Филми «Хиёнат» бешарафии М. Садриддинро ошкор сохт

Ба ҳамагон маълум аст, ки тавассути шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон, чанде қабл қисми ҳафтуми филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» бо номи «Бешараф» намоиш дода шуда, парда аз руи фаъолияти ҷинояткорона ва зидиахлоқии собиқ аъзоёни ТЭТ «ҲНИ» бардошт.

Пас аз дидани ин филм ҳамаи амалҳои зишти Муҳаммадиқболи Садриддин ба бинанда ошкор гардид. Имрӯзҳо роҳбарон ва аъзоёни собиқи ТЭТ «ҲНИ» дар хориҷа истиқомат намуда, нисбати сиёсати дохилии кишвари мо, беасос сухан меронанд. Чӣ тавр шахсе ё нафаре, ки дар давраи наврасиаш аз ҷониби қумандонҳои афғон мавриди шиканҷа ва таҷовуз қарор гирифтааст, имрӯз нисбати кишвари мо сухан меронад.

Муҳаммадиқболи Садриддин дар шаҳри Бохтар (собиқ Қурғонтеппа) якчанд амволи манқул ва ғайриманқул ҷамъоварӣ намуда, ба иҷора додааст. Имрӯз вақте ба сармояи даромади ӯ нигоҳ меандозем, дар ягон корхона ва ё ширкате фаъолият накарда, ӯ ва марҳум падараш Садруддинов Қаландар ё худ мулло Қаландар аз куҷо ин қадар сармояи дунёро ҷамъ намудаанд.

Албатта, дар хотир рузҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ меояд, ки чӣ тавр дар он рузҳо наҳзатиҳои қаторӣ дар бо обу бурдаи нони қоқ рӯзи худро мегузарониданд, мулло Қаландар бо ҳамроҳии дигар роҳбарони ТЭТ «ҲНИ» ба ҷамъоварии маблағҳои «ҳангуфт» аз хоҷагони хориҷиашон  машғул буданд. Дар он шабу руз мардуми оддӣ дар фикри молу амвол набуда, танҳо мехост ҷони худро ба соломат барад. Вале роҳбарони наҳзатӣ маблағҳои аз хоҷагонашон гирифтаро ба харидории амволи манқул ва ғайриманқул масраф  мекарданд.

Имруз низ Муҳаммадиқболе, ки дар замони наврасиаш шарафи мардии худро ба афғонҳои бахшида буд, дар оғӯши хоҷагони хориҷиаш дар давлатҳои Аврупо истиқомат намуда, нисбати сиёсати давлати навини Тоҷикистони азиз бадгуиву суханҳои бофта гуфта истодааст.

Муҳаммадиқболи Садриддин бо ҳамаслаки худ Муҳиддин Кабирӣ, ки дар кишвар барои амалҳои террористӣ дар ҷустӯчӯи байналмиллалӣ эълон карда шудааст, дар гирдиҳамоиҳои ҳамҷинсгароён иштирок намуда, ба худ ҷинси муносиби аврупои  мекобанд. Зеро онҳоро дар давраи наврасиашон дар давлати Афғонистон ба номуси мардиашон таҷовуз намудаанд.

Дар охир байте ба хотир омад, ки он чунин аст:

Кунад ҳамҷинс бо ҳамҷинс парвоз,

Кабутар бо кабутар, боз бо боз.

П. Саодатқадамов

нафақахур, сокини н. Шуғнон

Search