Дуруст аст, ки “гургзода гург мешавад” Муфассал дар бораи ин ки чӣ гуна фарзанди як роҳбари ТТЭ ҲНИ бо корду таппонча мусаллаҳ шуда, дар қалби Аврупо ба як ҳамватанаш ҳамла кард

“Оқибат гургзода гург шавад” як масали оддӣ нест. Гап сари бераҳмиву хунхории як ваҳшӣ меравад, ки аз насл ба насл ба мерос мемонад. Аз оғози таърих ҳамин тавр будааст. Аммо чӣ мешавад, агар одамӣ ба симои ин ҳайвони ваҳшӣ дарояд?

Дуруст, посухҳо ба ин суол гуногунанд, аммо яқинан, муҳтавои ҳама посухҳо ин хоҳад буд, ки агар одамӣ ба симои гург дарояд, наҳзатӣ мешавад.

“Шикор дар дили Аврупо...

Намедонам ин одам кист...

Аммо ба он чи мегӯяд, андешидан бояд...

Ҷои ун ҳайвонҳое ки бо корду пистолет омадаанд, зиндон аст.

Ҳамеша мегуфтам,боз мегӯям,ин ҷоҳилон ҳеч гоҳ одам нахоҳанд шуд...

P.S. Ва ҳар касе ки аз инҳо пуштибонӣ мекунад, яке аз ҳаминҳост...”

Ин навиштаи як шоири маъруфи тоҷик дар фейсбук баҳсҳои зиёдеро ба вуҷуд овард ва аксаран ҳамлагаронро маҳкум кардаву навиштанд, “аз тӯдаи толибонитафаккур чӣ таваққуъ мешавад дошт...” ва “сифла дар хар чое, ки хаст, сифла мемонад...”.

Касе ҳам навишт, “Як-ду видео кардан, талбандагӣ кардан, барои аппаратура сум партоен да счетмон дар таги видеохош якташ сум металбид, и травмата аппаратура мефаҳмидиян ино?”

Ва ҳам ин гуна: “Шумо дар Аврупо радикалии худро нишон медиҳед, боз мо ҳизби мӯътадил гуфта мегардед дар конфронсу созмонҳо”.

Дигаре гуфт: “Буққа шудан аку. Қаблан бо роҳи тролбози ва фейсбук ҳамватанонро террору таҳдид мекарданд, чун илоҷи берун рафтан аз кампҳоро надоштанд . Ҳоло кордашон болои равган, ҷайбҳо пули евро мошин зери по...”

Каси дигар навишт: “Ишкамҳояшон бӯйи нонро ҳис кард диге маст шуданд хона ройгон, боғча, 320евро пул...”

Ва шарҳҳои дигар:

“Молодое поколение религиозного сегмента оппозиции Таджикистана, которая в основном получает беженство на территории Европы, покусилась на жизнь блогера, который критиковал их. Приехали в два часа ночи, стреляли из травмата 7 раз, махали ножом, избивали. 8 человек на одного. Полиция их задержала уже по дороге, когда они попытались скрыться. Вот так “горегерои нации” пытаются нас представить или подставить в Европе. В своих эфирах они говорят о чести и мужестве. Получив убежище в Европе, они продолжают в своих видео говорить о европейцах с высока, называя их кяфирами, тоесть неверующими. Они простому народу чуть ли рай на земле не обещают. Дожили((( По ходу смерть ребенка, который на совести сына их предводителя их ничему не научила. Срок ведь давали условный. Думают, что и в Европе им все с рук сойдет. Вот истинное лицо этих лжецов, которые говорят от имени Бога и выносят вердикты людям, распределяя им рай и ад. Когда ценности смешиваются с интересами и властолюбием, то ценности скорее искажаются и гниют. Увы, у этих людей есть свои последователи”.

“Насли ҷавони оппозицияе, ки ҷониби ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон буд, дар Аврупо ба ҷони нафаре, ки танқидашон карда аст, сӯиқасд кардаанд. Инҳо дар Аврупо низ моро беобрӯ карданианд. Воқеан ба номи Ислому ба коми худ?”

“Это даже не дикость средневековая, а полное бесстыдство. И верно заметили- ни чести, ни достоинства, ни благородства. Им такие черты характера и чувства не присущи”.

“Шерҳое ки дар ҷангалҳои холи

Шикор мекунанд

Хдо бгиратон аку

Кирмҷигарҳои шарманда”

“Самое обидное, что такие люди прикрываются религией. Не правильно выставляя Ислам”.

“Крутые только за экранами. А на деле трусы! Плюют в колодец, из которого воду пьют”.

“Политические проститутки”

“Для них европейцы кяфиры, а живут за счёт пособий, которые платять законопослушные налогоплательщики этих стран”...

Ин ҷо гап сари наҳзатиҳо – ҳамон гургҳои хунхор меравад. Мухотаби ин ҳама шарҳҳо маҳз ҳамин наҳзатиҳоянд ва бо айби худашон.

Ҳодисае, ки охири ҳафтаи гузашта дар қалби Аврупо – Олмон рӯй дод, ин иддаоро бори дигар собит кард. Як гургзодаи баъди хиёнат ба Ватан аз Тоҷикистон фироркарда дар ҳамин кишвари пешрафтатарини Аврупову ҷаҳон бо корду таппонча мусаллаҳ шуда, як тоҷики дигарро ҳадаф қарор дод. Нақшаи қатли ин тоҷикистонӣ, ки ҳамин гургзода кашида буд ва мехост дар соати 2-и шаб амалӣ кунад, амалӣ нашуд, балки худи ӯро полис дастгир кард ва ҳоло ба суолҳои муфаттишон посух мегӯяд.

Аммо ин гургзодаи мегуфтаамон фарзанди як роҳбар ва қумандони Ташкилоти террористиву экстремистии ҳизби наҳзат аст. Нафаре, ки дар гузаштаи начандон дур дар даст силоҳ мардуми хунро сар мебурид, синаи занони тоҷикро чок мекард, ҷавонони тоҷикро бо бераҳмии тасаввурношуданӣ қатл ва духтаронашро таҷовуз мекард. Ҳамин наҳзатӣ ҳоло дар Олмон истода, дам аз ҳуқуқи инсон мезанаду ба қавли ин блогер, “бисмиллоҳ”-у “аузибиллоҳ” гуфта, ба ҷони одамон қасд мекунад.

Мухтасар ин аст, ки блогери тоҷик дар Олмон Музаффар Давлатов, ки бо тахаллуси “Boroda TJ” шабакаи худро дорад, ҷое, ба гуфтаи худаш, Сулаймони Орзу – писари Абдукарми Орзу - узви аршади ТТЭ ҲНИ-ро ҷое танқид кардааст. Дар посух гургзода Сулаймони Орзу блогерро таҳқиру дашному таҳдидҳое кардааст. Блогер бошад, ба гуфтаи худаш, ин гургзодаро ба вохӯрӣ ва суҳбати мардона даъват намудааст, то гапҳояшонро рӯ ба рӯ гӯянд. Аммо ин чӣ суҳбати мардона, ки гургзода бо корду таппонча мусаллаҳ шуда, ҳамроҳ бо чанд шағоли дигар (ки 7 нафар шумурда шудаанд) соати 2-и шаб ба шикори блогер рафтаанд. Ва блогер ҳам, бе андешаи ин ки чӣ пайомадҳое дорад, дар ҳамин вақти шаб ба пешвози гургзодаву ҳамроҳонаш ба кӯча баромадааст. Аммо ба ҷойи “суҳбати мардона” мавриди кордзаниву тирпарронии наҳзатӣ қарор гирифтааст.

Баъд ин ҳодиса ва аз ҷониби пулиси Олмон дастгир шудани ҳамлагарони наҳзатӣ блогер дар суҳбати видеоие айни ҳаминро гуфт:

“Тасаввур кун, ки як ҳукумат дар дасти шумоён бошаду шумоёнро танқид кунанд, чӣ кор мекунед. Барои як ҷумла танқид, ки он ҳам ба шумоён (манзур - ба ҳамлагарон) дахл надошт, бо корду таппонча мусаллаҳ шуда, маро куштанӣ омадед. “бисмиллоҳ”-у “аузибиллоҳ” гуфта амри маъруф мекунеду сӯиқасд ба куштор мекунед, бо корду бо таппонча ва тоҷики худатонро. Ҳоло он ки ман шумоёнро ба суҳбати мардона даъват карда будам, ки биёед, агар даъво доред, мардона гап мезанем”.

Аз суҳбати блогер бармеояд, ки ҳатто кушиши бо корд қатл кардани ӯ сурат гирифтааст, танҳо ин ки либоси ғафсу мустаҳкам доштаву корд асар накардааст.

Тавре дар видеоҳои нашршуда бармеояд, баъдан чандин маротиба бо таппонча ӯро парронидаанд, аммо ҷон ба саломат бурдааст.

Бино ба хабари расмии пулиси шаҳри Соест (ҷое, ки ин ҳодиса рӯй додааст), аз рӯйи ин ҳодиса 4 нафар ҳамлагарон дастгир шудаанд. Сомонаи олмонии “soester-anzeiger.de” тафсилоти ин ҳодисаро нашр карда, навишт, ҳамлагарон замоне дастгир шуданд, ки ба роҳи калони мошингард баромада, фирор мекарданд. Бино ба ин манбаъ, аз 8 нафаре, ки дар ин ҳодиса ширкат доштанд, танҳо яке аз онҳо сокини шаҳри Соест будааст (яъне, ҳамон блогер, ки ҳамлагарон ба наздаш омада буданд). Ҳафт нафари дигар (ҳамаи ҳамлагарон) аз шаҳрҳои Бергкамен, Кирспе, Гуммерсбах, Дюсселдорф ва дигар шаҳрҳои вилояти Рейн-Вестфалияи Шимолӣ ҷамъ омадаанд. Бино ба маълумоти расмии пулис, ҳамаи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.

Медонед, ки Рейн-Вестфалияи шимолӣ куҷост? Ин айнан ҳамон замин (вилоят)-и Олмон аст, ки як соли охир дар сархати ахбори матбуоти Тоҷикистон ва ҷаҳон қарор дорад ва бахусус ҳафтаҳои охир. Ва бо чӣ сарлавҳаҳои ҳангомабарангезу пурсарусадое. Соли сипаригардида он ҷо ҳадди ақал, панҷ террористи тоҷикро дастгир кардаву ҳафтаи гузашта маҳкум ба зиндон карданд. Ин панҷ нафар узви ДИИШ будаанд – ташкилоте, ки бо ТТЭ ҲНИ иртиботи қавӣ ва ҳамкории густарда дорад. Фикр мекунед, тасодуф аст, ки наҳзатиҳову диишиҳо ҳама дар Рейн-Вестфалияи шимолӣ ҷамъ омадаанд?

Ҳоло ҳама сомонаҳои марбут ба наҳзат ва ифротиҳои исломии аз Тоҷикистон фироркарда ба даҳон об гирифтаанд, чун гап сари писар як узви ин ҳизб меравад. Танҳо яке аз сомонаҳои ташкилоти террористӣ навишт, ки “як гумонбари 31-сола ба ҷониби сокини 35-солаи Соест бо туфанги холӣ тир холӣ кардааст, ки дар натиҷаи он каме осеб дидааст”. Таваҷҷуҳ кардед? Яъне, гӯё чизе нашудааст.

Ҳамин сомона хеле кӯшидааст, ки нақши наҳзату наҳзатиёнро дар ин ҳодиса нишон надиҳад, балки дидаву дониста, воқеиятро таҳриф кардаасту пайдо шудани видеои замони ҳамларо кори дасти “фейкҳои фабрикаи ҷавоб” номидааст. Ҳоло он ки комилан баръакс аст. Поинтар мехонед, ки чӣ гуна.

Хайрият аст, ки сӯиқасди кӯштор амалӣ нашудааст, аммо намефаҳмам, ин чӣ метавонад бошад, ки бо корду таппонча мусаллаҳ мешавӣ, бо маслиҳати пешакӣ, дар ҳайати як гуруҳи 7-нафара аз чанд шаҳр ҷамъ шуда, нисфи шаб ба кофтукови як ҳамватанат ба шаҳри дигар меравӣ, то ба гулӯяш корд мониву тирборонаш кунӣ.

Аммо тасаввур кунед, агар роҳбари гуруҳи мусаллаҳи ҳамлагар бачаи як узви баландмақоми ТТЭ ҲНИ неву каси дигар мебуд, чӣ мешуд.

Ин ҳодиса ба ҳамин тамом нашудааст. Ҳамлагарон бо роҳбарии писари яке аз роҳбарони ҳизби наҳзат (ки низ худ узви ҳамин ташкилоти террористӣ аст) хостаанд, ҷараёни қатли блогерро наворбардорӣ кунанд. Ва ҳам ҷараёни парронидану кушиши қатл кардани ин блогерро сабти видеоӣ кардаанд. Таваҷҷуҳ кунед, чӣ ба ёдатон меояд? Дуруст, саҳнаи қатли язидиҳо, ки ҷаллодони ДИИШ сабт кардаву ба интернет мегузоштанд, то тарсу ҳарос ба вуҷуд оранд. Ва ҳам чизе, ки солиёни охир ҳатто аз ҷониби худи ҳамин наҳзатиҳо маъмул шудааст.

Аммо медонед, ки ин Сулаймони Орзу кист? Писари як роҳбари ТТЭ ҲНИ, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ даҳҳову садҳо ҳамватани худро қатлу ғорат кардааст. Худ низ узви ҳамин ташкилоти террористӣ аст ва пайи падараш рафтааст. Ва маҳз ӯ буд, ки соли 2018 дар як ҳамоиши байналмилалӣ дар Варшава ба мошини дипломатҳои тоҷик ҳамла кард ва худро пешорӯи ҷомеаи ҷаҳон шармсор сохт. Шояд ёдатон бошад.

Аммо ҳамаи ин чӣ маънӣ дорад? Воқеан, тасаввур кунед, вақте барои як танқид (агар он ҳам бошад) даст ба қатли инсон мезананд, агар ба давлат расанд, чӣ мекунанд. Ва ҳам ёдамону ёдатон ҳаст, ки вақте дар даст силоҳ доштанд, чӣ карданд? Нодуруст аст, ки “гургзода гург мешавад”, ваҳшиву хунхор мешавад?

Фикр мекунам, мардуми Тоҷикистон воқеан, дуруст кард, ки чеҳраҳои зери ниқоби онҳоро шинохт.

Search