М.Садриддинро дар Афғонистон чун «арусак» мешиносанд

Банда пас аз намоиши филми мустанади «Бешараф» лозим донистам, ки хома ба даст гирифта оиди аз тарафи қумандони афғон таҷовуз гардидани як нафар наврас бо номи Муҳамммадиқбол чанд матлабе нависам. Ростӣ гунаҳкори асосии барои ин амали зишт падари Муҳаммадиқбол-Садруддинов Қаландар, ё мулло Қаландар аст, зеро ки ӯ барои истифодабарӣ ба афғонҳо фарзанди ноболиғи худро додааст.

Ин амал собит сохт, ки чӣ гуна саркардагони ТЭТ «ҲНИ» дар замони ҷанги шаҳрвандии 1992-1997 даст ба кирдорҳои зишт зада, нарасон ва гурезагони бесарпаноҳро бо баҳонаи гирифтани таълимоти ғайрирасмии динӣ ба кишварҳои Исломӣ мефиристоданд. Дар асл бошад онҳоро дар давлатҳои бегона ҳамчун «арусак» ба монанди Муҳаммадиқболи Садриддин истифода мебурданд.

Бубинед, ки имрӯз Муҳаммадиқболи Садриддини бешараф аз номи дини Ислом ҳарф мезанаду, вале дар асл чӣ амалҳои нопоку зидди ахлоқивиро анҷом додааст. Ман яқин медонам, ки имрӯз Муҳаммадиқболи Садриддин чунин амалҳои нопокро дар давлатҳои аврупо анҷом медиҳад. Зеро, дар онҷо ин кор маъмули буда, ҳамҷинсгароӣ зиддиқонунӣ нест.

Пас аз тамошои филми «Бешараф» ба хулосае омадам, ки имрӯз онхое аз номи дини мубини Ислом ҳарф мезананд, то чӣ андоза бешарафанд. Ташкилоти террористии наҳзат чӣ гуна як навраси бегуноҳро ба як инсони бешараф табдил медиҳад.

Вақте, имрӯз мо ба Муҳаммадиқболи Садриддин дар баромадҳояш назар меафканем, бо чашми худ мебинем, ки ӯ чи қадар азобу ранҷи ҷонкоҳ мекашад. Ин хислат ба таври ҳамешагӣ дар раванди кору фаъолият ва муносибати ӯ ба атрофиён то ҳанӯз таъсиргузор аст. Аз тарафи дигар одати ба малака табдилёфтаи ӯ боиси он мегардад, ки ҳеҷ гоҳ дигар аз ин вазъ даст накашад.

Ҳолати аввалияаш маълум аст, ки тавассути таҷовуз сурат мегирад, вале баъдан ин ба як амали ҳамешагии ӯ табдил меёбад, ки минбаъд дар ҳар куҷое умр ба сар барад чунин муносибат ва амалҳоро идома медихад. Пас аз оне ки Афғонистонро тарк карда ба Покистон меравад дар он ҷо низ ҳамин гуна амалҳои номатлуб ва алоқаҳои шаҳвонии хешро идома медихад. Воқеан амали шаҳвонӣ ба ӯ ҳамчун хислат одат табдил ёфта буд, ки бидуни анҷоми он наметавонист умр ба сар барад.

Пас аз ошкоршавии одатҳои бади Мухаммадикболи Садриддин, махсусан таҷовуз шудан ва ба одати ҳамешагӣ табдил ёфтани беномусиву хумориаш мехоҳад тамоми мардуми оламро мисли худ тасаввур намояд. Акнун ба савсатагуиҳои нав шуру намудаасту мехохад ҳамон одати хешро бар дигарон низ бор кунад!

П. Саодатқадамов, нафақахур, сокини н. Шуғнон

Search