Хиёнаткор аз хиёнат боз намемонад

Чандест, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳуҷумҳои иттилоотии хоинони миллати тоҷик, ки дар ташкилоти террористӣ-экстремистии собиқ ҳизби наҳзати ислом аъзо мебошанд, бахусус Муҳаммадиқболи Садриддин шиддат ёфта истодааст. Муҳаммадиқболи Садриддин ҳама чизи хубу бадро бо ақли пучи худ таҳлилу танқид карда, мехоҳад назари мардумо нисбат ба фаъолияти мақомоти давлатӣ дигар сохта, бо ҳамин роҳ бори дигар миллатро ба гумроҳӣ барад. Шахсоне, ки зери сояи Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар хоинони миллат паноҳ бурдаанд, ҳеҷ вақт ғамгусори миллат набуданд. Агар мебуданд, солҳои 90-ум миллатро ба вартаи нестӣ ва давлатро дар ҳоли аз байн рафтану таслими дигарон кардан қарор намедоданд. Мо нағз медонем, ки ҷони зиёда аз 150 000 нафар аз дасти ҳамин хоинони нохалаф ба бод рафту 1,5 миллион нафар маҳз бо сабаби ҳамнҳо гуреза шуданд. Калонсолон, ки рӯзҳои сахти ба сари мардум овардаи ин қабил гурӯҳҳоро нағз дар хотир доранд ва асло ба аъзоёни ин наҳзатиҳои миллаткуш бовар нахоҳанд кард.

Имрӯз дар расонаҳои хабарӣ ва сомонаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби нафарони ҷоҳилу фосиқи ташкилоти террористӣ-экстремистии собиқ ҳизби наҳзати ислом Муҳиддин Кабирӣ, Саидюнуси Истаравшанӣ, Мирзо Салимпур, Шарофиддин Гадоев, Муҳаммадиқболи Садриддин ба Ватани зебоманзару файзбори худ, санги маломат меафкананд. Хоҷагони хориҷиашон майнаи ин тоифаро ба андозае заҳролуд кардаанд, ки дар он барои фикру андешаи солим ҷои холӣ боқи намондааст. Зоҳирашон одамӣ, вале ботинан иблис ҳастанд ва нангу номусу орият ва дигар арзишҳои олии инсони барои онҳо маъное надорад, ғайр аз садақаи хоҷагонашон.

Аз ин рӯ, ба хоинон муроҷиат карда мегуем, ки: ҳамаи шаҳрвандони ин кишвар ба иғво ва дасисаҳои Шумо дода намешаванд! Шумо ба ҷузъ таслими ин давлат ба хоҷагонатон дигар ҳадаферо пайгирӣ намекунед. Шумо ғамгусори ин миллат нестед, вагарна дар шароити пандемия, барои фавтидагон хушҳолӣ намекадед, баръакс ба хешовандонашон тасалият мегуфтед. Ҳамаи гурӯҳҳои дар хориҷӣ кишвар қарор дошта, новобаста аз номашон ҳамагӣ реша дар наҳзат доранд, аммо наҳзат даст дар генотсити миллат.

Барои ҳамин худатонро ташвиш надиҳед, то он, ки бадхоҳони миллату давлат реша дар наҳзат доранд, ин ҳама макру ҳилаҳои Шуморо мо хуб медонем ва ба гуфтаҳои пучи ягон нафари Шумо бовар нахоҳем кард!

Мо бо қатъияти том ба пешрафт ва шукуфоии хоҳем расид, зеро роҳи интихоб кардаи мо роҳи саодат ва хироад аст.

Мухбири рӯзномаи «Оинаи

 зиндагӣ» Сабзалиева Н.

Search