ДИНДОРИ ДУНЁТАЛАБ

Қариб 30 сол аст, ки афроди  бадхоҳону бадандешони зиёде талош бар он доранд, ки дар кишвари сулҳпаравару адолатхоҳ ва дорои осмони пур аз фазои Ваҳдат, фитнаи тираи кибру ѓурур ва ноадолативу разолат, ки дар тинати сиёҳи онҳо ҳукмфармо буда, наметавонанд аз ин касалии табобатнашаванда халосӣ ёбанд, дар вуљуди худ раҳму шафқат ва муҳаббату садоқатро нисбати Ватани азиз, ки хуни нофашон дар он рехтааст, кошта шавад. Ҳарчанд аз кишварҳои дур пофишорӣ намуда, хостори тирагии кишваре чун Тољикистонанд, ҳар гиз мақсаду мароми онҳо љомаи амал намепўшад. Зеро ҳар нияте ки бунёдаш бад аст ва нияти ѓаразноке дар дилаш мепарварад, ба ҳадаф расидани он амрест маҳол.

Яке аз ин афрод Муҳаммадиқболи Садриддин, ки марбути доираҳои салафимадори кишварҳои нимҷазираи араб мебошад. ба дини мубини Ислом симои сиёсӣ дода бо ин восита мехоҳад худро андар миёни мардум муаррифӣ намояд.

 «Омили аз ҳама таҳаммулнопазир  дар ин  раванд роҳандозии амалҳои террористӣ ҳам аз љониби кишварҳои алоҳида ва ҳам аз љониби гуруҳу ҳаракатҳои номатлуб махсуб мешавад, ки   ба номи  дини муқаддаси Ислом рабт дода мешаванд. Ҳол он, ки Паёмбари Ислом  фармудаанд: «Аз уммати ман  нест касе, ки байни мусулмонон тафриқаангезӣ мекунад». Онҳое, ки  ин иттиҳомро ба муқобили ислом нигаронидаанд, ѓофил аз онанд, ки дини муқаддаси илоҳӣ аз ибтидоҳи зуҳури худ ва арзишҳои баланди ҳифзи љон, мол ва эътибори инсон ҳимоят мекунанд. Кирдори Муҳаммадиқбол ва аммаслакони ӯ ҷуз талаби моли дунё нест. Онҳо доимо кӯшиш менамоянд, ки ин ё он воситро истифода карда кисаи худро пур намоянд.

Search