Аъзоёни ТЭТ «ҲНИ» дар Аврупо ба авбошӣ даст мезананд

Таърих гувоҳ аст, ки аъзоён ва пайравони ташкилоти террористии «Ҳизби наҳзати ислом» дар тарҳрезии таҳдидҳо бар зидди манфиатҳои миллии мардуми минтақа, аз ҷумла тоҷикон  даст доранд. Амали охироне, ки аз ҷониби аъзоёни ин ҳизби террористӣ содир карда шуд, боз исбот намуд, ки ҷонибдорони ҳизби мазкур дар Аврупо низ ба ифротгароиву тундгароӣ даст зада истодаанд.

Имрӯз дар давлати Олмон ҷеҳраи ифротгарою террористи хиёнаткор, ки ба ҳайси фирорӣ ва паноҳҷӯ истиқомат мекунанд, кам нестанд. Миёни онҳо дар ҳудуди ин кишвар ифротгароён рӯз то рӯз боздошт мешаванд. Чунин хиёнаткорҳо чӣ дар дохил бошанду чӣ дар хориҷ номи ҳар миллату давлатро паст мезананд. Чанд нафар аъзои ТЭТ «ҲНИ» низ аз ҳамин қабил ҳастанд.

Кормандони милитсияи давлати Олмон аз аъзоёни ТТЭ «ҲНИ» забонхат гирифтаанд, ки дигар ба ҳам наздик нашаванд, вагарна ҷазо мегиранд. Муноқиша ҳафтаи сипаришуда ба тирандозӣ бо туфанги газӣ печид, ки чанд рӯзи ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ баҳс мешавад ва пайравони ТЭТ «ҲНИ» ба нашри баёнияи хосе даст заданд.

Блогери тоҷик Музаффар Давлатов иддао кардааст, ки афроди ба ӯ ҳамлакарда пайравони ТЭТ «ҲНИ» ҳастанд ва мехостанд, ӯро бикушанд.

Бояд ёдовар шуд, ки ҳамаи ҷавонони тоҷик ба дасти нимчамуллоҳову таблиғотгарони ифротӣ афтода, ба роҳи бад мераванд. Фаҳми нодурусти дингароиҳост, ки ба муҳоҷрати корӣ рафта, гумроҳ гардида ба ифротгароён мепайванданд.

Муҳоҷири тоҷик ба Олмон бо сабаби фирорӣ будан мераванд. Ҷавонони гумроҳ бошанд ба ин подошт кӯрнамакӣ карда, рафтори хиёнаткоронаро пеш мегиранд ва террористу ифротгаро мешаванд.  Пайравони ташкилоти террористии собиқ Ҳизби наҳзати ислом барои он муҳоҷир мешаванд, ки тавассути тақаллубкориву чоплусӣ ва ифротгароӣ маблағ ба даст оранд. Ин тақаллубкорону чоплусон ҳамонҳое ҳастанд, ки дар Тоҷикистон низ ба ҳамин кор машғул буданд.

ТЭТ «ҲНИ» ва сармоягузоронаш ҳарчанд худро посдори дину оин ва шариати исломӣ мепиндоранд, вале имрӯз узви расмии ҳизб дар ифротгароӣ ба даст афтод. Аъзоёни наҳзат дар ҳар куҷое набошанд, ба номи давлат ва миллати тоҷик иснод меоваранд.

Онҳо замоне, бар зидди мардуми худ мубориза бурда, сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ гардида буданд, ҳоло бошад дар Аврупо ба ифротгароиву тундгароӣ машғуланд.

П. Саодатқадамов

сокини н.Шуғнон, нафақахур

Search