Мустаҳкам намудани рўҳияи низомии сарбозону афсарон, ҳифзи ормонҳои абадзиндаи ватандустӣ, эҳтиром ба мукаддасоти Ватан, ифтихори миллӣ, шохаи асосӣ ва муҳими корҳои тарбиявӣ дар артиш маҳсуб меёбад. Таърихи каҳрамонию шуҷоат, далерию матонати падарону бобоёни мо бар ҳар як хизматчии ҳарбӣ  дарси ибрат аст ва ташаккули хусусияти миллӣ доштани артиш, муносибати халқ ба хизмати ҳарбӣ ва эҳтироми мардуми Тоҷикистон ба заҳмати ҳарбиён таъсири нек мерасонад. Ба кисмҳои ҳарбӣ  ветеранҳои ҷангу меҳнат даъват ва бо сарбозон вохуриҳо ташкил карда мешаванд.  Бахшида ба Рузи таъсисёбии Артиши миллӣ  дар Вазорати мудофиа  баҳри баланд бардоштани омодагии ҷангӣ ва тартибу интизоми қавӣ корҳои зиёде амалӣ карда мешаванд. Айни замон ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа ба ҳайати нерўҳои ҳарбии  сулҳҷўи  байналмилалӣ  шомил нагаштаанд  ва агар лозим шавад неруҳои ҳарбии мо омода ҳастанд, ки дар ин ҳайат фаъолият намоянд.  Ҳар як давлати  соҳибистиқлол дар ҳифзи субботу амнияти худ ба Артиши миллӣ такя мекунад. Тоҷикистони соҳибистиқлол низ ҳамчунин, таърихи беш аз 20-солаи Артиши миллии ҷумхурӣ собит намуд, ки он ҳамчун такягоҳи асосии давлат ва сипари боэътимоди миллат, барои ба эътидол овардани вазъи душвори мамлакат ва пуштибонии сулҳу  субот хизматҳои  беназир намудааст.

Қобили зикр аст, ки 28 сол барои бунёди артиши тавоною озмоишдида мўҳлати кўтоҳ аст, вале давлати мо зери сарварии Асосгузори сулҳу аҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин муддат дар ин ҷодаи пуршебу фароз ба дастовардҳои назаррас ноил гаштан албатта самараи хизмати софдилонаю содиқонаи фарзандони ба ору номуси Тоҷикистони азиз аст

 28-умин солгарди таъсисёбии артиши милли давлатӣ соҳибистиқлоли  худро мардуми кишвар дар фазои орому осоишта ва дар рўҳияи баланди ватандўстӣ ифтихор аз соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ таҷлил менамоянд.

  Барои ман боиси ифтихор аст, ки ба ин муносибат ҳамаи шумо муҳофизони бо нангу номус ва далеру шуҷои Ватанро самимона табрик гуфта барои заҳмати шабонарўзиатон ба хотири ҳифзи сулҳу субот ва оромиву осоиши халқи бунёдкору созандаи тоҷик, садоқат ба Конститутсия, Сарвари давлат ва дигар муқаддасоти миллӣ изҳори сипос менамоям. Имрўз мардуми Тоҷикистон дар симои Шумо афсарону сарбозони ҷасури меҳан Ҳомиёни сулҳу оромии сарзамини аҷдодиро мебинанд ва бо шукронаи ҳаёти осоишта барои рушду ободии он софдилона машѓуланд.

Роҳбарияти давлату ҳукумати мамлакат ва мардуми Тоҷикистон хизмати мардонаи афсарону сарбозонеро, ки дар рўзҳои мудҳиштарини ба сари миллатамон омада ҷасорату далерӣ нишон додаанд, инчунин хотираи онҳоеро, ки барои оромии кишвар ва осоиши халқ ҷони худро нисор кардаанд ҳамеша қадрдони мекунанд ва пос медоранд. Ҳамзамон, бо ин лозим ба ёдоварист, ки таҳкими минбадаи пояҳои давлатдорӣ ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва буниёди ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ ба хизматчиёни ҳарбии ҳамаи ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҳиси баланди ватандустӣ, масъулиятшиноси азму иродаи қавӣ интизоми устувори ҳарбӣ, донишу маҳорати мукамали касбӣ ва зиракии доимии сиёсиро тақозо менамояд. 

Бо итминони комил изҳор менамоем, ки хизматчиёни ҳарбии кишварамон минбаъд низ рисолат ва ўҳдадориҳои худро бо рафтору интизоми намунавӣ, садоқат ба савганди ҳарбӣ адо намуда, соҳибистиқлолиятии Тоҷикистони азизамонро чун гавҳараки чашм барои насли ояндагонамон нигоҳ медоранд.

Бо ҳамин ниятҳои нек тамоми мардони шуҷоъи Ватанро бори дигар ба ифтихори санаи мубораки таъсисёбии Артиши миллӣ табрик намуда, дар фаъолияти ҳаррўзаи душвор, вале пурифтихори хизматиатон барори кор орзу менамоям.

Орумбекзода Г.

нафақахур, сокини ш.Хоруғ

Search